Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми апрел
Соли 1745 дар шаҳри Москав нависанда, забоншинос ва адабиётшиноси рус Денис Фонвизин таваллуд шуд. Вай аз бунёдгузорони мазҳакаи маишӣ дар адабиёти рус буд.
Аввалин пйесаи ӯ бо номи “Ноболиғ”, ки дар замони зинда буданаш рӯи чоп надида буд, соли 1760 навишта шуда буд. Фонвизин зереи таъсири нависандагони фаронсавии даврони маорифпарварӣ, аз ҷумла Волтер қарор дошт.
Соли 1888 дар работи Нарбутовкаи губернияи Чернигов шоир, насрнавис, мунаққиди русу украин, муҳаррир, акемист Владимир Нарбут ба дунё омад.
Акмеизм – вожаи юнонӣ ба маънои шукуфтагӣ ва камол. Дар форсӣ онро авҷгароӣ тарҷума кардаанд. Мактаби шеърие, ки дар аввали қарни бистум тавассути чанд шоири ҷавон дар Санк-Петербурги Русия бунёд гузошта шуда буд.
Аввалин очеркаш бономи “Савмааи Соловетск” соли 1908 дар маҷаллаи петербургии “Бог – помочь» чоп шуд ва моҳи декабри ҳамон сол аввал шеърҳояшро дар маҷаллаи “Светлый луч» чоп кард.
Соли 1917 бо эсерҳои чап пайваст ва баъди инқилоби февралӣ ба болшевикон наздик шуд. Соли 1918 болшевикон ӯро ба Воронеж фиристоданд, то нашрияҳои коммунистиро роҳандозӣ кунад.
Соли 1922 ба Москав омад ва дар Наркомпресс кор кард. Батадриҷ аз шеърнависӣ дур шуд ва кори ношириаш рӯ ба инкишоф ниҳод.
26 октябри соли 1936 аз ҷониби НКВД бо ҷурми “таблиғи миллигароии украинӣ” боздошт шуд ва баъдан қатори дигарон аз озодӣ маҳрум гардид. Аммо соли 1938 дар зиндон айбномаи нав эълон карданд. 14-уми апрели ҳамон сол, дар рӯзи 50 солагии таваллудаш парронда шуд.
Соли 1956 бегуноҳ эълон гардид.
Соли 1908 нависанда, ёддоштнавис ва муҳифизи ҳуқуқи инсон Лев Разгон таваллуд шуд. Вай яке аз бунёдгузорони ҷамъияи “Мемориал” буд.
Соли 1930 дар шаҳри Москав шоир, намоишноманавис, филмноманавис, ҳунарманд ва наққоши маъруфи рус Владимир Маяковский худкушӣ кард. Вай ҳамагӣ 36 сол дошт. Маяковский яке аз машҳуртарин чеҳраҳои адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Владимир Маяковский дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад. Қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид. Маяковский бо болшевикон аз соли 1908 пайваст ва то охир ба ғояҳои ленинӣ содиқ монд. Ҳукумати подшоҳӣ борҳо ӯро барои фаъолиятҳои пинҳонкории ноширӣ боздошт кардаву муддате пас озод намудааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Ман” (“Я”) соли 1913 чоп шуд.
Худкушии Маяковский худ як достонест, ки бояд замоне муфассалтар дар ин бора навишт.
Соли 1935 Филаделфия, иёлати Пенсилвания нависандаи асарҳои тахайёлии амрикоӣ, барандаи ҷоизаи “Небюло” Ҷек Макдефит ба дунё омад. Номи аслии ӯ Ҷон Чарлз Макдевит буд.
“Паёми Геркулес”, “Истеъдоди ҳарбӣ”, “Ҷӯянда”, “Акси садо”, “Бозгашт”, “Октавияи гумшуда” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1954 дар Браунсвилли иёлати Техас нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ, рӯзноманигор ва адабиётшинос Брюс Стерлинг таваллуд шуд. Аз машҳуртарин адибонест, ки бо услуби киберпанк менавишт. Киберпанк – яке аз зерсабкҳо дар достонҳои илмӣ-тахайюлӣ аст, ки бештар ба фановариҳои пешрафта, монанди фановариҳои компутерӣ, иртиботот ва ғайра дорад.
“Бачаи сунъӣ”, “Ҷазираҳо дар шабака”, “Мошини тафриқа”, “Обу ҳавои хира”, “Оташи муқаддас”, “Таҷзия”, “Кунҷи самтурраъс” номгӯи чанд романи ӯ мебошанд.
