Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15 –уми апрел
Зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, бузургтарин донишманд ва адиби тоҷик устод Садриддин Айнист. Дар бораи ин абармард матлаби ҷудогона дар сомона коридем, ки лутфан мутолиа кунед.
145 соли Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ
Соли 1452 донишманд, наққош, муҷассамасоз, меъмор, мусиқидон, риёзидон, муҳандис, анатомист, заминшинос, нақшакаши меъморӣ ва нависандаи итолёвӣ Леонардо да Винчи ба дунё омад. Аз ҷумлаи нобиғаҳоест, ки дар ҳар соҳа, ки ном бурдем, муваффақ будааст. Фарди бениҳоят кунҷков ва халлоқ буд. Назариёти худро дар маҷмӯаи ёддоштҳое, ки аз ҳазор саҳифа бештар аст, навиштааст.
Да Винчи аввалин тарроҳи ҳавопаймо ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин мусалсал, тонки низомӣ, соате, ки чун соати да Винчи шуҳрат дорад, километршумор ва чизҳои дигарро ҳам тарроҳӣ ва ихтироъ кард.
Барҷастатарин асри наққошии Леонардо да Винчи тасвири Моно Лизо мебошад, ки бо гузашти асрҳо атрофи он гуфтугӯҳо зиёд буданд. Муаллиф онро соли 1503 оғоз кард ва соли 1507 ба итмом расонд.
Соли 1659 шоири олмонӣ Симон Дах аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 53 сол дошт.
Соли 1765 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 53-солагӣ нависанда ва донишманди аҳли Русия, донишноманавис, физикдон, кимиёшинос, асосгузори дарёнавардии илмӣ ва кимиёи физикӣ Михаил Василевич Ломоносов бар асри бемории варам шуш тарки олам кард. Ӯ ҷуғрофидон ҳам буду металург ҳам ва дар ситорашиносӣ мумтоз ва дар геология низ кашфиётҳо доштааст. Таборшинос, муаррих, наққош, омӯзгор… ва ғайра буд.
Соли 1856 дар Афина шоири фаронсавӣ Жан Мореас ба дунё омад. Номи аслии ӯ Иоаннес А. Пападиамантопулос буда, 15-уми апрели соли 1856 дар Афина ба дунё омадааст.
Жан Мореас писари як додрас буд. Аз соли 1875 дар Порис зист. Ӯ худро шогирди вафодори шоирони фаронсавӣ Шарл Бодлер ва Пол Верлен меномад.
Дар осораш пайравӣ ба мактаби намодгароӣ ҳисс мешавад, ҳатто муҳаққиқон мегӯянд дар асл яке аз назарияпардозони символизм буд.
Соли 1890 китоби Мореас бо номи “Мусофири пурғайрат” чоп мешавад ва баъди он эълон мекунад, ниёз аст, ки адибон ба равияҳои классикии тасвирҳои адабӣ баргарданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯро ихтирогари истилоҳи “символизим” меноманд ва дар асараш “Манифести символизм”, ки соли 1886 чоп шуда буд, ин равияро аз нигоҳи назариявӣ шарҳу эзоҳ додааст.
Баъдтар (1891) “мактаби роман”-ро поягузорӣ кард ба рӯи кор омадани асарҳо дар равияи неокласизм ва шеъри модерн сабаб шуд. Мореас даъват менамуд, ки адибон бояд ба тасвирҳои классикии адабиёти Фаронса баргарданд, ҳамон тасвирҳои нобе, ки символизм онҳоро фаромӯш кардааст.
Соли 1899 дар шаҳри Бухоро шоир, нависанда, тарҷумон ва дипломати маъруфи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ дида ба олам кушод. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон шудааст.
Аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғайра мисоли онанд. Устод Айнӣ намунаҳои ашъори Пайравро ба «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.
Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд, ки мутолиаи шеърҳои «Як қурбонии кӯчаи буржуозии Аврупо», «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон», «Ба тахтнишин», «Сарват ва меҳнат», «Мужда бод, зинда бод Ҳаштуми Март!» ин даъворо собит мегардонанд.
Муборизаи наву куҳна дар шеърҳои «Тахти хунин» (1931) ва «Манораи марг» (1932) инъикоси равшан ёфтааст.
Соли 1931 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Шукуфаи адабиёт» баъди соле «Шеърҳо»-яш чоп шудаанд. Баъдан ашъораш дар авроқи «Маҷмӯаи шеърҳо» (1934), «Ба зарбдор» (1936), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1941, 1949), «Мунтахабот» (1954), «Маҷмӯаи осор» (1962), «Девон» (1971), «Қаламам умри ҷовидони ман аст» (1989), интишор ёфтаанд.
Ҳикояи «Гуландом» намунаи беҳтарини осори мансури ӯст.
Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори «Шашпардор» интишор ёфтаанд.
«Муфаттиш»-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.
Як даста шерҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
9 июни соли 1933 аз олам даргузашт.
Соли 1932 дар деҳаи Патари ноҳияи Конибодом адиби тоҷик Зайниддин Дӯстматов таваллуд шуд.
Соли 1968 қиссаи «Ёқут»-ро навишта, соҳиби шуҳрати арзандаи нависандагӣ гардидааст.
Муаллифи китобҳои «Одамон, аз гуноҳам гузаред!», «Дили беқарор», «Уқоби даштӣ», «Боғҳо», «Ситораи Мироб», «Ҳикояҳои Помир», «Ҷӯянда-ёбанда», «Рекордсмен», «Ашти Калон» ва ғайра мебошад.
Қиссаи «Шоми Ширчашма» (1975) дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» (Тошканд) чоп шудааст.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Моҳи апрели соли 2007 аз олам даргузашт.
Соли 1980 дар шаҳри Порис дар синни 74-солагӣ нависанда, намоишноманавис ва файласуфи аҳли Фаронса Жан-Пол Сартр аз олам гузашт.
Вай то охири умр ба унвони як чеҳраи саршиноси ҷаҳонӣ боқӣ монд. Хабари даргузашти ӯ ба суръат дар саросари олам паҳн шуд ва ҳудуди 50 ҳазор нафар дар Порис дар маросими хоксупориаш ширкат карданд. Ин пурҷамъияттарин маросими хоксупории як файласуф дар асри бистум буд. Аз ин назар метавон онро бо Волтер – файласуфи бузурги асри маорифпарварии Фаронса монанд кард.
Соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) шоири тоҷик Аҳлиддин Ҳисорӣ ба дунё омад. Хатмкардаи факултаи филология ва таърихи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко мебошад. Баъдан корманди Нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1980-1989), Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1989-1998) ва Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (солҳо 1998-2008) фаъолият доштааст.
Солҳои 1984-1978 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, вазифаи тарҷумониро ба ҷой овардааст.
Шеърҳояш аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Машъал», рӯзномаҳои «Педагоги ҷавон», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият» маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш», «Модарнома», «Даргоҳи падар», «Риштаборон», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд.
Муаллифи китобҳои «Ниёз» (1990), «Нӯшдору» (1995), «Шафақ» (1997), «Нафаси субҳ» (2004), «Вожаҳои ҷон» (2010), «Ватанам ифтихори ман аст» (2010) ва «Минои завқ» (2012) мебошад.
Дар таҳияи баъзе асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Насириддини Тӯсӣ, Санойии Ғазнавӣ ва диг. саҳм гузоштааст.
Дастае аз офаридаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Дорандаи медали «Хидмати шоиста» (2010).
Аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1965 дар совхози бо номи С. М. Кирови ноҳияи Вахш шоири тоҷик Давлати Раҳмониён таваллуд ёфтааст. Соли 1990 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
Аз соли 2002 то 2014 дар телевизиони тоҷик ба сифати муҳаррири варзидаи шуъбаи барномаҳои фарҳангӣ фаъолият карда, муаллиф ва барандаи барномаи маъруфи «Сайди маънӣ» буд. Баъдан фаъолиятро дар шуъбаи ИНТ дар шаҳри Ваҳдат ҳамчун сармушовир идома дод. Аз соли 2015 то ҳол дар маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» ба ҳайси котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа дорад.
Аз овони мактабхонӣ шеър эҷод мекунад. Гулчини ашъораш дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои «Растахези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007) «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), китоби «Хотираҳо ва муҳокимаҳо» (2020) ва «Дар сояи қалам» (2021) ба табъ расидаанд, ки дар анвоъи ғазал, «шеъри озод», чаҳорпора ва ғайра гуфта шудаанд.
Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон.
Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2017).
Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1975 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мунаққид, адабиётшиноси тоҷик Анзурати Маликзод таваллуд шуд. Соли 1992 мактаби таҳсилоти ҳамагонии №8 зодгоҳашро хатм карда, соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, бо ихтисоси филолог ба итмомаш расонидааст. Сипас, бо роҳхати донишгоҳ ва тавсияи раиси имтиҳони давлатӣ профессор Расул Ҳодизода, барои идомаи таҳсил ба Душанбе омада, солҳои 1998-2001 дар аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ таҳсил ва дар мавзӯи «Рӯзгору осори Абӯмансури Дақиқӣ» (2002) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Пас аз дифоъи рисолаи илмӣ муддате дар пажӯҳишгоҳи мазкур, баъдан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (2002-2009) масъулият доштааст.
Муаллифи китобу маҷмӯаҳои «Нигоҳе ба рӯзгору осори Робиаи Балхӣ» (2010), «Дарёи каронанопадид» (ашъори боқимондаи Робиаи Балхӣ, 2010), «Аз ғазали Рӯдакивор то шеъри Нимоӣ» (мунтахаби мақолаҳо; 2010) ва беш аз сад мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ мебошад.
Аз соли 2008 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорон, аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 2000 шоири тоҷик Одина Азимӣ аз олам гузашт. Вай 5 майи соли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд таваллуд шуда буд.
Баъди хатми донишкада муддате дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намуда, соле чанд дар мактабҳои ноҳияи Пролетар муаллимӣ кардааст. Аз соли 1987 то рӯзи вафоташ мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳиявии «Пролетар тонгӣ» будааст.
Бо шеърнависӣ асосан аз охири солҳои шастум оғоз намуда, аввалин сурудаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва алманахҳои «Шукуфаҳои умедбахш»-у «Модарнома» чоп шудаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ману ту» (1984), «Умеди сур» (1991), «Деҳаи мо» (1992), «Ашки сапеда» (1995), «Нигоҳи дил» (1998) ва ғайра мебошад.
Чанде аз шеърҳояш бо забонҳои булғорӣ ва ӯзбекию қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд
Таҳияи Б.Шафеъ