Як рӯи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми апрел

Як-рузи-адабиёт-26-04-2024Соли 1787 дар Тюбинген шоир, намоишноманавис, филолог ва сиёсатмадори олмонӣ, асосгузори мактаби романтизми Швабия Людвиг Уланд, чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Нахустин шеърҳои шоир соли 1806, тибқи маъхазҳои дигар – соли 1807 ба таъб расидаанд.  Аввалин маҷмуаи ашъораш дар соли 1815 нашр шуд. Оҳиста-оҳиста Уланд шӯҳрат пайдо кард ва пас аз соли 1833 маҷмӯаҳои ашъори Уланд на камтар аз як маротиба дар як сол нашр мешуданд; соли 1845 нашри 18-уми шеърҳо ва дар соли 1875 60-уми он аз чоп баромад. Пас аз соли 1819, ӯ хеле кам ба ба эҷод машғул буд, гарчанде ки асарҳои баъдӣ, масалан, «Бертран де Борн» аз беҳтаринҳо ҳисобида мешавад. Гумон меравад, ки давраи гул-гулшукуфии эҷодиёти Уланд ба солҳои 1801-1818 рост меояд. Тақрибан нисфи шеърҳои шоир танҳо пас аз марг, дар соли 1898 нашр шуданд. Сужаҳои ў, ки аз ҷиҳати шакл ба асрҳои миёна алоқаманданд, аксар вақт замони муосирро инъикос намуда, мавқеи сиёсӣ ва эҷодиёти шоирро ба ҳам мувофиқ мепайвандад. Жанри асосӣ манзума мебошад. Шеърҳои Уланд борҳо оҳанг баста шуда, аксар вақт ба сурудҳои халқӣ мубаддал мешуданд. Уланд инчунин драмаҳои таърихӣ навиштааст, ки дар онҳо зулму истибдодро маҳкум карда, эпосҳои асримиёнагиро ҳамчун замина барои ривоят истифода кардааст.

Вай дар инкишофи илми асримиёнагӣ ва фолклоршиносии олмонӣ саҳми арзанда гузошта, узви вобастаи Академияи илмҳои Вена буд.

Дар Швабия ҳамчун ходими ҷамъиятӣ барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Подшоҳии Вюртемберг низ шўҳрат пайдо кардааст. Вай се даъфа вакили ландтаги Вюртемберг интихоб шуда, ду маротиба аз иштирок дар интихобот даст кашид. Уланд ба нутқу рисолаҳои худ бар зидди подшоҳии меросӣ машҳур буд. Бо баромадҳои сиёсии худ дар ташаккули миллии олмониҳо дар асри 19 саҳм гузоштааст. Ҳамзамонон онро ҳамчун «виҷдони Олмон» ва «рўҳи хонадони мардуми немис» эътироф мекарданд.

Соли 1803 дар Глухови губернияи Чернигов нависанда Иван Григоревич Кулжинский ба олам омад. Вай солҳои 1811-1823 дар семинарияи Чернигов таҳсил карда, дараҷаи 1-ро хатм карда, ба таҳсили минбаъдаи Академияи рўҳонӣ таъин гардид. Азбаски минбаъд майли хондан надошт, бо розигии падару модараш «бо сабаби беморӣ» ба академия нарафт ва муаллими омўзишгоҳи рўҳонии ноҳияи Чернигов таъин шуд.

Сипас, муаллими калони забони лотинии гимназияи Украина-Слобода, Институти духтарони номдор ва се пансионати шахсии Харков (1829-1831) буд. Аз соли 1831 дар Донишгоҳи Харков аз адабиёти рус дарс медод. Ҳамин тавр дар муасиссаҳои гуногуни таълимӣ солҳо фаъолият кардааст.

12 май соли 1847 сахт бемор шуда ба нафақа баромад ва ба Нижин баргашт.

