Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13 – уми апрел
Соли 1695 дар Порис масалнависи фаронсавӣ Жан Лафонтен дар синни 73-солагӣ даргузашт. Лафонтен дар синни 33-солагӣ ба эҷодиёт шурӯъ кардааст. Нахустнамоиши адабии нависанда маҳзакаи «Хоҷасарой» буд, ки соли 1654 нашр шудааст. Асар бо гуногунрангии аҷоиб, зебоманзарӣ ва латофати худ ҷолиби диққат аст.
Хидмати хоси нависанда дар офаридани жанри махсуси масалҳои шоирона аст, ки дигар адабиёти ғайриҷиддӣ ба шумор намеравад. Навоварии масалнавис дар он аст, ки вай ба масал қаҳрамони нав – одами одиро дохил мекунад ва бо ҳамин жанр осон мешавад.
Нашри аввалини масалҳо «Масалҳои Эзоп аз ҷониби Лафонтен», ки соли 1668 нашр шуда буд, 6 китоб ва нашри соли 1693 аллакай 12 китоби масалҳоро дар бар мегирифт.
Соли 1906 нависанда, шоир ва намоишноманависи ирландӣ Сэмюэл Бекетт дар Дублин, яке аз асосгузорони театри абсурд (пучӣ) ба дунё омадааст.
Аввалин таҷрибаҳои адабии Бекет ин эссеи «Данте. Бруно. Вико. Ҷойс», монологи интиқодии «Пруст» (1931), «Блудоскоп» (1930), маҷмӯаи ҳикояҳои «Лагад камтар, сӯзандору бештар» (1934), романи «Мерфи» (1938) ба шумор мераванд.
Бекет баъдан сегонаи «Моллой» (1951), «Моллой мемирад» (1951), «Беном» (1953), романи «Мерсиер ва Каме»-ро (1974) танҳо ба забони фаронсавӣ офаридааст.
Ба Бекет пйесаи «Интизори Годо», ки бо услуби абсурд навишта шудааст (соли 1949, соли 1954) шуҳрати байналхалқӣ овард. Сипас пйесаҳои «Анҷоми бозӣ» (1957), «Лентаи охирини Крапп» (1959), «Рӯзҳои хушбахтӣ» (1961) эҷод шуданд.
Соли 1969 Бекет ба ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт “барои маҷмӯаи асарҳои навоварона дар наср ва намоишнома, ки дар он фоҷиаи инсони муосир нусрати ӯ мегардад“ сарфароз гардонида шуд. Намояндаи Академияи Шветсия дар маросими супурдани ҷоизаҳо гуфт, ки «рўҳафтодагии амиқи Беккет муҳаббат ба инсониятро фаро мегирад ва замоне, ки кас ба вартаи қабоҳату маъюсӣ амиқтар меравад он боло меравад ва вақте ноумедӣ беохир менамояд, маълум мешавад, ки раҳмдилӣ беандоза аст».
Беккет пас аз гирифтани ҷоизаи Нобел ба навиштани пйесаҳои якпардагӣ идома дод. Соли 1978 маҷмуаи шеърҳои «Верши» аз чоп баромад. Пас аз он достони «Гурўҳ», пйесаи «Нест бод ҳама аҷиб» (1979) нашр шуд.
Адабиётшиноси амрикоӣ Сэнфорд Стернлихт чунин мешуморид, ки «Беккет таъсирбахштарин аз намоишноманависони муосир ва симои асосии намоишномаи замон мебошад».
Соли 1909 дар Ҷексон иёлати Миссисипи нависанда ва аксбардори амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Пулитсер Юдора Уэлти ба дунё омадааст.
Соли 1936 вай аввалин ҳикояи худро бо номи «Марги фурӯшандаи сайёҳ» нашр кард, ки он ба Кэтрин Энн Портер писанд омад ва ў Уэлтиро ба шогирдӣ гирифт. Соли 1941 бошад маҷмӯаи аввалини ҳикояҳои Уэлти «Пардаи сабз» бо сарсухани устодаш нашр гардид.
Барои романи «Духтари некхоҳ» (1972) Уэлти ҷоизаи Пулитсерро сазовор шуд. Дигар романҳои машҳури Уэлти «Фотиҳа дар Делта» (1946) ва «Шикаст дар муҳорибаҳо» (1971) ба шумор мераванд.
Уэлти соли 1986 бо медали миллии санъати ИМА ва соли 1992 бо медали миллии гуманитарии ИМА мукофотонида шудааст.
Соли 1939 дар Дерри Ирландияи Шимолй нависанда, шоир, мутарҷим, омӯзгори ирландӣ Шеймас Хини, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1995) таваллуд шудааст.
Шеймас Хини дар оилаи католик ба дунё омадааст. Соли 1961 Донишгоҳи Квинси Белфастро хатм мекунад.
