Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми январ

Соли 1814 дар Санкт-Петербург Китобхонаи ҷамъиятии Император (ҳоло Китобхонаи миллии Русия) кушода шуд. Соли 1932 китобхона ба номи М. СалтиковШедрин гузошта шуд.

Захариас-ТопелиусСоли 1818 нависанда ва шоири намоёни фин Захариас Топелиус ба дунё омадааст. Ў дар Финляндия зиндагӣ мекард. Муҳаққиқи фолклори карело-финӣ ва сомӣ буд. Асарҳояшро аслан ба забони шведӣ навиштааст. Профессор ва ректори Донишгоҳи императории Александр дар солҳои 1875-1878.

Осори адабии Топелиус хеле гуногун аст. Лирикаи ў ватанпарварӣ, муҳаббат ба Ватан ва табиати онро фаро гирифтааст: «Обшавии ях дар дарёи Улео», «Сурудҳои ҷангал», «Кўчаи зимистон» ва ғайра, аз ҷумлаи офаридаҳои ӯянд. Илова бар ин, Топелиус бо насри таърихӣ: романҳо, новеллаҳо ва повестҳо машҳур аст. Романи Топелиус «Гертсогиняи Финляндия», ки соли 1850 нашр шуда буд, аввалин кўшиши офаридани романи бузурги таърихии миллй дар адабиёти фин буд. Соли 1879 роман дар бораи замони маликаи Шветсия Кристина «Фарзандони ситораҳо» нашр шуд. Аз асарҳои драмавии Топелиус фоҷиаи «Регина фон Эммеритс» (1853) ва драмаи «Баъди 50 сол» (1851) дар асоси китоби «Афсонаҳои фелдшер» миёни хонандагон машҳур буд.

Дар Аврупо Топелиус ҳамчун муаллифи афсонаҳои Сагор (1847–1852) маъруф аст.

Соли 1895 шоири бошқир Шайхзода Мухаметзакирович Бабич таваллуд шудааст. Ӯ асарҳои худро ба забони тоторӣ офаридааст. Ягона маҷмуаи ашъори ў дар қайди ҳаёт буданаш бо унвони «Сурудҳои кабуд. Бошқирдистони ҷавон» соли 1918 дар Оренбург аз чоп баромад.

Ҷон-Дос-Пассос

Соли 1896  нависандаи амрикоӣ Ҷон Дос Пассос ба дунё омадааст. Аввалин романҳои ў «Ташаббуси як шахс» (1917, 1920) ва «Се сарбоз» (1921) ба адабиёти «насли гумшуда» мансубанд.

Дар сегонаи (асари адабӣ, ки аз се қисми мустақил иборат аст) «ИМА», ки китобҳои  «42-юм хатти мувозӣ» (1930), «1919» ва «Маблағи бузург» (1936) Дос Пассос маданияти мамлакати даҳсолаҳои аввали асри XX-ро тасвир кардааст. Трилогияи дуюми ӯ «Ҳавзаи Колумбия» аз «Саргузаштҳои ҷавон» (1939), «Рақами якум» (1943) ва «Мақсади бузург» (1949) иборат буд. Дос Пассос усули худро “ҳуҷраи торик” номидааст.

ljuis-kerrolСоли 1898 дар Гилдфорд, дар синни 65-солагӣ нависандаи инглис, риёзидон, мантиқдон, файласуф ва суратгир Люис Кэрролл аз илтиҳоби шуш даргузашт.

Асарҳои машҳуртарини ў афсонаҳои «Алиса дар олами аҷоибот» ва «Алиса дар олами ойинаҳо», инчунин шеъри мазҳакавии «Шикори Снарк» мебошанд.

Соли 1911 нависандаи рус Анатолий Наумович Рибаков чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай муаллифи роману повестҳои «Кортик», «Мурғи биринҷӣ», «Реги вазнин», роман-тетралогияи (асари адабӣ, мусиқӣ ё кинематографии иборат аз чор қисм) «Бачаҳои Арбат» , ки соли 1960 навишта шуд, вале танҳо соли 1987 чоп шуд, аввалин талоше буд барои тасвири зиндагии насли ҷавони солҳои сиюми асри гузашта.

 

jukio-misimaСоли 1925 нависанда ва намоишноманависи ҷопонӣ Юкио Мисима ба дунё омадааст. Ў намояндаи барҷастаи мавҷи дуюми адабиёти баъдиҷангии Ҷопон, давомдиҳандаи анъанаҳои эстетикии Ҷопон буд. Се маротиба ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуда, яке аз барҷастатарин нависандагони ҷопонии нимаи дуюми асри ХХ маҳсуб мешавад. Соли 1988 ба хотираи нависанда нашриёти «Синтёся» ҷоизаи Юкио Мишимаро таъсис дод. Асарҳои машҳури ў «Маъбади заррин», «Иқрори ниқоб» ва «Хонаи Кёко» ба шумор мераванд.

Соли 1925 нависанда, шоир намоишноманавис, филмноманавис ва рўзноманигори рус Владлен Бахнов таваллуд шудааст. Солҳои 1970, 1973 ва 1977 се маротиба бо ҷоизаи “Гӯсолаи тиллоӣ” аз ҷониби “Литературная газета” сарфароз шудааст.

Соли 1971 дар Берд, нависандаи русзабони арман Нарине Абгарян («Манюня»), барандаи ҷоизаи «Ясная Поляна» (2016) ва номзади «Китоби калон» (2011) ба дунё омадааст.

Ў муаллифи пурфурӯштарин китобҳо бо номҳои «Манюня» ва «Одамоне, ки ҳамеша бо мананд» мебошад. Дар соли 2020, The Guardian ӯро дар қатори беҳтарин муаллифони Аврупо ҷойгир кардааст.

Соли 2021 нависандаи инглис СтормКонстантайн пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 64-солагӣ аз олам  даргузашт.

Ӯ дар жанрҳои тахайюлӣ ва фантазия (жанри санъати муосир, як навъи асари тахайюлӣ. Асарҳои жанри тахайюлӣ дар асоси далелҳои мифологӣ ва афсонавӣ, ки аз тарафи муаллифон аз нав фикр карда ё аз нав кор карда шудаанд) менависад.

Муаллифи трилогияи «Фаттонати ҷисм ва рӯҳ», «Ҷазби ишқ ва нафрат» ва «Интисофи тақдир ва орзу» (силсилаи трилогияи Wraeththu), инчунин романҳои «Хайли даҳшатнок», «Алеф», «Гермотех», «Табҳои тропикӣ», «Сояҳои дафншуда» мебошад.

Соли 2022 дар Сент-Ҷорҷ, иёлати Юта, нависандаи жанри асарҳои тахайюлии амрикоӣ Дейв Волвертон дар синни 64-солагӣ, дар натиҷаи ҳодисаи нохуш, аз зинапоя афтида бо зарбаи сахти сар вафот кард. Асарҳои «Бародарони гург», «Лонаи устухонҳо», «Писарони дарахт» мансуби ўянд.

Таҳияи Сафаргул  ҲУСАЙНОВА