Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми март

Соли 1711 аввалин шумораи маҷаллаи англисии «Спектейтор» (анг.The Spectator) чоп шуд. Ин як маҷллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳаҷвие буд, ки  дар шаҳри Лондон аз ҷониби Ҷозеф Аддисон – нависанда ва шоири англис ва Сэр Ричард Стил – нависанда, рӯзноманигор ва сиёсатмадори ирландӣ нашр мешуд.

Ташаббускори ин нашрия Ҷозев Аддисон буд ва мехост маърифатро аз доираҳои маҳдуди мактабу китобхонаҳо бурун барад ва дар садр нишонад. Ин маҷалла на фақат хабару гузоришҳои сиёсиву фарҳангӣ нашр мекард, балки мақолаҳои басо ҷидии таҳлилӣ ҳам аз вазъи ҷомеа чоп менамуд.

“Спектейтор” қариб ҳар рӯз чоп мешуд ва танҳо дар як шаҳри Лондоyak-ruzi-tarih_01_03_2023yak-ruzi-tarih_01_03_2023н ҳамарӯза беш аз 3000 адади он ба фурӯш мерафт, ки ин ҳадди рекордӣ дониста мешуд.

Баъди манъи чопи маҷалла 555 шумораи нашршудаи онро дар ҳаҷми 7 китоб чоп карданд.

kitobhonai-millii-ispaniyaСоли 1712Китобхонаи салтанатии Испания (ҳоло Китобхонаи миллии ин кишвар) дарҳои худро ба рӯи хонандагонаш боз кард.  Он соли 1836 аз назорати подшоҳӣ хориҷ шуд ва зери назари ҳайати давлат даромад ва Китобхонаи миллӣ номида шуд.

Дар асри 19 бештари китобҳои қадимӣ ва боарзише, ки  ҳоло дар ихтиёри китобхона қарор доранд, гирдоварӣ шуданд. Ин китобҳоро бештар ё хариданд ва ё аз ҷониби шахсони алоҳида туҳфа шуданд.

Дар солҳои 1956 то 1975 навсозиҳои густардае дар дохили сохтмони мазкур анҷом шуд. Тағйироти он барои ҳифозати мавод ва беҳсозии муҳит барои коркунон ва истифодакунандагон ва ҳамчунин таъмини амнияти китобхона буд.

Соли 1757 шоир ва намоишноманавис, файласуфи барҷаста ва бонуфузи англис Эдвард Мур аз олам рафт. Вай 4-уми ноябри соли 1873 дар шаҳри Лондон ба дунё омада буд.

Табиати қазоват”, “Усули ахлоқ”, “Ахлоқ”, “Мутолеоти фалсафӣ” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

rjunoske-akutagavaСоли 1892 дар шаҳри Токио нависандаи ҷопонӣ Рюноскэ Акутагава ба дунё омад. Хатмкардаи шуъбаи забони англисии Донишгоҳи императории Токио (1916). Дар солҳои донишҷӯӣ маҷаллае бо номи «Синсите» таъсис намуд ва дар пайравии  услуби неореализм асарҳо меофарид.

Пас аз нашри нахустин ҳикояҳояш — «Дарвозаҳои Расёмон» (1917) ва «Бинӣ» шуҳратёр гардид. Баъди донишгоҳ ба тадриси забони англисӣ машғул шуд.

Акутагава дар адабиёти Ҷопон чун устоди новелланавис эътироф гардидааст.

Аз осори Акутагава китобе бо номи «Азобҳои ҷаҳаннам» бо талоши нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам тоҷикӣ тарҷума ва соли 2020 чоп шудааст.

ba-rinisoСоли 1948 дар шаҳри Панҷекати вилояти Суғд шоири тоҷик Баҳриннисо (Баҳринисо Бобомуродова) ба дунё омад. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1968). Баъдан ходими илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият»), ҷонишини сардабири маҷаллаи «Шифо», хабарнигори рӯзномаи «Дарду дармон» будааст.

Айни замон бо кори эҷодӣ машғул аст.

Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Риштаборон» (1994) ва «Барги сабз» (1987) ба табъ расидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Барфи шукуфа» (1987), «Гули сабр» (1996) ва ғайра мебошад.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1952 дар шаҳри Мехико дар синни 79 – солагӣ духтур, мунаққиди адабӣ, нависандаи ва сиёсатмадори мексикоӣ  Мориано Асуэла тарки олам кард. Мазмуни умдаи асарҳои ӯ низомиву сиёсат аст. “Арбобҳо”, “Қасос”, “Касе, ки дар зер аст”,  “Фалакзадаҳо” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Таҳияи Б.Шафеъ.