Сулҳ бошад ҷовидон

 

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати тарбияви бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» дар мавзўи «Сулҳ бошад ҷовидон» баргузор гардид.

Сараввал маллима оид ба мавзўъ чунин ибрози андеша намуд: 27-уми июни соли 1997 рӯзи Ваҳдати миллӣ аст ва дар саросари Тоҷикистон ин рўз ҳамчун ҷашни дўстию рафоқат, ҳамдилию ҳамгароӣ, ҳамфикрию ҳаммаромӣ таҷлил мешавад.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфои Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кўшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд. Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсандӣ, якдигарфаҳмӣ падидор аст ва миллатамон дар ёдномаи таърихи тоҷикон абадан боқӣ хоҳад монд.

Сипас, муаллима бо хонандагон саволу ҷавоб намуд. Хонандагон доир ба мавзўъ шеърҳо қироат намуданд ва саҳнача бо номи «Сулҳу дўстӣ» пешкаши ҳамсолони худ гардонидан, ки ин ҷолиби диққат буд.

Фирӯза Раҳимова