Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14-уми феврал

Як-рузи-адабиёт-14-02-2024Соли 1855 нависанда ва мунаққиди адабиёти рус Всеволод Михайлович Гаршин ба олам омадааст. Вай бештар бо достонҳои кутоҳаш машҳур аст. “Чаҳор рӯз”, “Сигнал”, “Гули сурхранг”, “Афсар ва гумошта”, “Тарсу”, “Дафтарчаи хотироти сарбоз” аз ҷумлаи ки тобҳои ӯ мебошанд.

Соли 1858 дар Кортон дар синни 59-солагӣ шоири итолёвӣ Антонио Гуаданоли тарки олам кард. Ӯ бештар шеърҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯҳои сиёсӣ менавишт. Муҳаққиқонаш мегӯянд шеъри Гуаданоли то кунун аҳамияти худро гум накардааст.

Соли 1891 Петергоф шарқшинос, шоир ва тарҷумони рус, узви Ҷомеаи фаластинии императорӣ  Владимир Шилейко ба дунё омад. Ӯ шавҳари дуюми шоираи маъруфи рус Анна Ахматова буд.

Сергей-СухоянСоли 1932 дар кишвари Кубани Русия адиби рустабори Тоҷикистон Сергей Сухоян таваллуд шуд.  Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст.

Ду маҷмӯаи ашъори Сергей Сухоян дар нашриёти «Дониш» ва «Адиб» ба чоп расидаанд. Китоби ҳикояву очеркҳои Ҳ.Файзиев «Дар ҷанг ва баъди ҷанг» («На войне и после войны», 1988), маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии А.Маҳмадшоҳ «Фиреби назар» («Обман зрения», 2001) дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

26 апрели соли 2017 вафот кард.

Назари-ЗикруллоСоли 1934 дар деҳаи Зуви ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон шоири тоҷик  Назари Зикрулло ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1954, ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1957 хидмат кардааст. Соли 1958 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гашта, соли 1963 бомуваффақият хатмаш кардааст.

Солҳои 1963–1965 дар мактаб-интернати «Коммунизм»-и деҳаи Саричашма, солҳои 1965-1968 дар мактаби миёнаи №24, солҳои 1968-1973 дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Восеъ муаллимӣ кардааст. Солҳои 1973-1979 директори мактаби миёнаи №25 ноҳияи Восеъ будааст. Аз соли 1979 дар шуъбаи маорифи ноҳия вазифаи нозири мактабҳоро бар уҳда дошта аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Гули шаб» (1997), «Ҳазору як тарона» (1998), «Панднома» (1999) ва ғайра мебошад.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2006 аз олам даргузашт.

Соли 1947  дар Киев навсандаи асарҳои тахайюлии украин  Борис Штерн ба дунё омад. Вай олими тавонои соҳаи астрофизика, доктори илмҳои физика-математика буд.

Соли 1989 Сарвари Эрон Оятуллоҳ Хумайнӣ фатвои қатли навсанда Салмон Рушдиро содир кард, ки он фатфо то кунун лағв нашудааст. Салмон Рушдӣ ҳамоно пинҳонӣ мегардад ва зери назару ҳимояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Маъруф РаҷабӣСоли 1955 дар шаҳри Кӯлоб адабиётшиноси шинохта Маъруф Раҷабӣ дида ба олам боз кард. Вай соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.

Дар мавзӯи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Айнӣ, Ҷ. Икромӣ. С. Улуғзода, Р. Ҳодизода. Ю. Акобиров ва У. Кӯҳзодро баррасӣ кардааст.

Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст.

Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосирамон, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рӯйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер» (1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид» (1989), “Андаке дар бораи «душманони халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ» (1990), «Ҷадидия ва инқилоб» (1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри ХХI» (1992) ва ғ., ҳамчунин, рисолаҳои «Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб» (1998), «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954» (1998)-ро ба қалам овардааст.

Муаллифи китобҳои «Тадқиқоти таърих– тадқиқи характер» (1990), «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990), «Ба фикри ман»(2003), «Сотим Улуғзода – абармарди набарду андеша» (2004) ва ғ. мебошад.

Доктори илмҳои филология (1998), узви вобастаи АИ ҶТ (1999).

Соли 1999 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 декабри соли 2001 аз олам даргузашт.

Алидоди ЧароғабдолСоли 1960 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоири тоҷик Алидоди Чароғабдол ба дунё омад.  Солҳои 1982-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат кардааст. Муддате директори Китобхонаи вилоятии ВМКБ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон, мушовири бахши Бадахшонии ИН Тоҷикистон буд.

Муаллифу мураттиби китобҳои «Адибони ҷавони Бадахшон» (1990), «Ширин Бунёд» (1991), «Профессор Гулаҳмад Раҳмихудоев» (1995), «Аноятбек Қосимбеков» (1996), «Забоншинос Карамшоҳ Додихудоев» (2002), «Тазкираи адибони Бадахшон» (дар ҳаммуаллифии Ширин Бунёд ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан, 2005), «Одами тиллоӣ» (дар ҳаммуаллифии Ато Мирхоҷа, 2011), «Васлгари дилҳо ва вассофи ваҳдат» (2011) аст, ки дар муассисаҳои нашаротии гуногуни ҷумҳурӣ чоп шудаанд.

Намунаҳои ашъораш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъии «Дар тулӯъгоҳи Офтоб», «Нури зиё», «Нерӯи қалб», «Баёзи меҳр», «Корномаи падарон», «Омӯзгори асил», «Соҳибэҳтиром», «Гулбонги Истиқлол», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» ва китобҳои алоҳидаи «Падидаи роҳ» (2004) ва «Сабоҳи мардон» (2011) ба табъ расидаанд.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва ифтихорномаҳои ҳукумативу соҳавӣ ва аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Алидоди Чароғабдол 7 феврали соли 2019 аз олам даргузашт.

Таҳияи Б.Шафеъ.