Бо нишони хидматҳои бенуқсон дар давоми 20 сол (22 августи 1845), ордени Анна дараҷаи 3 (23 декабри 1840) ва 2 (24 январи 1847) ва медали «Ба хотираи ҷанги солҳои 1853-1856» сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолияти адабии худро аз соли 1825 оғоз намуда, мақолаҳояшро дар маҷаллаҳои «Украина», «Леди», «Московский вестник», «Русский связь», «Маяк», «Москвитянин» нашр мекунад. Вай то дами марг бо ин кор машғул шуда, ашъор, афсонаҳо, осори таърихию адабӣ ва адабиёти таълимӣ ба табъ мерасонд. Кулжинский асарҳои «Деҳаи хурди рус» (М., 1827), «Фарқияти назми классикӣ ва романтикӣ» (Харков, 1830), «Федюша Мотавилский, романи украинӣ» (М., 1834) нашр кардааст. «Курси таърихи умумӣ» (дар 3 ҷилд, Петербург, 1859), «Ҳикояҳо аз таърихи рус» (1863), «Таърихи Лаҳистон» (1864) тартиб додааст. Дар маҷмўъ И.Г.Кулжинский зиёда аз 90 асар нашр кардааст. Якҷоя бо писараш Григорий дар шаҳри Харков маҷаллаи «Благовест»-ро (аз соли 1883) нашр кардааст.

Кулжинский моҳи марти соли 1884 дар Нежин вафот кард.

Соли 1829 дар деҳаи Даниловкаи ноҳияи Изюми вилояти Слобода нависандаи рус Григорий Данилевский, ки бо романҳои таърихии Русия дар асрҳои XVIII-XIX машҳур буд, ба олам омад.

КапнистСоли 1830 нависанда, намоишноманавис ва шоири рус Пётр Иванович Капнист ба дунё омад.

Капнист айёми бачагии худро дар Полтава гузаронда, мактаби миёнаро дар Маскав хатм кардааст. Соли 1852 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Москавро бо унвони доктори илми ҳуқуқ хатм кард. Аз соли 1863  муҳаррири маҷаллаи «Тақризи адабиёти муосир».

Капнист дар давоми умри худ хеле кам нашр кардааст. «Асарҳо»-и ӯро (дар ду ҷилд), ки духтараш соли 1901 дар Маскав чоп кард, як қатор шеърҳои лирикӣ, фоҷиаи таърихӣ дар шеъри «СанктМарс», фоҷиаи таърихии нотамом дар шеъри «Стенка Разин»- ва достони «Ҷинояткор»-ро дар бар мегирад. Онҳо дар шакли гузориши махфӣ ба император Александр II чоп шуда буданд, ки он замон ҳамчун дастур барои сензура хидмат мекарданд.

Аз оғози соли 1870 дар хориҷа ба сар мебурд (Олмон, Швейтсария, Италия, Фаронса), баъзан ба Русия сафар мекард.

П.И.Капнист муаллифи як қатор романсҳо ба шумор меравад: А.Шербачёв – «Канори баҳр, лаби баҳри пуртуфон…» (1902), Ф.Гартман – «Чавокак» ва «Абр ором шино мекунад…» (1910).

26 марти соли 1898  дар Рум  ба таври ногаҳонӣ қалбаш таппидан монд.

Соли 1841 дар Прага шоири чех Юлиус Зейер ба дунё омад. Вай пас аз хатми мактаб, ӯ ба дуредгарӣ машғул буд, аммо баъдан бо забон ва адабиёти аврупоӣ ҳамаҷониба шинос шуд. Чанд муддат дар Қрим ҳамчун омӯзгор зиндагӣ  ва фаъолият мекард.

Китоби «Шеърҳо»-и у соли 1884 ба табъ расид. Вай инчунин «Новеллаҳо» (1879 ва 1884), романҳои: «Андрей Чернишев» (1875, 1880 ва 1886, бо тарҷумаи русӣ нашр шудааст), «Дўсти хубам Мадраний» (1882) ва ғайра, инчунин асарҳои ошиқонаро ба монанди «Таърихи куҳан» (1883), «Суламит» (1885), «Ривояти Эрину» (1886), «Либушин хнев»-ро (1887) эҷод кардааст.

