Як рўзи ададбиёт дар таърихи башар. 15-уми январ

Рузи адабиётСоли 1791 дар Вена шоир ва намоишноманависи аҳли Австрия Франс Грилпартсер, яке аз аввалин аъзои Академияи илмҳои императории Вена таваллуд шудааст. Соли 1864 вай шаҳрванди фахрии Вена интихоб шуд. Кори шоирро Фридрих Энгелс, Франтс Кафка, Гюго фон Гофманштал баҳои баланд додаанд.

Намоишномаҳои ӯ дар аксар мавридҳо дар толори бузурги Burgtheater воқеъ дар Вена ба саҳна гузошта мешуданд. Ӯ ҳамчунин барои м аросими ҷанозаи Людвиг фон Бетховен хитоба навишт.

aleksandr-sergeevich-griboedovСоли 1795 шоир, насрнавис, намоишноманавис, дипломат, забоншинос, муаррих, шарқшинос, пианинонавоз ва оҳангсози рус Александр Сергеевич Грибоедов дар шаҳри Маскав ба дунё омад. Шоир бо песаи худ “Дод аз дасти ақл” (1824) машҳур аст, ки то ҳол дар театрҳои Русия аксар вақт намоиш дода мешавад. Он ҳамчун манбаи ибораҳои сершумор хидмат мекард. Дар синни 6-солагӣ ӯ се забони хориҷӣ, дар ҷавониаш шаш забони хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва итолиёиро хуб медонист. Вай забонҳои лотинӣ ва юнониро хеле хуб мефаҳмид. Грибоедов дар хона таҳти роҳбарии олим-энсиклопедист И.Б.Петросилиус таълим гирифтааст.

“Ҳамсарони ҷавон”, “Донишомӯз”, “Ҳама дар хонавода”, “Дод аз дасти ақл”,  ки баъзеро дар ҳамкорӣ бо дигарон навиштааст, аз бештарин намоишномаҳои ӯ мебошанд.

Намошномаи Грибоедов “Дод аз дасти ақл” борҳо дар театрҳои Тоҷикистон низ ба саҳна гузошта шудааст.

Соли 1891 насрнавис, очеркнавис, мутарҷим ва адабиётшинос Осип Манделштам Эмилевич, яке аз бузургтарин шоирони рус дар асри ХХ дар Варшава таваллуд шудааст. “Санг”, “Табиати вожаҳо”, “Ғавғои замон”, “Дафтарҳои Москав”, “Сафар ба Амрико”, “Гуфтугӯ дар бораи Данте” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

razzo-gafforovСоли 1932 дар деҳаи Хоҷағуломи ҷамоати деҳоти Хаймари ноҳияи Самарқанд забоншиноси маъруфи тоҷик, профессор Раззоқ Ғаффоров таваллуд ёфтааст. Аввалин мақолаҳои илмию танқидию методии ӯ дар ҳамин давра ба майдон омадаанд.

Соли 1959 бо даъвати маъмурияти Интитути забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Душанбе омада, дар шуъбаи забони адабии тоҷик ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор пардохтааст.

Дар ин муассисаи собиқадори илмӣ ба тадқиқи масъалаҳои забони адабиёти бадеӣ машғул шуда, перомуни забон ва услуби навиштаҳои Раҳим Ҷалил силсилаи осори тадқиқотӣ таълиф намуда, соли 1964 сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология гардидааст.

Соли 1965 мудири шуъбаи лаҳҷашиносии институти номбурда таъин гардида, дар зарфи қариб сӣ сол (1965-1992) мудирии онро уҳдадорӣ кардааст.

Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи шевашиносӣ ва таълифи асари дастҷамъии бунёди панҷҷилдаи «Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (1989; ҳамроҳи чанд тан аз ҳамкорону шогирдонаш) сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст.

Солҳои 1989-1993 раиси Шӯрои дифоъи дисертатсияҳои докторӣ дар ҳузури Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Тоҷикистон будааст.

Соли 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ ӯро барои таҳкими шуъбаи филологияи тоҷик ба кор даъват намуда, то рӯзҳои вопасини умраш мудирии кафедраи забони тоҷикии дорулфунуни номбурдаро бар уҳда доштааст.

Соли 1986 ба дарёфти унвони профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1992 ба гирифтани унвони фахрии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» шарафёб гардидааст.

Соли 1991 узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли 2000 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.

Соли 1935 нависандаи асарҳои илмии тахаюлии амрикоӣ Роберт-Силверберг таваллуд шудааст. «Одам дар лабиринт», «Қалъаи лорд Валентин» аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯянд. Роберт-Силверберг ба дарёфти ҷоизаҳои «Небюла» ва Ҳюго ноил шудааст

Соли 1944 дар Маунт Вернон, Ню Йорк нависандаи аксарҳои тахаюлии амрикоӣ Кристофер Сташеф таваллуд шудааст.

Соли 1954 дар даҳаи Вени ноҳияи Панҷакент адиби шинохтаи тоҷик  Нурмуҳаммад Исҳоқӣ ба дунё омад.  Аз солҳои таҳсил дар мактаби миёна мақолаву лавҳаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба чоп расидаанд.  Аз соли 1984 машғули омӯзгорӣ шуда, баъдан ба ҳайси мушовири Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият бурдааст. Солҳои 2000-2010 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст.

Офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Дарди номус» (шеърҳо), «Мурдаи берун аз гӯр», «Шаҳри тиру гови пир» (роман), «Месӯзаму мегирям» (шеърҳо) ва ғайра фароҳам омадаанд. Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2007 шумораи аввалини маҷаллаи электронии «Абрҳои нав» нашр шуд.

abrori-zohirСоли 1965 дар деҳаи Ботурободи ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳозира Сарбанд) адиби маъруфи тоҷик Аброри Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович) ба олам омад. Солҳои 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 2007-2012 директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, аз соли 2012 мақоми директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои давлатӣ» кор кард.

Ҳикояву қиссаву романҳояш аз охири солҳои 80-уми асри гузашта дар нашрияҳои даврӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ» ва муассисаҳои нашоротии гуногун дар қолаби китобҳои «Дуроҳа», «Моҷарои қабр», «Таносух», «Васваса», «Пастиву баландӣ», «Мунтасир», «Душанбе», «Як рӯзи ҳаёт», «Се тасвиру се тақдир», «Ғуруби Офтоб», «Бомдоди ишқ», «Хокпайванд», «Коммунист», «Ману туву фаришта», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дар ҷилди одам», «Майдон», «Нӯхтаи нафс», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Бозгашт», «Муҷассамаи ишқ», «Муқовимат», «Охирин сайди сайёд», «Арсаи набарди гургон», «Ёри ғор», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Шикасти зулмот», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Қасидаи зери теғ», «Мусофири ҷодаи ишқ» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Муаллифи филмномаҳои бадеӣ ва мустанаде мебошад, ки тавассути киностудияи «Тоҷикфилм», ТВ «Сафина» ва Шабакаи аввали Телевизиони тоҷик таҳти номҳои «Муҷассамаи ишқ», «Хокпайванд», «Беназир», «Подош», «Гумон», «Моҷарои рӯзи ид», «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Гирдоб», «Тинат», «Асрори чашмаи заррин», «Оташи ҷанг ва парчами нанг» пешкаши тамошобинон гардидаанд.

Аълочии фарҳангу матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22 ноябри соли 2015 аз олам даргузашт.

Таҳияи Сайёра КАРИМОВА.