Панди Пешво. Дар бораи таърих ва омӯзиши он. Бахши дуюм
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаи худро ҷустуҷў карда, онҳоро барои таҳкими ватандўстию худшиносӣ ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.
***** ***** *****
Мероси таърихии фарзандони барўманди миллатамон имрўз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугўйи тамаддунҳо аҳамияти муҳими байналмилалӣ дорад.
***** ***** *****
Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ омўхтан ва омўзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем. Ва чунонки имрўз мебинем, мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот,тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.
***** ***** *****
Бигузор аз баракати истиқлолият меҳри ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус – чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик – ифтихор намояд.
***** ***** *****
Рў овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи тавонову созандае мебошад
***** ***** *****
Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ. Мо, тоҷикон, ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо ончунон таърихи дурахшон дорем, ки ҳатто шинохти нисбии он муҷассамаи гўё ва возеҳи миллати мо хоҳад буд. Дар баробари ифтихор аз Ватан, ифтихор аз миллат, ифтихор аз таъриху мероси фарҳангӣ лозим аст, ки ба арзишҳои умумибашарӣ, дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар ва пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузорем.
***** ***** *****
Инсоне, ки гузаштаи таърихиашро фаромўш мекунад, метавонад аз фориғболӣ ба хатогӣ роҳ дода, гирифтори мушкилиҳои зиёде гардад.
***** ***** *****
Ман борҳо таъкид кардаам ва боз мегўям, ки дар баробари омўзиш ва азхуд кардани илму техникаи муосир, ҷавонони мо ба омўзиши таърихи пуршараф, забони модарӣ ва фарҳанги ғании халқамон бояд бештар машғул шаванд.
***** ***** *****
Мо дар баробари дигар миллатҳои соҳибфарҳанги олам ҳуқуқи таърихию маънавӣ дорем, ки тамаддуни гузаштаи хешро омўзем. Аз таҷрибаи таърихии ниёгони худ баҳравар шавем, беҳтарин падидаҳои ҳаётбахши онро, бо истифода аз дастовардҳои замони нав, дар пешрафту камолоти худ ва сарсабзии фарзандонамон истифода намоем
***** ***** *****
Ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рўҳияи истисногароӣ ё бартариҷўӣ ё нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоият аз ҳуввияти таърихии худ аст.
***** ***** *****
Таҷрибаи таърих гувоҳӣ медиҳад, ки истиқлолияти воқеиро танҳо бо заҳмати гарону азми қавии созандагӣ ва фарҳанги баланди ватандорӣ ҳифз кардан ва таҳким бахшидан мумкин аст.
***** ***** *****
Бешубҳа, дар кори омўзиши таъриху фарҳанги ғании халқамон нақши олимон, шоирону нависандагон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бузург аст. Зеро онҳо беш аз ҳама дар кори омўзиши мероси ниёгонамон саҳми арзанда мегузоранд.
***** ***** *****
Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд.
***** ***** *****
Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати фарҳангии кишвар дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифз ва истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангии халқамон ва ҷашну суннатҳои миллӣ мебошад.
***** ***** *****
Огоҳӣ аз таъриху фарҳанги хеш на танҳо ифтихори миллиро ба замона сохгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун , густариши таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
***** ***** *****
Маҷрои пурталотуми таърих ҳамеша гузаштаро бо имрўз ва имрўзро бо оянда мепайвандад, халқаи васли наслҳо, асрҳо, халқҳо ва давлатҳоро мустаҳкам менамояд ва роҳро ба сўйи оянда равшан месозад.
***** ***** *****
Ҷавҳару сиришти таъриху адабу фарҳанги халқи мо хотираи он шикастнопазир боқӣ монд ва мавҷудияти мардуми ориёинажодро ҳифз кард.
***** ***** *****
Хушбахтона, имрўз таърихи бостонии мо дар нигоҳи аҳли хиради ҷаҳон чун хуршеди тобон таҷаллӣ медиҳад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидани ёдгории камназири Саразм бо таърихи шашҳазорсолааш далели равшани ин матлаб аст.
***** ***** *****
Мо ҳар қадар бештар таърихи давлати Сомониёнро бишносем, худро хубтару возеҳтар хоҳем шинохт. Аз ин рў, вазифаи ҳар як зиёии ватандўст ба воситаи асарҳои илмӣ, адабӣ ва публисистӣ дониши халқи худро ғанӣ гардонидан, ҳисси ифтихори миллии ўро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолати миллии мардуми кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз кардан аст.
***** ***** *****
Таъриху тамаддуни мо ҷузъе аз таъриху тамаддуни умумибашарист ва худи мо ҷузъи башарият ҳастем. Ва табиист, ки дар ҷаҳони имрўза ҳеҷ ҳалқе ва ҳеҷ тамаддуне дар танҳоӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
***** ***** *****
Танҳо шахси ватандўсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланд миллӣ метавонад, ки дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад.
***** ***** *****
Ҳар як халқи соҳибтамаддун ба решаҳои таърихӣ ва давраҳои сарнавиштсози гузаштаи худ бо камоли эҳтиром арҷ мегузорад.
***** ***** *****
Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем.
***** ***** *****
Дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон, муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем. Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.
***** ***** *****
Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст.
***** ***** *****
Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”.
Ин китоб соли 2017 бо талоши донишманди тоҷик Зафар Сайидзода нашр шудааст ва ҳоло онро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.