Пётр-Яковлевич-ЧаадаевСоли 1856 дар Маскав файласуфи рӯҳонӣ, нависанда, ходими ҷамъиятӣ, мақоланавис Пётр Чаадаев дар синни 61-солагӣ даргузашт.

Чаадаев 7 июни соли 1794 дар Москва дар оилаи ашроф таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Москав дар соли 1811, иштирокчии Ҷанги Ватании соли 1812 ва ҷангҳои хориҷии Армияи Русия солҳои 1813-1814, аъзои иттифоқи декабристии соли 1819 ва ҷамъияти шимолии соли 1821.

Чаадаев дар солҳои 1829-1831 ҳашт рисолаи «Мактубҳои фалсафӣ»-ро навишт. Нашри аввалини онҳо дар маҷаллаи «Телескоп» (1836) бо бастани маҷалла, бадарғаи муҳаррир Н.И.Надеждин ва девона эълон гардидани муаллиф анҷом ёфт. Баъди ин Чаадаевро аз чоп абадӣ манъ карданд. Вай дар очерки худ Русияро аз мавқеи бартарии Ғарби католикӣ сахт маҳкум кард. Ба ақидаи нависанда, Ғарб ба пешрафти таърихӣ ноил шудааст, ки дар тӯли садсолаҳо ваҳдати худро дар заминаи католикии аз ҷиҳати динӣ дуруст ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муассир нигоҳ доштааст. Русия масеҳияти таҳрифшударо аз Византия қабул кард ва аз таърихи ҷаҳонӣ дар канор мондааст. Фикру мулоҳизаҳои начандон беҳамтои муаллифро ҳатто баъд аз мутолиаи тамоми «Мактубҳои фалсафӣ»-и чопнашуда дарк кардан душвор буд.

Чаадаев 14 апрели соли 1856 дар Москав аз илтиҳоби шуш вафот кард.

Соли 1873 дар Санкт-Петербург шоир ва тарҷумони рус Владимир Бенедиктов дар синни 65-солагӣ даргузашт. Шоир дар оилаи мансабдор, зодаи рӯҳониёни губернияи Смоленск таваллуд шудааст.

Солҳои 1817-1821 дар гимназияи «Олонетс»-и Петрозаводск таҳсил кардааст. Владимир солҳоеро, ки дар губернияи Олонетс гузарондааст, то охири умраш дар хотир нигоҳ дошт. Ин давра дар эҷодиёти ӯ – дар шеърҳои «Ба дўстони кӯдакӣ», «Кӯл», «Боазамат», «Чашмаи гарм», «Ф.Н. Глинка» тасвир ёфтааст.

Соли 1886 шоири халқии тотор, адабиётшинос, мақоланавис ва мутарҷим Габдулло Тукай чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Габдулло Тукай асосгузори мактаби назм буда, ба забон ва адабиёти тотор заминаи мустаҳкам гузошт. Тарҷумаи ҳоли Габдулло Тукай, сарфи назар аз вафоти барвақтии шоир, ба адибони туркзабони Иттиҳоди Шуравӣ таъсири калон расонд.

Шоир дар оилаи тотори диндор ба дунё омадааст. Падараш мулло буд. Вай замоне вафот кард, ки Габдулло нав шашмоҳа буд. Дере нагузашта модаре, ки бо тифли кўчак танҳо монда буд, низ хеле барвақт аз дунё гузашт. Солҳои кӯдакии Тукай дар зодгоҳаш деҳаи Кушлавич, вилояти Қазон гузаштааст.

Габдулло дар синни чорсолагй ятим монда, дар байни парасторонаш, ки ба зуд-зуд иваз мешуданд, сарсону саргардон шуд. Писарак ғамхорӣ ва меҳрубониро хеле кам дид ва кӯдаки бениҳоят бемору лоғар ба воя мерасид, ки аксар парасторон ба ӯ маргро орзу мекарданд.

