Ваҳдат – рукни муҳимми суботу осоиштагӣ ва пешрафту созандагӣ

 

Истиқлоли давлатӣ нишони расмии давлат буда, Ваҳдати миллӣ дар он ба сифати рукни муҳимми суботу осоиштагӣ дар пешрафту созандагӣ нақши калидӣ дорад. Маҳз ваҳдату ҳамдилӣ нишонаи асоситарини бақои давлатдорӣ ба шумор меравад. Кишвареро наметавон ном гирифт, ки бидуни ваҳдату субот тараққӣ ва рушд дошта бошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди соҳибистиқлолӣ, агар ваҳдат мавҷуд набошад, заволи давлатдорӣ ва аз байн рафтани истиқлол дур нест.

Маҳз ваҳдати сартосарӣ шароит фароҳам меорад, ки на танҳо давлат рушд кунад ва мардум озодона ҳаёт ба сар баранд, балки сарватҳои табиӣ, фарҳангӣ, моддӣ, маънавӣ, ҳудудӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ шаванд. Ба маънии дигар, ваҳдати миллӣ раванди истиқлолу истиқлолятхоҳиро қудрат мебахшад.

Ҳамагон хуб медонем, ки вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст овард, даргириҳои дохилӣ аз набудани ваҳдат аланга гирифт. Ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ҳама ояндаи кишварро як тараф монда, рӯ ба қудратхоҳӣ ва ҳокимиятталабӣ оварда буданд. Андешаи сари мизи музокирот ва атрофи ваҳдати миллӣ ҷамъ омада, сарнавишти мардуми саргардонро ҳал намудан, вуҷуд надошт. Ҳамин бетарафиҳо ҷанги шаҳрвандиро замина гузошт. Кишварро вайрониҳо, ғоратгариҳо, бародаркушӣ ва якдигарбадбинӣ фаро гирифта буд. Ба ин ҳама бадбахтӣ танҳо кор гирифтан аз фарҳанги сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллӣ нуқта гузошт.

Иродаи сиёсӣ ва сиёсати ваҳдатхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ваҳдати сартосарӣ  дар кишвар таъмин шавад, нидои сулҳ баланд гардад ва шуълаи умед барои ояндаи зебо ва кишвари обод фурӯзон гардад.

Баъди харобиҳо, ки кишварро дар садади нестӣ қарор дод, фарҳанги сулҳофарии мардуми тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари тозаинтихоб имкон дод, ки баъди чандин нишастҳо, музокирот ва гуфтушунидҳои ҷонибҳои гуногун Ваҳдати миллӣ дар кишвар мақоми расмӣ ва тантанавӣ пайдо кунад.

Маҳз баъд аз тантанаи сартосарии Ваҳдати миллӣ пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ қувват пайдо карда, тамоми соҳаҳои кишвар рӯ ба зиндашвӣ ва рушд ниҳоданд.

Аз 27-уми июни соли 1997 инҷониб, баъд аз паймони сулҳу оштӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Тоҷикистони азизи мо нумуи тоза ба худ касб намуд. Инак, тайи 24 соли тантанаи Ваҳдати миллии кишвари мо машҳури офоқ гардида, сулҳ ва оромии он намунаи дигар давлатҳо шудааст.

Дар ин росто мо бояд ҳамеша, ҳар лаҳза ва ҳар сония шукри оромию ваҳдат ва ҳамдилию ҳамзистиро карда, аз корномаҳои фарзандони ҷоннисори миллат, махсусан мактаби бузурги давлатдорӣ ва сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёд  кунем.

 

 Шаҳодат ДАВЛАТОВА,

 мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.