Аввалин китоби ў бо номи «Ёздаҳ шеър» моҳи ноябри соли 1965 нашр шуд. Соли 1966 аввалин маҷмуаи мукаммали Шеймас Хини зери унвони «Марги табиатшинос» аз чоп баромад. Соли 1972 бо оилааш ба Ирландия кӯчид ва дар Дублин зиндагӣ мекард, он ҷо дар коллеҷ дарс медод. Солҳои 1980 дар Донишгоҳи Ҳарвард ба ҳайси профессор (аз 1982 то 1996) ва аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи Оксфорд (ба ҳайси профессори назм) кор кардааст.
Соли 1995 ба ӯ ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт “Барои зебоии лирикӣ ва умқи ахлоқии шеър, ки зиндагии аҷиби рӯзмарра ва гузаштаро зинда мекунад” супорида шуд. Инчунин ў барандаи Ҷоизаи адабии Дэвид Коэн (2009) ва Ҷоизаи TS Eliot (2006) мебошад.
Шеймас Хини аз замони Вилям Батлер Йетс ҳамчун бузургтарин шоири Ирландия шинохта мешавад.
Соли 1940 дар Нитса нависандаи фаронсавӣ Густав Леклезио, барандаи Ҷоизаи Рено дар соли 1963, Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2008 таваллуд шудааст.
Густав Леклезио соли 1940 дар Нитса дар оилаи духтури ҳарбӣ ба дунё омадааст. Аҳли оила ҳамеша бо ду забон – фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезаданд. Дар ҷавонӣ ӯ забони испаниро ба таври комил омӯхтааст.
Аввалин романи ў «Протокол» соли 1963, вақте ки нависанда 23-сола буд, эҷод шуд. Ин таҷрибаи адабӣ, ки ба ҷоизаи Гонкур пешбарӣ шуда буд, сазовори ҷоизаи бонуфузи Ренодо гардид. Қаҳрамони роман ҷавонест, ки дар шаҳр овора шуда, айёми бачагии худро ба хотир меорад ва зиндагии маъюсонаву сангинро мушоҳида мекунад.
Соли 1994 хонандагони маҷаллаи адабии фаронсавии «Lire» Леклезиоро «бузургтарин нависандаи Фаронса» номиданд. Айни замон дар ғарби Иёлоти Муттаҳида дар Албукерке зиндагӣ мекунад, аксар вақт ба Фаронса меояд.
Леклезио яке нависандагони муосири фаронсавиест, ки асарҳои ў ба забонҳои дигар хеле зиёд тарҷума мешаванд.
Соли 1966 шоири арман, сиёсатмадор Гурген Айкунӣ вафот кард.
Гурген Айкунӣ соли 1889 дар Алашкерт (Империяи Усмонӣ) дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Нахустин шеъраш «Самуэли чӯпон» соли 1911 ва баъдан соли 1915 шеъри «Боди баҳор» нашр шудааст.
Баъд аз соли 1917 достонҳои «Ҷашни уқоб», «Голгофа», «Оташфишонии вулқон», «Титан» ва «Иблиси сурх»-ро эҷод кардааст. Достонҳои «Титан» ва «Иблиси сурх» ба забони русӣ низ нашр шудаанд. Шеърҳои Уитмен ва шеъри «Модар»-и М. Горкийро ба забони арманӣ тарҷума кардааст.
Соли 1966 нависандаи фаронсавӣ Ҷорҷ Дюамел даргузашт.
Асарҳои барҷастаи Ҷорҷ Дюамел инҳоянд: як силсила романҳои «Солномаи оилаи Паске», романи «Саёҳати Патрис Перио», «Мусофирони “Умед“», ёддоштҳои «Ҳаёти ман дар равшании рӯз» ва ғайра.
Соли 1973 ҳунарманди синамо ва нависандаи ҳинд Балраҷ Саҳнӣ аз дунё гузашт.
Соли 1973 насрнависи шӯравӣ Алексей Тимофеевич Черкасов даргузашт. Аввалин китоби нависанда – маҷмӯаи роману повестҳо бо номи «Дар самти Сибир» соли 1949 дар Москва аз чоп баромад. Баъдан повестҳои «Лика», «Ҷангали кабуд», «Парасту», «Рўз аз Шарқ оғоз меёбад» чоп шуданд.
Аммо сегонае, ки романҳои «Махмурӣ», «Сафедори сиёҳ» ва «Аспи малла»-ро дар бар мегирифт, ба Алексей Черкасов шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин китобҳо муваффақияти бузург ба даст оварданд ва ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд. «Ривоятҳо дар бораи мардуми ҷангал» (номи умумии трилогия) номи Алексей Черкасовро абадӣ гардонд.
