Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28-уми феврал

Соли 1983 дар шаҳри Минск нависанда, рзноманигор ва мусиқинавози белорус Тим Скоренко ба дунё омад. Вай чун нависанда асарҳои тахайюлӣ менависад, бахше аз эҷодиёташ фарогири жанри реализм аст. Муаллифи як силсила ҳикояву достонҳои таърихист. Ба илм рағбати бештар дорад, дар муассисаҳо дар мавзӯҳои техникӣ лексияҳо мехонад.

Қариб 10 сол дар самти журналистикаи илмӣ фаъолият дошт. Дар маҷаллаҳои илмӣ-таҳлилӣ бештар аз 400 мақола чоп кардааст.

Муаллифи чандин китобҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Барои китобаш: “Ихтироъ дар Русия: таърихи ихтирокориҳо дар кишвари рус аз замони Пётри 1 то Николаи II” барандаи ҷоизаи  «Просветитель» дар соли 2017 шудааст.

arkanzhela-tarabottiСоли 1652 дар Венетсия дар синни 48-солагӣ нависандаи итолёвӣ Арканжела Таработти аз олам гузашт.

Арканжела Таработти (ному насаби аслиаш – Эллана ё Елена Кассандра Баратотти) дар оилаи серфарзанди тоҷири Венетсия таваллуд шудааст. Вай дар миёни ёздаҳ фарзанд, ки шаш нафари он духтар буд, духтари калонӣ ба шумор мерафт. Бо сабаби мушкилоти молӣ, дар синни 12-солагӣ аз ҷониби волидонаш ба дайри Бенедикт Аннаи муқаддас дар Кастелло дода шуд.

Вай ҳуқуқ ва имконияти аз дохили дайр баромадан надошт ва ба шарофати дӯстону шиносонаш, ки хабарҳои дунявиро ба ӯ мегуфтанд ва китоб меоварданд, сатҳи дониши худро хеле боло бурд. Бо мурури замон доираи меҳмонон ва ташрифоварандагон васеъ гардид, нависандагон ва шоирони машҳур, аъзои Академияи номаълум (Accademia degli Incogniti), аз ҷумла Ҷованни Бусенелло, Ҷироламо Брусони, Ҷован Франческо Лоредано ва дигарон.

Бо як қатор китобҳое, ки дар онҳо аз ҳимояи занон, вазъи имрӯзаи оила, расму оин, одобу ахлоқ, муносибат ба зан ҳамчун мол, мавқеъи зертобеъ ва таҳқири онҳо дар ҷомеа, роҳибкунии иҷбории занон, бадбахтӣ ва дигар паҳлӯҳои зиндагии занон маъруф аст, ошно шуд. Вай муътақид буд, ки ҷаззобияти зан, зебоии онҳо аз ҳуқуқ ва шаъну шарафи онҳо ҷудонашаванда аст ва занон бояд дар душвортарин вазъи зиндагӣ зери ҳимоя  қарор дошта бошанд.

Асарҳои «Зулми падарон», «Дӯзахи дайрӣ», «Таҳқири зани бадбахт дар издивоҷ», «Биҳишти дайрӣ» ва «Номаҳо» (ягона асараш, ки бо номи худаш нашр шудааст) мансуби ўянд.

vyacheslav-ivanovСоли 1866 дар шаҳри Москав шоир, тарҷумон, намоишноманавис, мунаққиди адабӣ, файласуф Вячеслав Иванов таваллуд шуд. Аз намояндагони намодгароёни Русия мебошад. Аввал соле дар Донишгоҳи Москав таҳсил кард, вале соли дуюми таҳсил ба Берлин рафт ва дар донишгоҳи ҳамин шаҳр ба таҳсил идома дод.  То соли 1905 дар Аврупо монд ва дар кишварҳое чун Олмон, Фаронса, Италия, Британия зиндагӣ кард.  Аввалин китоби шеъраш соли 1903 дар хориҷ чолп шуд, аммо он мавриди таваҷҷуҳи чандоне қарор нагирифт.

Баъдан ба Русия баргашт ва дар шаҳри Санк-Петербурк зиндагӣ ихтиёр кард.

Аз инқилоти соли 1917 пуштибонӣ намекард, ҳарчанд бо ҳукумати коммунистон мушкил ҳам надошт.  Миёни солҳои 1905 то солли 1914 вай ба унвони яке аз назарияпардозони ҷунбиши намодгароӣ (символизм) шуҳрат ёфт.

Соли 1920 ба Боку рафт ва дар донишгоҳи онҷо машғул ба тадрис шуд. Соли 1924 ба Руми сафар кард ва дигар ба Русия барнагашт. Соли 1949 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Рум аз олам рафт.

Соли 1929 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда, намоишноманависи амрикоӣ Парк Годвин ба дунё омад. Вай муаллифи 14 роман, ду маҷмуаи ҳикояҳо, ду намоишнома мебошад. Се китоби дигарро бо шарикмуаллифӣ бо Марвин Кей (нависандаи амрикоӣ) навиштааст.

erik-frenk-rasselСоли 1978 дар Ливерпул дар синни 73-солагӣ нависандаи англис Эрик Фрэнк Рассел аз олам гузашт. Вай нависандаи машҳури асарҳои илмӣ-тахайюлӣ буд.

Эрик Фрэнк Рассел 6-январи соли 1905  дар Сандхурст таваллуд шудааст. Падари ӯ марди низомӣ буд, дар як академияи низомӣ ба ҳайси муаллим кор мекард, вале бо сабабҳои расмӣ гоҳ-гоҳ ба он ҷо мекӯчид, аз ин рӯ Эрик Рассел бахше аз давраи кӯдакиашро дар Миср ва Судон гузаронидааст. Дар коллеҷ ӯ химия, физика, кристаллографияро омӯхта, дар ниҳоят маълумоти муҳандисӣ гирифт. Ў мухлиси жанри тахаюлӣ буда, дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Amazing Stories» номаи як мухлиси шабеҳеро дид, ки дар ҳамсоягӣ, дар наздикии Ливерпул зиндагӣ мекунад. Пас аз вохӯрӣ онҳо як ҳикояи муштарак навиштанд ва аз ҳамон лаҳза Рассел ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Соли 1937 ӯ аввалин ҳикояи худро бо номи «Сагаи Пеликани Ғарбӣ» нашр кард.

Соли 1955 барои повести «Абракадабра» (инчунин дар тарҷумаи русии «Аламагус») мукофоти Гюгоро гирифт.

Чанд сол пеш аз маргаш бо сабабҳое, ки ба дӯстону шиносонаш ифшо намекард, Эрик Рассел навиштанро бас кард. Бойгонии шахсии Эрик Рассел ва Ҷоизаи Хюго, ки ӯ гирифтааст, ҳоло дар китобхонаи Донишгоҳи Ливерпул нигоҳ дошта мешавад.

olimhon-ismatiСоли 1958 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Масчо шоири тоҷик Олимхон Исматӣ таваллуд шуд. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе аввал муаллим, баъдан хабарнигори рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст.

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад. Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нӯш» (1988), «Чил қалам» (1990), «Кокули бом» (1991) ва ғайра чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Бӯсаи нур» (1991), «Ҳаво, рӯта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) мебошад.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Б.Шафеъ.