Як маълумоти энсиклопедӣ дар бораи ду Ғубор

Ғубор Мирғулом Муҳаммад соли 1895 дар шаҳри Кобул таваллуд ёфтааст. Таърихнигор, ходими ҷамъиятию сиёсӣ, яке аз пешвоёни ҷунбиши демократии Афғонистон буд.

Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш, ки шахси бомаърифат ва ходими намоёни дарбори амирони Афғонистон – Абдураҳмонхон ва Ҳабибуллохон буд, фаро гирифтааст. Аз ҷавонӣ ба осору афкори маърифатпарварон Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ (Афғонӣ), Файзмуҳаммади Ҳазора, Маҳмуди Тарзӣ ва дигарон ошноӣ пайдо намуда, ба ҷунбиши ҷавонафғонҳо пайваст. Забонҳои пашту, урду,ҳиндӣ, англисӣ ва фаронсавиро медонист.

 Баъди ба сари қудрат омадани Амонуллоҳхон (феврали 1919) Ғубор дар шаҳри Ҷабалуссироҷ бо табъу нашри ҳафтаномаи «Ситораи афғон» пардохт (аз ноябри соли 1920). Баъди интиқоди ҳукумат рўзнома дар миёнаҳои соли 1921 баста шуд. Аз соли 1921 Ғубор дар идораи полис ба фаъолият шурўъ намуда, узви комиссияи  давлатии даъват ба сафи артиш дар Ҳирот таъйин гардид.

Солҳои 1922–24 ноиби президенти ширкати тиҷоратии давлатии «Амония» ва ҳамзамон намояндаи тиҷоратии Афғонистон дар Маскав буд. Солҳои 1924–28 вакили мардуми Кобул дар Луи Ҷиргаи Афғонистон буда, ба намояндагии «ҷавонафғонҳо» барномаи ислоҳоти ҳукуматро интиқод намуд.

Солҳои 1925–27 ба ҳайси намояндаи Афғонистон дар Фаронса фаъолият дошт. Баъди ба қудрат расидани генерал Муҳаммад Нодиршоҳ (1929) Ғубор муншии сафорати Афғонистон дар Олмон таъйин гардид.

Соли 1931 «Анҷумани адабии Кобул» таъсис ёфт, ки Ғубор ба узвияти анҷуман даромада, дар нашрияи «Кобул» як силсила мақолаҳо чоп кард. Соли 1930 ба Кобул даъват ва дере нагузашта ҳамчун шахси хатарнок ҳабс гардид. Ўро ибтидо ба қатл ҳукм карданд, аммо ин ҳукм ба ҳабси дарозмуддат  иваз гардида, аз Кобул ба Қандаҳор бадарға шуд. Дар он ҷо рисолаи таърихии «Аҳмадшоҳбобо»- ро навишт.

Соли 1942 ба Кобул баргашт ва ба узвияти «Анҷумани таърих» даромад. Соли 1949 дар интихоботи давраи 7-уми Маҷлиси миллии Афғонистон намояндаи мардуми Кобул интихоб гардид. Моҳи январи 1951 дар Кобул ҳизби «Ватан»- ро таъсис намуд ва ба нашри рўзномаи «Ватан» пардохт.

Соли 1952 боз ҳабс гардид. Аз соли 1960 аз корҳои давлатӣ канорагирӣ карда, ба кори таҳқиқу таълиф пардохт. 11 феврали 1977 баъд аз ҷарроҳии меъда дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз олам даргузашт ва дар гўристони «Шуҳадои солеҳин»- и Кобул ба хок супурда шуд.

 Ғубор яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ ва илмию адабии Афғонистон буда, дар омўзиши таърихи он нақши бузург гузоштааст. Машҳуртарин асари таърихии ў “Афғонистон дар масири таърих» мебошад, ки таърихи Афғонистонро аз давраҳои қадим то соли 1928 дар бар мегирад. Ин асари пурарзиш борҳо дар Кобул, Теҳрон, Амрико ва Аврупо чоп шуда, қисми ниҳоии он ба забони русӣ тарҷума ва нашр гаштаанд. Асару рисолаҳои дигари Ғубор «Афғонистон ва нигоҳе ба таърихи он» (1932), «Аҳмадшоҳбобои афғон» (1943), «Хуросон» (1947), «Афғонистон дар як назар» (1947), “Афғонистон: аз зуҳури ислом то фурўпошии давлати Тоҳириён» (1947), «Таърихи адабиёти дарии Афғонистон дар қуруни ахир» (1952), «Мамолики шарқ», «Амирони Афғонистон», «Чингизхон», «Таъсири асорати арабҳо ва ислом дар Афғонистон» ва ғайра мебошанд.

Манбаъ: Энсиклопедияи милли тоҷик.

Муаллиф Қ.Расулиён

  Ғубор

        Ғубор Мулломуҳаммадиброҳими Балхӣ шоири тоҷик. Дар зодгоҳаш Балх мадрасаро хатм карда, сипас бо даъвати Абдулазизхони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1645-74) ба Бухоро омадааст. Дар хидмати дарбор буд ва Абдулазизхон ба ў илтифот дошт. Сипас ба Ҳиндустон сафар карда, бо шоирону донишмандони он ҷо мусоҳиб шудааст.

Ба Бухоро баргашта, бо амри Абдулазизхон чанд муддат дар мадрасаҳои  Самарқанду Бухоро ба тадрис машғул шуд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ рисолаҳои илмӣ низ таълиф намудааст.

Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд. Ғубор соли 1681 дар Бухоро фавтидааст.

                     Абёти зер аз ўст:

           Бунафша гирди сараш гашту ман парешонам,

           Ки ин шикастазабон ҳарфи зулф мегўяд.

                                       ***

         Ҳамчун нигин зи номи ту пур шуд даҳони мо,

         То номи дигаре наравад бар забони мо.

         Савдои сўхтан зи сари мо намеравад,

         Чун шамъ агар сафед шавад устухони мо.

 

Муаллиф М.Низомов

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С.121.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,