Ҳузури беш аз панҷ ҳазор нафар да ду рӯзи “Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣРӯзаи дарҳои боз” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи имсол низ бо шукуҳу шаҳомати хос доир шуд. Бо вуҷуди борони резаи баҳорӣ дар нахустин соати ифтитоҳи он садҳо нафар барои вуруд ба бинои Китобхона дар навбат буданд. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона чун анъана Китобхонаи миллӣ “Рӯзи дарҳои боз”- ро баргузор кард.  Меҳмонон аз дохил ва хориҷ, хонандагону донишҷӯён то омӯзгорону шаҳрвандон ва рӯзноманигорон бо роҳнамоиии кормандони масъул бо тамоми толорҳои хониш, хидматрасонӣ, гӯшаҳои намоиши китоб, осорхонаҳо ва дигар имконоти ин макон ошно гардиданд.

Дар ҷараёни ин саёҳати маърифатӣ  меҳмонон бо истифода аз имкони фароҳамгардида тарзи истифодаи захираҳои иттилоотӣ, қоидаҳои аъзошавӣ дар Китобхона, толорҳои алоҳидаи хониш барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва толори озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”-ро боздид намуда,  маълумоти муфассал ва ҷолиб ба даст оварданд.

Кормандони масъули ин бахш ба меҳмонон инчунин роҳҳои дурусти истифодаи китобҳо, ҷустуҷӯи адабиёт ва аҳаммияти мутолиаро дар рушди шахсият шарҳ дода, меҳмононро ба саёҳати маънавӣ даъват мекарданд.

Танҳо дар рӯзи аввал беш аз 2 ҳазор нафар вориди китобхона гардид. Ин рӯҳияи тамоми кормандони Китобхонаро даҳчанд боло бардошта масъулияти онҳоро бештар мекард. Роҳбаладон меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», инчунин толорҳои муосири хониш бо имконоти беҳтарин, толори хониши электронӣ, толорҳои хониши соҳавӣ аз ҷумла тиб ва табиатшиносӣ шинос намуданд. Ҳамзамон кормандони китобхона тарзи ҷустуҷӯ ва дарёфти адабиётро аз феҳристи анъанавӣ ва толори хониш ба иштирокчиён фаҳмониданд.

Осорхонаи китобҳои нодир ва китобҳои замони истиқлол низ имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонон қарор дошт.

Фаъолони ин маъракаи муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамзамон шаҳрвандон аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кодибодом, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Хоруғ ва ноҳияҳои Сангвор, Спитамен, Деваштич, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Данғара ва дигар ноҳияҳои дурдаст дар ин рӯз ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Баъд аз анҷоми саёҳат гурӯҳе аз меҳмононе, ки бори аввал ба китобхона омада буданд, ба узвият пазируфта шуда, бо таасуроти нек ва шавқи бештар барои истифода аз имконоти фароҳами ин боргоҳи маърифатӣ баргаштанд.

Тибқи омор, дар ин ду рӯз 275 нафар меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумлаи градишгарон аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд, аз шароиту имконоти он наворбардорӣ карданд, аксҳо гирифтанд.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи дарҳои боз низ муаррифии фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик, тарғиби китобу китобхонӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан ҷавонон ба мутолиаи китоб мебошад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи маърифат ва маркази бузурги фарҳангӣ дорои фонди ғанию нодир буда, нишонаи соҳибкитобию соҳибтамаддунии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад. Кормандоне, ки ба роҳнамоии меҳмонон муваззаф гардида буданд, аз гӯшаҳои мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қисса карда, изҳор доштанд, ки ҳар яке ба чизи махсус таваҷҷуҳ дорад, як гурӯҳ ба толорҳои хониш, гурӯҳи дигар ба гӯшаҳои намоишӣ ва гурӯҳи сеюм хонандагони наврас ба шуъбаҳои хидматрасонӣ, аз ҷумла  шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон, шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон. Ҳамчунин чанде аз роҳбаладон гуфтанд, ки тибқи мушоҳидаи онҳо шуъбаи матбуоти даврӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштааст.

Толорҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Донандаи беҳтарини асарҳои пешвои миллат” низ барои аксари донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, онҳо барои истифода аз ин толорҳо барои ширкат дар озмунҳоро афзал шумурданд.

Бояд гуфт, чунин ташрифҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи завқи китобхонӣ ва рушди фикрронии мустақили хонандагон мусоидат менамояд.Ҳамчунин ҳар яке бо рӯҳияи болида ва изҳори миннатдорӣ аз ин боргоҳи илму маърифат бармегашт то биёяд ва худро бисозад.

Дар маҷмӯъ, баргузории “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба як рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ табдил ёфта, беш аз 5 ҳазор дӯстдори илму маърифатро аз гӯшаву канори кишвар ва хориҷ гирд овард. Ин ташаббус на танҳо имкони ошноӣ бо захираҳо ва шароити муосири китобхонаро фароҳам сохт, балки ба тақвияти фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби хонандагони нав низ заминаи мусоид гузошт.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.