Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми август

adabiyotСоли 1744 дар Порту (Португалия) шоир, вакили мудофиеа ва ходими ҷамъиятии бразилӣ Томас Антониу Гонзага ба дунё омад. Вай яке аз роҳбарони сӯиқасд дар Минас-Жерайс аст, ки зидди сиёсати мустамликавии Португалия анҷом шуд ва ба мубориза барои истиқлоли Бразилия асос гузошт.

Томас Антониу Гонзага дар Португалия зода шуд ва соли 1782 ба Бразилия омад ва чун таҳсилкардаи риштаи ҳуқуқ буд, дар шаҳри Вила-Рика додситон таъин шуд. Дар Бразилия вай ба узвияти ҷамъияти шоирони либерал пайваст ва ҳамин ҷамъият батадриҷ  ба як созмони пинҳонкори сиёсие табдил шуд, ки нақшаи сӯиқасдҳоро тарроҳӣ кард.

Аммо моҳи майи соли 1789 ин нақша фош шуд ва ширкаткунандагонаш ба ҳабс гирифта шуданд. Соли 1792 Гонзага ва дигар ҳамсафонаш ба ҳукми қатл маҳкум шуданд, вале баъдан ин ҳукм ба ҳабси абад дар Мозамбик иваз карда шуд.

Гонзага боқии умрашро дар Мозамбик гузаронд ва соли 1810 аз олам гузашт. Рӯзу моҳи даргузашташ дақиқ нест.

Гонзага ашъорашро дар равияи реализм ва сентиментализм навишт ва танҳо солҳои охири умраш каме рӯ ба романтизм ҳам овард.

Соли 1838 дар шаҳри Санкт-Петербург нависандаи рус  Александр Шеллер таваллуд шуд. “Ҳаёти Шупов, пайвандон ва наздикони ӯ”, “Ҷанобон Обносковҳо”, “Мурдоби пӯсида” аз офаридаҳои ӯ мебошанд. 62 сол умр дидаву 4 декабри соли  1900 дар Санк-Петербугр фавтидааст.

Соли 1861 Иван Тургенев романи худ “Падарон ва фарзандон”-ро ба анҷом расонд. Ин роман аз беҳтарин офаридаҳои адиб аст ва дар рӯйхати 1001 китобе шомил шудааст, ки қабл аз марг ҳар кас бояд бихонад.

Ин роман чуноне аз номаш ҳам пайдост, дар бораи падарону писаронест, ки дар давраҳои замонии мухталиф бо идеологияи гуногун зистаанд. Падарон дар китоб намоди афроди муҳофизакор ва суннатгарое ҳастанд, ки дар онҳо ислоҳоте аслан ба вуҷуд намеояд. Аммо писарон шахсони пешрафтаву радикаланд ва нависанда ҳам ба онҳо таваҷҷуҳ доштаву ба назар мерасад дунёи худро дар симои онҳо ифода кардааст.

enid-blajtonСоли 1897 дар  Ист-Далиҷ нависандаи кӯдакнависи британиёӣ  Энид Блайтон зода шуд. Вай яке аз муваффақтарин нависандагон барои наврасон дар асри ХХ буд.

Китобҳои хонум Энид Мэри Блайтон барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд ва тибқи як арзёбӣ ӯ панҷумин муаллифи маъруфтарин адабиёти тарҷумашудаи ҷаҳон аст. Тибқи нишондоди бахши тарҷумонии ЮНЕСКО (Index Translationum), то соли 2007 беш аз 3400 нашри тарҷумаи китобҳои ӯ ба қайд гирифта шуд, ки ин дар муқоиса бо Шекспир камтар, вале назар ба Ленин зиёдтар аст. Асарҳои нависанда ба зиёда аз 90 забон, аз ҷумла чинӣ, ҳолландӣ, финландӣ, франсавӣ, олмонӣ, иврӣ ва ғайра баргардон шудаанд.

 Аз муваффақтарин осори ӯ инҳоро метавон ном бурд: “Панҷ ҷустуҷӯгар”, “Маҷмуаи панҷ машҳур”, “Маҷмуаи моҷаро”, “Маҷмуаи ҳафт роздор”, “Маҷмуаи дарахти ҷодуии хеле дур”, “Маҷмуаи асрори боронӣ”, “Маҷмуаи моҷароҷӯёни ҷавон”, “Китоби достони қирмиз”, “Китоби достони сабз”, “Китоби достони обӣ”, “Достонҳои вақти хоб” ва ғайра.

28 ноябри соли 1968 дар синни 71-солагӣ аткри олам кард.

Соли 1907 дар Вайнсберг дар синни 90-солагӣ шоири олмонӣ Теобалд Кернер аз дунё рафт. Вай писари духтур ва нависандаи асарҳои тиббии Олмон Юстинус Кернер буд.

Дар соҳаи тиб таҳсил кардаву кор кард. Баъди ширкаташ дар ҷунбиши соли 1848 мебоист ба самти Страсбург фирор мекард. Вале соли 1850  боздошт ва ба муддати даҳ моҳ зиндонӣ шуд.  .

aleks-ejliСоли 1921 дар Итаки иёлати Ню-Йорк нависандаи амрикоии афроиқоитабор ва муаллифи китоби “РешаҳоАлекс Ҳейли таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи адабии Пулитсер дар соли 1977 мебошад.

