Ҳузури даҳҳо нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рӯзи Дарҳои бози Китобхонаи миллӣ
Даҳҳо нафар аз зумраи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар субҳи имрӯз дар маросими ифтитоҳи рӯзи Дарҳои бози Китобхонаи миллӣ ширкат ва аз толорҳои хониши он дидан намуданд. Аксари онҳо кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ толорҳои барҳавову зебо, намоши китобҳои тозанашр, осорхонаи дастхатҳои Шарқ, мусаввараи бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода, ки табақаи 3-юми Китобхонаи миллиро оро медиҳад, тамошо намуда, бо хидматрасониҳои китобхона ошноии бештар пайдо намуданд.
Онҳо ҳамчунин вориди осорхонаи Дастхатҳои Шарқ шуданд ва бо китобҳои қадим, нусхаҳои қаламӣ шинос гардиданд. Роҳбаладон ба онҳо дар борои қадимитарин дастхатҳое, ки дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот доданд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ чун дигар намояндагони касбу кори гуногун алоқамандони китобанд. Ҳамарӯза мо онҳоро дар толорҳои хониш машғули мутолиа мебинем.
Зарфи ду соли охир дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» низ аз Академияи Вазорати корҳои доихилӣ ширкати фаъолона доштанд.
Гуфтанист, ки субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Дарҳои боз бо шукӯҳу ҷалол оғоз кардид ва фардо низ идома хоҳад кард.
Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.