Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 25-уми январ
Соли 1856 романнавис, намоишноманавис ва нависандаи фаронсавӣ Пер де Курсел дар Порис таваллуд шудааст. Осоре, ки аз ӯ боқи мондааст: “Ду кӯдак”, “Зани нӯшандаи ашкҳо”, «Фанфан» (1891), «Гарданбанди Малика» (1895), «Пас аз бахшоиш» (1907), “Хол”, «Писари дигар» ва ғайра.
Соли 1746 адиби қарни XIX-и аҳли Фаронса, нависандаи романҳои эҳсосотӣ Фелисити де Женелли ба дунё омад. Романҳои ӯ дар саросари Аврупо маъруфият пайдо карда буданд. “Рӯҳ”, “Муҳосираи Ла Рошел, ё бадбахтӣ ва виҷдон”, “Муҳоҷирони хурдсол ё номанигории кӯдакон”, “Алфонс, ё меҳрубонии модар”, “Петрарка ва Раура”, “Хонум Ментенон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1870 дар Тонони Лубнон узви академия ва нависандаи фаронсавӣ Анри (Ҳенри) Бордо таваллуд шудааст. Ӯ анъанаҳои монархизми католикиро дастгирӣ мекард. Аввалин романи ў «Сояе аз гумшуда» ном дошт, ки ҳаргиз онро мунташир накард. Аввалин асари мунташиршудаи ў «Тарс аз ҳаёт» буд, ки дар қолаби реализм навишта шудааст. Дигар осори муҳими ў иборатанд аз: «Зиндагии бебозгашт», «Куртаи пухтупаз», «Барф дар зинаҳо» ва «Бархӯрди роҳҳо».
Вай ёддоштҳои чандҷилдӣ навишт, ки баъд аз марг аз ҷониби духтараш нашр шудааст. Бердо соли 1963 дар синни 93-солагй вафот кард ва дар Когнин ба хок супурда шуд.
Соли 1874 дар Фаронса достоннавис ва намоишноманависи англис Вилям Сомерсет Моем чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар соли 1876 ҳангоме, ки падараш дар сафорати Инглистон дар Порис машғул ба кор буд, зода шуд. Соли 1927 дар ҷануби Фаронса иқом ат гузид ва то замони марг дар соли 1965 ҳамон ҷо зиндагӣ кард.
Ў яке аз пуркортарини достоннависони қарни ХХ буд ва дар замони ҳаёташ миллионҳо нусха аз достонҳо ва намоишномаҳои вай ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ба фурӯш рафтанд. Дар солҳои даҳаи 1930 ў пурдароматарин нависандаи ҷаҳон ба шумор мерафт.
Соли 1882 дар Кенсингтон Ҷанубӣ очеркнавис, романнавис, ношири англис Аделин Вирҷиния Вулф (анг. Virginia Woolf) Англия таваллуд шудааст. Падари вай Лесли Стефан олим ва хоҳараш Венесса Белл наққош буд. Вирҷиниа 2 бародар дошт, ки яке аз онҳо Боби дар Чанги якуми ҷаҳон кушта шудааст.
Осори машҳури нависанда: «Хонум Далловэй» (1925), «Ба сўи фонуси дарёӣ» (1927), «Орландо: Тарҷумаи ҳол» (1928), «Як ҳуҷраи шахсии худ» (1929), «Мавҷҳо» (1931) ва ғайраҳо мебошад.
Соли 901 сиёсатмадоршоири ҷопонӣ Сугавара-но Митидзанэ ба фитнаҳои дарборӣ муттаҳам карда шуда, ба Кюсю ба вазифаи раиси ҳукумати музофотӣ дар Дазайфу бадарға карда шуд. Сугавара-но Митидзанэ як ходими давлатӣ, олим ва шоири давраи Хэйан буд. Вай 1 – уми августи соли 845 таваллуд шуда, 26-уми марти соли 903 аз олам гузашт.
Соли 1640 дар хонаи худ воқеъ дар Коллеҷи Крист Черч, дар синни 62-солагӣ рӯҳонӣ, нависанда ва олими англис, муаллифи эссеи энсиклопедии «Анатомияи меланхолия» Роберт Бертон вафот кард. «Анатомияи меланхолия» асари бузурги Бертон аст, ки бори аввал соли 1621 бо тахаллуси Демокритуси ҷавон нашр шудааст.
Аввалин асари ҷолиби Бертон мазҳакаи «Файласуфи дурӯғин” буд, ки соли 1606 ба забони лотинӣ навишта шуда, пас аз ёздаҳ сол дар калисои Масеҳ ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1759 дар деҳаи Шотландия Аллоуэй шоири шотландӣ, фолклоршинос, муаллифи шеърҳои сершумор ба забони одии шотландӣ ва англисӣ Роберт Бернс таваллуд шудааст.
