Ваҳдат – саодати миллат
Ҳич муқаддасоту арзише дар гетӣ бидуни дасти хайрпарвару кори савобҷӯёнаи касе чун падидаи нек арзи вуҷуд намекунад. Дар Ваҳдати тоҷикон, ки поягузору намоду нишону нигинни зарринаш бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон, мунодии меҳану миллат, фарзонафарзанде дар шумули намунаи неки инсонсолориву некукешӣ чун Эмомалӣ Раҳмон бувад, бояд сари ифтихору эътибор аз он дошат бошем, ки ному нишони тоҷиконро шаън бахшиду шуҳраи офоқ сохт.
Ваҳдат, ки бувад басо вожаи қиммат ва низ ганҷу гуҳари бебаҳову сарват, пас андешидӣ, ки варо ёфтану сохтану пару болу ҷону ҳол бахшидан будааст соддаву осон, ки ба назару нигоҳи нохалафоне фарои марзи меҳан, нияту мақсади нопоку олудаи зиште бо чашми хунполоят сӯйи “Гавҳараки чашми зумра соҳибватанонам”, ки исмаш ҳаст Ваҳдату сулҳу амон, раво мебинӣ?. Ин сарзамини шердилону Ваҳдатофарон аст, ин зарзамин зодаи Ваҳдат аст, ин гӯшаи биҳиштвора модари Ваҳдат аст. Пас, Ваҳдат, Ваҳдат ва боз Ваҳдат!
Сарманшаъву сармояву сарчашмаи ваҳдати миллӣ чун асолати ҳастии як миллат, пойдоиву устуворӣ ва ба абадият пайвастагии он будааст, ки аз домони зояндааш, яъне ба номи поку муқаддасу мубораки фархундадиёри нозанини Тоҷикистон азиз қаробати азаливу хунӣ баргирифтаву ба пайвастагии ҷонӣ ба ҷовидонагӣ мерасад.
Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими сутунҳои пурқудрати истиқлолияту ваҳдат, обрўву иззату икроми моро миёни мардумони сайёраи сабз аз азал то абад, тариқаи муҳаббат, бо шеваи садоқату самимият ва эътирофу пос доштани дудаи хеш таъмингар будааст, ки аз даричаи дарозои таърих, аз насли дерини пешин, аз сароғози зиндагиву ҳастӣ, ҳаёту мамот, то охират рӯсурхиву сарсабзии мо тӯл дораду идома, ки ба ҷоми ваҳдат шаҳди умри дубора мебахшад.
Сарҷамъиву иттифоқ, муттаҳидӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ, шукргузор будан, муҳаббатварзӣ, инсондӯстӣ, маърифатпарварӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ҳамаро бо ин маром ба оғўши гармаш кашида, бахту саодатро ба ҷамъияти инсонӣ ато мекунад. Ваҳдат, бовиқору дилпурӣ раҳи саодат, хушбахтӣ ва пешрафтро барои одамони муттаҳид во мекунаду инсониятро некрўз мегардонад. Ваҳдат, аз баракати мардумони сарҷамъ ба содагӣ мулку меҳани хешро зеботар месозанду кулли мушкилот ҳал мешавад, дўстӣ ривоҷ меёбаду инсоният зери сояи хушбахтӣ умр ба сар мебарад. Ваҳдат, кафили сарбаландӣ, хонаободӣ, хушрӯзиву некномӣ ва хуррамии диёр аст. Ваҳдат! Оре, аз нигоҳи нахуст вожаи содаест нест, муқаддас асту меҳролуд, ки як олам муҳаббат дорад дар худ.
Ба бахту толеъи баланди мардуми тоҷик, тақдиру қисмат чӣ сон, басо осон хушбахтиро рақам задаву раво дида, ки аз вартаи гумномӣ, хештанрабоӣ, нокомиву нобудӣ моро раҳониду бо бузургиву лутфу каромати Парвардигор аз майдони торики душманӣ ба вартаи осудагиву амонӣ, ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Кӣ, кадом касе ба бунёди ҳамчун меҳани ободу озода, ба сарзамини ороставу пероста, ки имрӯз насибу рӯзии мосту аз шарофату шаъну шону шукӯҳу ҳиммату бузургии марди таърих аст бунёдаш, боварӣ чи ки, чашми умедворӣ дошт, ҳиҷ касе. Аммо, дили бузургу армонҳои андсолаи надидаву хушрӯзии начашида, ки дошт ин миллат, ба зудӣ бирасид ба саодат, ба иқболу муҳаббат, ба сапедаву ба равзанаи ободгӯшаи сабзвораи ҳасрат, ки исми муборакаш бувад Ваҳдат.
Магар, Ваҳдат, ки асолату асли ҷавҳараш будааст, аз азал муҳаббат ва ҳам рафоқату садоқат миёни басо ҷамъият, метавон онро иззат накарду ба соатеву нафасе қадрашро надонисту носипосиву шукрашро рӯзе ба ҳазорбора ба ҷо наоварду накард? Гуноҳ асту осӣ мешавем, агарчӣ ҳар гӯшаву канори дунё ҳастему агар дар дил ваҳдатсозу ваҳдатофарину хушбин нисбати ин неъмати бебаҳои Офаридгор набошем.
Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши сарвари кишвар мунодии меҳану миллат, Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боризу бузург будааст. Замоне, ки ин марди арсаи таърих ва масири ростини сиёсат ба сари қудрат омад, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард. Мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рўбарў буд. Эмомалӣ Раҳмон дар навбати нахуст бо таҳаммул ва дарки дурусту дақиқи воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рўбарў шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрўз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст. Ҷовидон бошад Ваҳдат!
Оростамоҳ Азизова, корманди
шӯъбаи нигаҳдории китоб.