Ниҳоят ӯро оилаи тоҷири Усмоновҳо дар Уралск ба парасторӣ гирифт ва вазъият ба самти беҳтар тағйир ёфт. Дар ин ҷо ӯро барои таҳсил ба мадраса фиристоданд. Габдулло ҳангоми таҳсил худро ҳамчун шогирди хеле қобилиятнок нишон дод ва илму донишро ба зудӣ аз худ мекард.

Дар мадраса писари лаёқатманд ба синфи русӣ дохил мешавад ва дар он ҷо бо завқи зиёд ба олами адабиёти рус ворид шуд. Ўро махсусан ашъори Лермонтов ва Пушкин, ки баъдтар дар эҷодиёти Габдулло таҷассум ёфтааст, ба худ ҷалб кард.

Асарҳои классикони рус ба Тукайи ҷавон чунон таъсир расонданд, ки дар синни 16-солагӣ худаш ба эҷоди шеър  оғоз кард. Ғайр аз ин, ў ба тарҷумаи масалҳои Крилов аз русӣ ба тоторӣ саргарм шуда, ба навиштани очерку мақолаҳо дар мавзуъҳои тезутунди иҷтимоиву инқилобӣ  ва фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ машғул шуд.

Габдулло баъди хатми мадраса соли 1905 ба ҳаёти нави мустақил ворид шуд. Дере нагузашта вай ба Қазон баргашт ва дар он ҷо тасмим гирифт, ки худро пурра ба хидмати Ватан бахшад.

Асарҳои маъруфи Тукай «Сафари хурдакак», «Ҷуфти асп», «Ҷавонони тотор», «Боғча» мебошанд. Нависанда хурдтараконро ҳам фаромўш накардааст. Барои бачагон афсонаҳои «Шурале», «Даъват ба меҳнат», «Саҳифаҳои шавқовар» навиштааст.

Минбаъд эҷодиёти  Габдулло Тукай ба барномаи таълимии синфҳои  6-уми мактабҳои Қазон дохил карда шуд.

Тукай ҳамеша хоксорона зиндагӣ мекард, ки саломатии бе ин ҳам осебпазири худро ба таври назаррас заиф кард. Боре ҳам оиладор нашуда буд ва фарзанд надошт. Вай худро комилан ба хидмати халқи тотор бахшид.

Шоири ҷавон 2 апрели соли 1913 дар арафаи 27-солагиаш аз бемории сил вафот кард.

Соли 1887 шоир ва адабиётшинос Дмитрий Александрович Крючков таваллуд шуд.

Дмитрий Александрович дар мактаби Анна дар Петербург таҳсил кардааст (1895-1905). Крючков соли 1911 ба навиштани шеър шуруъ кард. Нахуст шеърҳои «Роҳи ман ҳамеша пирӯзист» (1912) ва «Гимни ояндасозон»-ро (1912) нашр кардааст. Солҳои 1912-1916 шеъру мақолаҳои Крючков дар алманахҳои футуристӣ, маҷаллаҳои «Огонёк», «Вершины», «Муҳаббат ба се афлесун», «Лукоморье», «Ватан» ба табъ расидаанд. Крючков аъзои ҷамъияти динӣ ва фалсафӣ буд. Соли 1916 ба фронт рафт. Аз соли 1919 дар нашриёти «Адабиёти ҷаҳон» кор карда, асарҳои В.Гёте, А. Гофманн, О.Шпенглер, Г.Мейринкро тарҷума кардааст.

Моҳи декабри соли 1923 ўро бо ҷурми «ташкилотчӣ ва роҳбари ҷамъиятҳои католикии Ленинград, ба ҳабс гирифтанд ва барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Моҳи январи соли 1933 озод шуда, дар Ярославл  истиқомат мекард. Моҳи августи соли 1937 бори дигар боздошт шуд ва ба қатл маҳкум гардид.