Бернс аз 15-солагӣ шеър менавишт. Достонҳои ҳаҷвии «Ду чӯпон» (1784), «Дуои авлиётарош Вилли» (1785), шеърҳои «Муши даштӣ», «Гули минои кӯҳӣ» Бёрнсро ҳамчун шоири озодандеш шуҳратманд намуданд. Мавзӯъ ва шакли асарҳои Бёрнс ба фолклор монандӣ доранд, аз ин рӯ ҳамчун сурудҳои мардумӣ пазируфта шудаанд. Бёрнс Инқилоби кабири Фаронсаро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (шеъри «Нахли озодӣ» ва ғайра). Дар сурудҳои «Макферсон пеш аз қатл» (1788), шеъри маҷозии «Ҷон — донаи гандум» (1782), балладаи «Қашшоқии бошарафона» (1794) андешаҳои пешқадами маорифпарварӣ баён карда шудаанд. Бёрнс ба Эдинбург (1786) рафт, чунки дар он ҷо шуҳрат дошт, вале қарордодҳо бо ноширон ӯро қонеъ накунонд ва ӯ дубора ба кори кишоварзӣ баргашт. Аз соли 1791 дар бандари шаҳри Дамфрис (1791) нозири аксизӣ шуд ва то лаҳзаҳои охири ҳаёт он ҷо буд.
Асари «Мунтахаботи оҳангҳои шотландӣ»-ро (1792) нашр кард. Дар ашъораш Бёрнс инсонро ҳамчун махлуқи беназир васф кардааст. Ба ашъори Бёрнс озодандешӣ, драматизми дохилӣ, салосати баёну содагии ифода хос аст. Шеърҳои Бёрнс ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд. Соли 1786 аввалин китоби Бернс бо номи «Шеърҳо, асосан бо лаҳҷаи шотландӣ» нашр шуд. Ин китобҳо низ маҳсули қалами ӯянд: «Ҷон Барлейкорн» (1782), «Талбандаҳои шодмонӣ» (1785), «Дуои Вилли муқаддас», «Ярмаркаи муқаддас» (1786).
Соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шоири тоҷик Саидҷон Ҳакимзода ба дунё омад. Соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Шеърҳои аввалинаш аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Ҷигаргӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидоӣ»(1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) ва ғайра мебошад.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе шеърҳои шоирони русу ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.Бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст.
Соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Соли 2004 аз ҷаҳон даргузашт.
Соли 1949 дар шаҳри Душанбе нависандаи кӯдакнавис ва рӯзноманигори тоҷик Тоҷинисо Султонӣ ба дунё омад. Соли 1966 мактаби миёнаи №53-ро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин шудааст. Донишгоҳро соли 1971 бомуваффақият хатм карда, моҳи июли ҳамон сол ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ба сифати мухбири шуъбаи мактабу пионерон ба кор пардохтааст ва аз ҳамон сол дар вазифаҳои мухбиру мудири шуъба, сармуҳаррири нашрияи мазкур фаъолият дошт.
Сафару мушоҳидаҳои тӯлонии журналистӣ, ҳамкории босамари эҷодӣ бо суханворони мумтози соҳа ва дарку таҳқиқи рӯзгори булъаҷаби кӯдакону наврасон авомиле гардидаанд, ки Тоҷинисо ба таълифи қиссаву ҳикояҳои воқеӣ пардозад. Ҳикояи нахустинаш «Афсона давом дорад» соли 1985 интишор ёфта, баъдан «Тағйирот», «Аҷаб савдое», «Ҷонаки ман», «Болоча», «Инсон бузург аст» ва ғ. рӯи коғаз омадаанд. Соли 2000 аввалин китобчааш «Балоча», соли 2001 маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвияш «Лӯлачаи очам» ба табъ расидаанд. Соли 2005 ҳикояҳои барои бачагони синни хурди мактабӣ навиштааш дар китобчаи «Кӯчахандонаки хонагирёнак», баъдан ҳикояҳои барои наврасон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Ҷиҳоз»-у «Ҳабиба» ба дасти чоп расидаанд.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982). Аз соли 1979 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
16 сентябри соли 2006 дар синни 57- солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2023 адабиётшинос ва эроншиноси маъруф, доктори илмҳои филология, Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи садҳо китобу мақолаҳои илмиву адабӣ Мирзо Муллоаҳмад Вай 20-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада буд. Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то барҳам хўрдани он дар соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.
Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд.
Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст.
Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад.
Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон, 2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғайра хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2010) нашр шудаанд.
Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ боре дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид.
Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд.
Узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), шӯрои дифоъи рисолаҳои доктории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғ. мебошад.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