Бо ҳам “Сафарнома”-и Носири Хусравро мехонем

СафарномаКитоби «Сафарнома» – и Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ маҷмӯи мушоҳидаҳои нависанда аз сафари ҳафтсолаашро дар бар гирифта, дидаҳову шунидаҳои худро бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он воқеӣ мебошанд.

Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шаҳри Байтулмуқаддас менависад: «Шаҳрест бар сари кӯҳе ниҳода ва об нест, магар аз борон ва дар рустоҳо об аст, аммо ба шаҳр нест. Ин шаҳр бар сари санг ниҳодааст ва шаҳри бузург аст, он вақт ки дидам, бист ҳазор мардум дар вай буданд. Ва бозорҳои неку ва биноҳои олӣ дорад ва ҳама замини шаҳр бар тахтасангҳое фарш андохта ва ҳар куҷо кӯҳ будааст ва баландӣ буридаанд ва ҳамвор карда чунон ки борон борад , хама замин покиза шуста шавад».

Китобе, ки мегузорем, соли 2014 дар нашриёти “Бухоро” чоп шудааст. Онро Суннатулло Ҷонбобоев аз хати форсӣ баргардон кардаву, ҳамчунин сарсухан навиштааст ва луғату истилоҳоти душворфаҳмро шарҳ додааст.

Китоб дар ин ҷост: САФАРНОМА