Соли 1898 дар Севиля шоири испанӣ Висенте Алейсандре ба олам омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 1977 «барои асари барҷастаи шоирона, ки мавқеи инсонро дар кайҳон ва ҷомеаи муосир инъикос мекунад ва ҳамзамон шаҳодати олиҷаноби эҳёи анъанаҳои шеъри испанӣ дар давраи миёни ҷангҳои ҷаҳонӣ» мебошад.

Алфред-ван-ВогтСоли 1912 дар Гретна нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Алфред ван Фогт барандаи Ҷоизаи ретроспективии Ҳуго ба дунё омад.

Алфред дар Канада дар оилаи муҳоҷирони Ҳолланд таваллуд шудааст. Вай соли 1939 бо нависанда Эдна Холл издивоҷ кард, ки баъдтар баъзе аз осораш дар ҳаммуаллифи бо ӯ эҷод шудааст. Худи ҳамон сол достони ӯ «Харобкори сиёҳ» дар маҷаллаи Astounding Science Fiction нашр шуд. Соли 1940 романи «Слэн» аз чоп баромад, ки ба ў шўҳрати бузург овард. Дар соли 1943 романи «Китоби Птах» нашр шуд, ки маъруфияти нависандаро зиёдтар кард. Соли 1944 оилаи ван Фогт ба Иёлоти Муттаҳида кӯчид ва дар Ҳолливуд маскан гирифт.

Соли 1951 ван Фогт романи «Дӯконҳои аслиҳаи Ишер»-ро нашр кард, ки оғози силсилаи бузурги асарҳо буд ва яке аз қуллаҳои эҷодиёти ӯ маҳсуб мешавад. Ван Фогт ҳамеша ба илм ва махсусан ба лоиҳаҳои азнавсозии миқёсан калони методиву илмӣ, аз ҷумла, асарҳои Корзибский шавқу ҳавас дошт.

20 январи соли 1975 завҷааш аз бемории саратон вафот кард. Фогт бо ҳамсари дуюмаш Лидия Бережинская низ дар Ҳолливуд зиндагӣ мекард. Дар ин давра романҳои ӯ ҳамчун асарҳои алоҳидаи мустақил таҳия ва эҷод шудаанд. Соли 1995 ба ван Фогт унвони гроссмейстери Ҷоизаи адабии Nebula оид ба адабиёти бадеӣ дода шуд.

26 январи соли 2000, Алфред ван Фогт дар Лос-Анҷелес аз бемории Алтсгеймер даргузашт.

Бернард-МаламудСоли 1914 дар Ню-Йорк нависандаи амрикоӣ Бернард Маламуд чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Бернард дар оилаи муҳоҷири яҳудӣ аз Русия ба воя расидааст. Вай мактаби Эразмусро дар Донишгоҳи Бруклин ва Колумбия хатм карда, солҳои 1940 дар мактаби шабона дарс медод. Соли 1949 дар донишгоҳи Орегон вазифа гирифт ва соли 1961 муаллими Коллеҷи Беннингтон (Вермонт) шуд ва дар он ҷо беш аз 20 сол кор кард. Аввалин романи Маламуд «Худомўз» (1952) буд, ки он дар бораи сарнавишти бейсболбоз нақл мекард, ки дар натиҷаи фасод дар варзиши Амрико ба ҳалокат мерасад. Ин асар муаллифро дарҳол машҳур кард. Маламуд дар романи минбаъдаи «Ёрдамчӣ» (1957) ва маҷмуаҳои ҳикояҳои «Чалакчаи сеҳрнок» (1958) ва «Аввал аблаҳон» (1963) ҳаёти яҳудиёни камбағали Ню-Йоркро равшан тасвир кардааст. Қаҳрамонони Маламуд «одамони оддие мебошанд, ки барои беҳтар намудани ҳаёти худ бо бадӣ мубориза мебаранд». Романи «Устод» (1966) бошад, хеле машҳур шуд ва ба ақидаи баъзеҳо яке аз муҳимтарин асарҳои адабиёти муосири Амрико ба шумор меравад. Роман дар асоси парвандаи М.Бейлис навишта шудааст. Охирин асари асосии Маламуд романи тахайюлӣ-апокалиптикии «Лутфи Худо» (1983) буд.

