Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15 – уми декабр
Соли 1683 дар Винчестер нависандаи англис Исаак Уолтон, асосгузори жанри тарҷумаи ҳол дар адабиёти англис, дар синни 90-солагӣ аз олам гузашт. Вай 9 августи соли 1593 дар Стаффорд ба дунё омада буд.
Пас аз чанд соли омӯзиш, Уолтон ба Лондон фиристода шуд, ки он ҷо як хеши тоҷираш ўро ба шогирдӣ гирифт ва як дӯкони хурди шахсӣ кушода, муваффақ ҳам шуд. Сарфи назар аз маълумоти хоксоронааш, ӯ адабиёти зиёд ва гуногунро мутолиа мекард, дар иҳотаи шахсони донишманд завқи илмиро инкишоф медод ва бо онҳо моҳидорӣ ҳам мекард. Уолтон дар наздикии калисои Сент Данстан зиндагиву кор мекард ва он ҷо бо коҳин Ҷон Донн дўстӣ пайдо мекунад.
Донн соли 1631 вафот кард ва вақте ки шеърҳои ӯ пас аз ду сол нашр шуданд, Уолтон барои ин шеърҳо «Елегия» тафсир навишт. Дар соли 1640 ӯ китоби «Ҳаёт ва марги доктор Донн»-ро эҷод кард, ки дар он мавъизаҳои Донн ҷо дода шудаанд. Китоби «Ҳаёт» соли 1658 аз нав дида баромада ва дубора нашр шуд.
Соли 1651 дуюмин китоби тарҷумаиҳолии ӯ «Ҳаёти ҷаноби Ҳенри Воттон» нашр шуд. Пас аз ду сол, китобе, ки Уолтонро ҷовидона кард, «Моҳигири моҳир ё истироҳати шахси покахлоқ» (The Compleat Angler or The Contemplative Mans Recreation) интишор ёфт.
Уолтон пайваста асарро дар чаҳор нашри минбаъда васеъ карда, таҳрир мекард ва инчунин нашрҳои асарҳои биографии худро такмил медод. Дар соли 1665 ӯ тарҷумаи ҳоли ҷаноби Ричард Ҳукер, усқуфи Элизабетаро навишт. Соли 1670 бошад, ӯ тарҷумаи ҳоли ҷаноби Ҷорҷ Ҳерберт, шоир ва дӯсташ Ҷон Доннро нашр кард.
Пас аз барқароршавии монархия, яке аз дӯстони Уолтон, инчунин шоҳзода Ҷорҷ Морли усқуфи Винчестер таъин гардид ва ба Уолтон дар қасри усқуф пешниҳоди истиқомат карданд, ки дар натиҷа ў то охири умр он ҷо зиндагӣ кард.
Шакли ниҳоии асари ӯ (нашри панҷум) аз «Моҳигири моҳир» (The Skillful Angler) соли 1676 пайдо шуд, ки маводи иловагии навиштаи дӯсташ Чарлз Коттонро дар бар гирифтааст. Соли 1678 Уолтон тарҷумаи ҳоли Бишоп Сандерсонро нашр кард.
То охири асри 18 беш аз 300 нашри «Моҳигири моҳир» ба табъ расид, ки он яке аз серхонандатарин китоб дар адабиёти англис ба ҳисоб меравад. Ин рисолаи беэътино, ки дар нашри аввалини он Уолтон ҳатто даъвои муаллифиашро надошт, ба як китоби рӯимизии инглисҳо табдил ёфт.
Соли 1702 дар Пуэрто-де-ла-Круз дар ҷазираи Тенерифе филологи испанӣ Хуан Ириарте, ба дунё омадааст.
Осори муