Ваҳдати миллӣ – омил ва кафили бақои миллат

ВахдатСарнавишти ҳар як миллатро марҳилаҳое таъин месозанд, ки дар он иродаи халқ меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳувийяти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Барои мардуми тоҷик чунин як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз-Ваҳдати миллӣ мебошад, ки на танҳо ба хатми як ҷанги харобиовар, балки ба оғози як марҳилаи нави давлатсозӣ, субот ва рушд замина гузошт.

Дар даҳаи навадуми асри гузашта, Тоҷикистон дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ вориди як давраи буҳрони сиёсӣ гардид, ки оқибат ба низои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор муҳоҷир шуданд ва пояҳои давлатдории навтаъсис таҳти хатар қарор гирифт. Дар чунин шароити буҳронӣ як абармарде арсаи сиёсатро дар ихтиёр гирифт, ки бо суханони самимӣ, садоқат ба Ватан ва иродаи матин тавонист умед ба фардоро дубора зинда намояд. Ин шахсият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат музокироти сулҳ оғоз ёфт ва баъди чанд соли гуфтугӯҳои душвору печида, санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад на танҳо нуқтаи ниҳоӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ буд, балки замина барои эҳёи давлатдорӣ ва барқарории муносибатҳои иқтимоӣ гардид.

Дар тӯли 28 соли Ваҳдат, Тоҷикистон тавонист дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба натиҷаҳои назаррас даст ёбад. Аз ҷумла:

Дар арсаи сиёсӣ, таҳкими сохторҳои ҳокимият қабули Конститутсия, ташкили ниҳодҳои демократӣ ва таҳаммулпазирии сиёсӣ амалӣ шуд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта мешавад.

Соҳаи иҷтимоӣ шоҳиди пешравиҳои чашмгир гардид: сатҳи зиндагӣ боло рафта, мактабу бемористонҳои нав сохта шуданд, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ беҳтар гардид.

Дар бахши фарҳанг, эҳёи арзишҳои миллӣ, забон урфу одат ва дастгирии аҳли фарҳангу ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи равшани ин сиёсати фарҳангпарварист. Соҳаи варзиш низ аз таваҷҷуҳи хос бархурдор буда, даҳҳо иншооти варзишӣ бунёд гардида, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилаӣ ифтихор меофаранд.

Ҳамаи ин пешравиҳо собит месозанд, ки Ваҳдати миллӣ танҳо шиор нест, балки заминаи воқеии рушди устувори кишвар ва шарти бақои миллат мебошад. Тоҷикистони аз шароити як кишвари ҷангзада ба давлате табдил ёфт, ки дар сулҳ, субот ва ваҳдат ҳукмфармо мебошад.

Дар ҳақиқат, ҳифзи ваҳдати миллӣ рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоқикистон аст. чунон ки таҷрибаи таърихӣ нишон дод, танҳо дар фазои якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миллат метавонад рушд кунад ва ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Нодира Боқизода,
мутахассиси шуъбаи
рисолаҳои илмӣ.