Соли 1916 дар Сент-Килда нависанда, намоишноманавис ва мақоланависи австралиягӣ Моррис Уэст ба олам омад.

Моррис дар Коллеҷи бародарони Кристиан, Шарқи Сент-Килда таҳсил карда, пас аз хатми Донишгоҳи Мелбурн дар соли 1937 дар Уэлси Нави Ҷанубӣ ва Тасмания ба ҳайси муаллим кор кардааст. Аз соли 1946 инҷониб зиёда аз бист роману повест, аз ҷумла повестҳои корогоҳӣ нашр кардааст. Романи «Вакили иблис» ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва барои ин ҷоизаи Ҷеймс Тейт Блэкро гирифт. Аз рўйи бисёр асарҳои ў филм ба навор гирифта шудааст: «Кафшҳои моҳигир», «Вакили иблис»  (1977), «Калтакалос» ва ғайра. Асарҳои ӯ аксар вақт ба сиёсати байналмилалӣ ва нақши калисои католикии Рум дар умури байналмилалӣ тамаркуз мекунанд. Яке аз асарҳои машҳури ӯ «Кафши моҳигир» (1963) интихоб ва мансаби Попи славяниро пешбинӣ кардааст – 15 сол пеш аз интихоби таърихии Карол Войтила ба мақоми попи Иоанн Павел II.

Соли 1946 файласуф ва нависандаи олмонӣ Герман Кейзерлинг даргузашт.

Граф Герман Александр фон Кейзерлинг (олмонӣ: Hermann Alexander Graf Keyserling) аз хонаводаи Кейзерлингҳои Балтик буд. Солҳои 1897-1902 дар донишгоҳҳои Женева, Тарту, Ҳейделберг ва Вена ва солҳои 1903–1906 дар Порис риштаҳои геология, химия ва зоологияро омӯхта, дар онҷо аввалин китоби фалсафии худ «Сохтори ҷаҳон»-ро нашр кард. Ӯ дар як қатор донишгоҳҳои Аврупо ба таҳқиқоти табиатшиносӣ машғул буд. Пас аз захмдор шудан дар дуэл ба таври мӯъҷизавӣ зинда монда, ба адабиёт ва фалсафа рӯ овард. Аз соли 1908 то соли 1917 дар мулки Рохукуле дар Эстония зиндагӣ кардааст. Солҳои 1911-12 ӯ ба сайри ҷаҳон баромад, ки дар асари машҳури худ «Рӯзномаи сайёҳии файласуф» (1919) тасвир шудааст. Солҳои 1920-1939 дар Дармштадт зиндагӣ мекард, ки дар он ҷо бо дастгирии собиқ Гертсог Эрнст Людвиг дар соли 1920 «Мактаби хирад» ва инчунин «Ҷамъияти фалсафаи озод»-ро таъсис дод.

Дар солҳои ҷанги дуйуми ҷаҳон дар болои «Китоби сарчашмаҳо» (Buch vom Ursprung) кор мекард ва онро кори асосии худ ҳисоб мекард. Аз соли 1947 дар Висбаден Ҷамъияти Кайзерлинг амал мекунад, ки аз соли 1963 маҷаллаи «Терра Нова»-ро нашр мекунад. Писараш Арнолд (1922-2005) аз издивоҷаш бо графиня Мария фон Бисмарк  низ мутафаккири намоён гардид.

Қувват-ДавлатСоли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ шоири тоҷик Қувватбек Давлат ба дунё омад.  Вай соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пардохтааст.

Соли 1977 силсилаи ашъораш бо сарсухани Бозор Собир дар «Садои Шарқ» ба чоп расидааст. Соли 1983 аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайрави дил» мунташир гаштааст.

Баъдан офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Боли самандар» (1988) ва «Шаҳри ишқ» (2002) ба чоп расидаанд. Ҳамчунин, муаллифи гулчини «Хуршедҳои гумшуда» (Теҳрон, 1999) мебошад.