Соли 1982 дар Сан-Хосеи иёлати Калифорния нависандаи асарҳои тахайюлӣ ва шоири амрикоӣ хонум Рэйчел Свирски таваллуд шуд.
Соли 1986 дар шаҳри Порис нависанда, файласуф, феминист, экзистенсионалисти фаронсавӣ Симон де Бовуар дар синни 78-солагӣ тарки олам кард. Вай ҳамсари Жан Пол Сартр буд. “Меҳмон”, “Хуни дигарон”, “Ҳама мемиранд”, “Ҷинси дувум”, “Марге бисёр ором”, “Тасовири зебо”, “Маросими видоъ”, аз ҷумлаи осори боқимонда аз ӯ мебошанд.
Соли 2009 дар шаҳри Порис дар синни 90-солагӣ нависанда ва сиёсатмадори қарни бистуми Фаронса Морис Дрюон аз олам рафт. Вай узви Академияи Фаронса буд ва ба унвони дабири доимии ин Академия солҳои 1975-1999 хидмат кард.
“Шоҳони нафриншуда”, “Искандари кабир”, “Киштиҳои шабона” номи чанд асари ӯ мебошад. “Шоҳони нафриншуда” як романи ҳафтгонаи таърихист ва дар фосилаи солҳои 1955 то 1977 навишта ва чоп шудааст. Аз ин романи ҳафтгона силсилафилмҳои телевизионӣ низ таҳия шудааст.
Соли 2019 дар Пеорияи иёлати Иллинойс дар синни 87 – солагӣ бар асари бемории сактаи қалбӣ нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоб Ҷинн Вулф аз дунё гузашт. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюло” ва “Локус” буд.
Соли 1946 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон адиб ва донишманди тоҷик Шоҳзамони Раҳмон таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1967-1968 дар мактаби таҳсилоти умумии зодгоҳаш аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1968-1991 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, 1971-1973 муҳаққиқ–коромӯзи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, 1991-1992 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, 1993-1995 ходими калони илмии ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1987 дар мавзӯи «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» рисолаи номзадӣ, соли 1997 дар мавзӯи «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
Чанде мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (1994), мудири кафедраи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳо (1997-1999), профессор (1998), сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷинаи сухан», мудири шуъбаи забон, итилоот ва матбуоти Вазорати маорифи мамлакат (1999-2003) будааст. Ҳоло профессори кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳамзамон, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Муаллифи рисолаву монографияҳои «Байт ва мақоми он дар шеър» (1980), «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» (1987), «Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ» (1988), «Шеър ва Айнӣ. Дигаргуниҳои сифатию созмонӣ дар лирикаи муосири тоҷик» (1994), «Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ» (1999), «Таҳқиқ ва нақд» (2005), «Бародарони ҷонӣ» (2005), «Се кори муҳим ва бахайри Устод Садриддин Айнӣ» (2007), «Маърифати забон» (2008), «Ақидаҳои адабию бадеӣ ва назарӣ-эстетикии Устод Айнӣ» (2008) ва ғ. мебошад.
Маърӯзаву мақолаҳояш ба таҳқиқи масъалаҳои гуногуни назарияву амалияи шеъри классикиву имрӯзаи тоҷик бахшида шудаанд. Мураттибу муҳаррири маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои «Ҷӯстуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти ҳозираи тоҷик» (1988), «Ҷашнномаи Айнӣ» (ҷ. 7-8, 1991), «Куллиёти Абулқосими Лоҳутӣ» (ҷ. 6), «Раҳим Ҳошим» (дар ҳаммуаллифии А. Юнусов, Н. Кароматуллоева, М. Умарова; 1988), Барномаи забони давлатӣ барои мактабҳои олии ғайрифилологӣ (2001), «Фурӯғи субҳи доноӣ» (1997), «Феҳристи осор»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004) буда, дар конфаронсу симпозиумҳои ватанию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзидааст. Ба муносибати 130-солагии Устод Айнӣ ва 1150-солагии Устод Рӯдакӣ рисолаҳо таълиф намудааст. Яке аз мураттибону муаллифони «Донишномаи Рӯдакӣ» мебошад.
Узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, котиби масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию таърихӣ аст.
Бо Ифтихорномаҳои Вазоратҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ» (2001) қадршиносӣ шудааст.
Аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Таҳияи Б.Шафеъ