Бар асоси китоби “Решаҳо” як сериёли телевизионӣ ҳам сохта шудааст. Ин китоб зиндагонии хонавода ва ниёгони муаллифро ба тасвир мекашад ва вазъияти нобасомони амрикоиёни африқоитабор ва дарду ранҷҳои онҳо дар даврони ғуломдорӣ ва пас аз онро тасвир крадааст.

Сериёли телевизионии “Решаҳо” зиндагонии хонаводаро то замони ҷанги дохилии Амрико нишон медиҳад. Баъдан сериёли дигари телевизионӣ ҳам бо номи “Решаҳо, насли баъдӣ” аз рӯи асари Ҳейлӣ ва ширкати бевоситаи худи ӯ таҳия шудааст.

Яке дигар аз асарҳои машҳури Ҳейли “Сарнавишти Малколм Икс” мебошад.

Алекс Ҳейли 10 феврали соли 1992, замоне, ки 70 сол дошт, дар шаҳри Сиэтли ИМА вафот кард.

Соли 1947 дар рӯзномаи машҳури “Правда” мақолаи Д.Шепилов бо номи “Меҳанпарастии Шӯравӣ” чоп шуд, ки як маъракаи гунаҳгор кардани кормандони фарҳанг ба космополитизм (анг. Cosmopolitanismе – ҷаҳонватанӣ) оғоз кард.

abdugaffori-abdujabborСоли 1956 дар шаҳри Конибодом рӯзноманигор, нависанда, намоишноманавис, тарҷумони тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор таваллуд шуд. Бештар аз 15 сол муҳаррир ва сармуҳаррири идораҳои эҷодии Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1989-95 директори шӯъбаи Тоҷикистонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Союзтеатр», директори генералии Иттифоқи арбобони театри ҷумҳурӣ буд. Аз соли 2004 муддати бештар аз даҳ сол роҳбари дастгоҳ ва аз соли 2015 сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст.

Муаллифи бештар аз 20 маҷмӯаи очерк, ҳикоя, повест, драма ва тарҷумаҳои бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Пйесаҳояш: «Сӯҳони қазо», «Масал бигӯ, Эзоп!», «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк», «Суруди вопасин» дар театрҳои гуногуни мамлакат таҳия гардидаанд.

Муаллифи силсилаи китобҳо: «Каприччио» оид ба ҳаёт ва фаъолияти композитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ, «Дарсҳои Вафо Назаров» бахшида ба қисмати рассоми машҳури тоҷик ва «Фарзанди сарзамини қазоқ» – Ҳунарпешаи халқии СССР Асаналӣ Ашимов мебошад.

Романи нависандаи Миср, барандаи ҷоизаи Нобел Наҷиб Маҳфуз «Роҳ», повест ва романи Габриэл Гарсиа Маркес «Ба полковник касе наменависад», «Сад соли танҳоӣ», романи «Моҳ ва фулус»-и Соммерсет Моэм, «Дарсҳои франсузӣ»-и Валентин Распутин, як силсила ҳикояҳои адибони шинохтаи ҷаҳон,  асари публитсистии Сун Сзячжен «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин», ҳафт пйесаи драматургони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Иштирокчии Форуми байналхалқии нависандагон «Чингиз Айтматов ва замони муосир» (2009, Бишкек), семинарҳои байналхалқии тарҷумонҳои адабии кишварҳои ИДМ ва Балтия (2010, Москва, Ереван) мебошад.

Барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон мебошад.

Бо Ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дили Данко» (Русия), медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, медали тиллои Донишгоҳи байналхалқии таълими фундаменталӣ (2014, Санкт-Петербург) сарфароз шудааст.

Узви Иттифоқҳои рӯзноманигорон (1988), арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007) ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Русия (2013) мебошад.

Соли 2014 дар Олмаато дар синни 79-солагӣ баъди як бемории дурудароз нависанда, намоишноманавис ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Калихон Искаков тарки олам кард.

elena_makeenkoСоли 2019 дар Исроил дар синни 32-солагӣ аз бемории саратон мунаққиди адабӣ Елена Макеенко дида аз олам барбаст. Ӯ аз соли 2017 бо саратон дастбагиребон буд, чанд давраи кимиётабобатиро аз сар гузаронд ва борҳо амали ҷарроҳӣ ҳам шуд. Вале шифо наёфт.

Елена Макаенко яке аз мунақидон ва шореҳони адабӣ дар сомонаи “Горкий” буд.

ubajd-rachabСоли 2004 Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб аз олам даргузашт. Вай 15 майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко гардида, соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.

Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст.

Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.

 

Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон» (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча – гули бодом» (2012) ва ғайра мебошад.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғайра барои калонсолон офарида шудаанд.

Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд.

Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд.

Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Бунёдгузори Конуни кӯдакони Тоҷикистон (1987-1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.

Ба дарёфти Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977), Диплом-мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мушарраф гардидааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994).

Бо медалу ифтихорномаҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардидааст.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

11 августи соли 2004 аз олам даргузашт.

Таҳияи Б.Шафеъ