Доир ба таърихи диёр ва шахсиятҳои шоистаи Масчоҳ чанд китоб, монанди «Шерони Масчоҳ» (2003), «Родмардони Палдорак» (2001), «Олиҳиммат» (2002) ва ғайра таълифу мунташир намудааст.

Ҳамчунин, муассиси рӯзномаи шахсии «Гулбонг» будааст.

Маҷмӯаи нисбатан мукаммали назму публитсистикааш соли 2012 таҳти унвони «Ҷароҳати шафақ» интишор ёфтааст.

Эҷодиёташ аз ҷониби адабиётшиносон ва мунаққидони варзида, аз ҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбаров ва Абдуманнон Насриддинов баҳои баланд гирифта, ҳамчун адиби тозагӯ ва рангинхаёл эътироф гардидааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2005 шоир ва нависандаи Парагвай Аугусто Роа Бастос вафот кард.

Аугусто Роа Бастос (испанӣ: Augusto Roa Bastos) 13 июни соли 1917 дар Асунсион, Парагвай ба олам омадааст.

Соли 1932 бо ҳамроҳии ҳамсафонаш аз мактаб гурехта, ихтиёран ба ҷанги Чака рафт ва дар фронт ҳамчун санитар хидмат кард. Соли 1945 дар Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон ба ҳайси рӯзноманигор кору зиндагӣ кардааст. Дар соли 1947 ҳамроҳи шоири парагвай Эриб Кампос, Сервера ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва репрессияҳои сиёсӣ ба Буэнос-Айрес кӯчид. Аз соли 1976 то соли 1989 пас аз суқути диктатураи Стросснер ба ватанаш баргашт.

Соли 1982 аз шаҳрвандии Парагвай маҳрум шуд ва аз соли 1983 шаҳрвандии Испанияро қабул кард.

Роа Бастос ҳамчун рўзноманигори рўзномаи «Эл Паис», ки дар Асунсон нашр мешавад фаъолияти эҷодии худро дар солҳои 1940 оғоз кардааст. Аввалин асари бузурги Роа Бастос ин маҷмуаи ҳикояҳои «Раъду барқ миёни шохаҳо» мебошад, ки соли 1953 дар Аргентина ба табъ расида буд. Романи «Писари Одам» (1960), ки баъд аз он нашр шуда буд, на танҳо эътирофи муаллифро овард, балки саҳми худро ба нашъунамои романтикаи Амрикои Лотинӣ гузошт. Сужаи роман ҷамъи ҳикояҳо мебошад ва ба шўришҳои инқилобии деҳқонони Парагвай, ки дар натиҷаи cap задани ҷанги Чака қатъ гардида буд, бахшида шудааст. Соли 1974 Роа Бастос машҳуртарин асари худ – романи зиддидиктатории «Ман, олӣ»-ро ба анҷом расонд, ки дар бораи ҳукмронии доктор Хосе Гаспар Родригес де Франсиа, диктатори олии Парагвай дар солҳои 1816-1840 нақл мекунад. Пас аз барқарор шудани диктатураи низомӣ дар Аргентина дар соли 1976 ин китоб мамнӯъ шуд ва худи нависанда ба Фаронса ҳиҷрат кард.

Сергей-СухоянСоли 2017 шоири русзабони Тоҷикистон Сергей Сухоян вафот кард. Вай 14 феврали соли 1932 дар кишвари Кубани Русия ба дунё омада буд.

Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст.

Ду маҷмӯаи ашъори Сергей Сухоян дар нашриёти «Дониш» ва «Адиб» ба чоп расидаанд. Китоби ҳикояву очеркҳои Ҳ.Файзиев «Дар ҷанг ва баъди ҷанг» («На войне и после войны», 1988), маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии А.Маҳмадшоҳ «Фиреби назар» («Обман зрения», 2001) дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

26 апрели соли 2017 вафот кард.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА