Як китоб аз Назрии Ҳисорӣ. “Нома аз сангари Ватан”
Китоби мазкур соли 2021 чоп шудааст ва ҳоло барои хонандагони Китобхонаи миллӣ низ дастрас аст. Дар он шеърҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки муаллиф онҳоро дар солҳои гуногун пиромуни мавзўи Меҳану меҳанпарастӣ ва миллату масоили миллӣ эҷод кардааст.
Муаллиф дар ин навиштаҳо ба манзараи мушкилоти миллӣ аз зовияҳои мухталиф, аз ҷумла равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва фалсафаи таърих нигариста, кўшишидааст, ки авомили ин мушкилотро шиносоиву арзёбӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро ироа кунад. Аз нигоҳи муаллиф як рисолати муҳими адабиёт ва минҷумла шеъру шоир дар ҷомеаи мо феълан зеҳниятсозии миллӣ ва дар зимн ҷомеасозист. Адабиёти миллат дар баробари дигар рисолатҳои худ бояд қабл аз ҳама эҳсоси миллиро ангеза ва тафаккури миллиро ташаккул диҳад, миллатро дар ростои ҳифзи Меҳан ва манофеи миллӣ басиҷ созад. Адиби миллат низ аслан бояд ба ҳамин нуқта тамаркуз кунад.
Аз ин аст, ки хатти машйи андешаи муаллиф дар ин асар маҳз ба ҳамин нуқта нигаронида шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла навиштааст:
Ин китоби тоза, ки шоир Назрӣ Асадзодаи Ҳисорӣ бо унвони «Нома аз сангари Ватан» манзури хонандагон кардааст, бо доштани ҳадафу ормони мушаххас, ҷаҳонбинии фарох ва меҳвари эътиқодӣ дар назми имрўзи мо мумтоз аст.
Шоир дар як дубайтии худ хитоб мекунад:
Аё ҳаммилату ҳаммеҳани ман,
Туӣ як пораи ҷону тани ман.
Маро бас ҳақ бувад бар гардани ту,
Туро бас ҳақ бувад бар гардани ман.
Ва дар рубоие гуфта:
Ҳар замзамаи рўди Ватан оҳангест,
Ҳар санги лаби ҷўи Ватан аврангест.
Чун сангари мардони мубориз бошад,
Ҳар ҷо, ки ба кӯҳсори Ватан харсангест.
Албатта, бояд зикр кард, ки маҷмўаи манзур мунтахабе ҳадафмандона аз кулли ашъори Назрии Ҳисорӣ аст, ки то кунун дар давоми чандин соли фаъолияти шоирии худ иншо кардааст. Он маҷмўаест мавзўӣ ва мавзўи он Меҳану меҳанпарастӣ ва арзёбии масоили миллист. Аммо муҳимтар он аст, ки интихоби чунин ашъоре аз миёни куллиёти ашъори Назрӣ Асадзода, як кори такаллуфиву тасаннуъӣ ва ба иборати дигар созу пардоз ё сохтакорӣ нест, балки як навъ хулоса ва талхиси тамоми эҷодиёти Назрӣ Асдзода ҳам дар бахши шеър ва ҳам мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавии ў мебошад, ки дар ҳамин мавзўъ таълиф шудаанд.
Яъне муаллифи ин маҷмўа дар мавзўи арзишҳои миллӣ, ҳувийяти миллӣ, масъалаҳои марбут ба равоншиносии иҷтимоӣ пайваста ба таҳқиқоти илмӣ низ маш-ул буда, дар ин мавзўъ даст ба таълифи рисолаи илмӣ задааст.
Аз ин ҷост, ки бо итминон метавон гуфт аз аҳли асли ин навъ андешаҳо ва суханҳост ва аз ин рў дар ашъораш сабки андеша ва гуфтори шоирони огоҳу андешаварзи муборизе чун Абулқосим Лоҳутӣ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба равшанӣ эҳсос мешавад.
Зарина ЗИЁВУДДИНОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.