Соли 2006 дар Флоренсия нависанда ва адабиётшиноси шотландӣ Мюриэл Спарк дар синни 88-солагӣ даргузашт.
Мюриэл Спарк 1 феврали соли 1918 дар оилаи муҳандис дар Эдинбург таваллуд шудааст. Модараш англис ва падараш аз яҳудони Литва буд. Мюриэл дар Мактаби духтаронаи Эдинбург Ҷеймс Гиллеспи таҳсил кардааст.
Дар ибтидои солҳои 1950 ӯ тарҷумаи ҳоли якчанд нависандагони англис ва маҷмӯаи ашъорашро нашр кард. Дар соли 1951 вай дар озмуни адабии маҷаллаи «Observer» иштирок кард. Повести ў «Серафим ва Замбези», ки ба конкурс пешниҳод шуда буд, мукофоти олиро сазовор шуд.
Дар соли 1959 романи «Memento mori» нашр шуд, ки аз ҷониби мунаққидон баҳои баланд гирифт. Дар соли 1961 Спак романи «Ҷаноби Ҷин Броуди дар айни камолот»-ро нашр кард, ки беҳтарин асари ӯ маҳсуб мешавад. Аз рўйи сужаи роман якчанд маротиба филм ба навор гирифта шудааст.
Дар соли 1993, Муриэл Спарк тарҷумаи ҳоли худро навишт, ки дар он ӯ сию нӯҳ соли аввали зиндагии худро тасвир кардааст. Соли 1993 нависанда бо ордени Империяи Британия мукофотонида шуд ва соли 1997 ӯ сазовори Ҷоизаи Дэвид Коэн гардид.
Сӣ соли охири умраш дар деҳаи Сивителла делла Чианаи Итолиё зиндагӣ мекард. Вай охирин романашро дар синни 86-солагӣ нашр кардааст.
Соли 2013 дар Чикаго иёлоти Иллинойс нависандаи жанри асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ник Поллотта дар синни 58-солагӣ аз олам гузашт.
Номи пурраи Ник Поллотта Николас – Анҷело Полоттаи хурдӣ аст.
Осори ў зиёда аз 60 китобро дар бар мегирад. Асарҳои Ник асосан аз асарҳои жанри илмӣ-тахайюлӣ, маҳзака ва триллерҳои низомӣ иборатанд. Дар хонааш китобхонаи иборат аз 14 ҳазор китоб дорад.
Машҳуртарин асарҳои Поллотта силсилаи «Бюро 13», романҳои «Калмархудо» ва «Ҳамлаи ногаҳонӣ» мебошанд, ки дар ҳамкорӣ бо Фил Фоглио навишта шудаанд.
Соли 2015 дар Любек, нависандаи олмонӣ Гюнтер Грасс барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1999 бар асари сирояти шуш дар синни 87-солагӣ даргузашт.
Нахустин романи ӯ «Нақораи тунукагин» (1959) муваффақияти калон ба даст овард. Қаҳрамони роман Оскар бо нисбат ба ҷаҳони атроф як нафрати беандоза дошт ва дар он зиндагӣ кардан намехост. Дар синни сесолагӣ ӯ «бо нишони эътироз» аз афзоиш мемонад. Танҳо як нақорача Оскарро бо ҳаёт дилгарм карда, имкон медиҳад, ки ў ба маънои ҳаёт сарфаҳм равад.
Асарҳои Грасс «Гурба ва муш» (1961) ва «Солҳои сагона» (1965) хатти «Нақораи тунукагин»-ро идома доданд.
Сипас нависанда китобҳои «Зери наркози ҷузъӣ» (1969), «Аз рӯзномаи тўқумшуллук» (1972), «Камбала» (1977), достони таърихии «Вохурӣ дар Телит» (1979), «Тахайюлот» (1982), «Каламуш» (1985), тафсири кунунии асри XX «Асри ман» (1999) нашр кард. Нависанда миқдори зиёди очерку мақолаҳо, шеъру асарҳои драмавӣ эҷод кардааст.
Грасс дар асари худ ба мавзӯҳое дахл кардааст, ки бисёриҳо дар ин бора эҷод накардаанд. Масалан, дар романи «Масири харчанг» (2002) Грасс дар бораи сарнавишти олмониҳои Русия ва Аврупои Шарқӣ, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз Артиши Сурх гурехта буданд, нақл мекунад. Ба қавли нависанда фоҷиаҳои ҷангро набояд фаромўш кард. Грасс дар романи «Вилгелм Густлов» дар бораи тақдири киштии калони уқёнусгард, ки моҳи январи соли 1945 дар он гурезаҳо ва афсарони маҷрўҳ аз Дантсиг (зодгоҳи нависанда) – ҷамъ 9 ҳазор нафар буданд, навиштааст, ки онро оқибат киштии зериобии шўравӣ ғарқ мекунад.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА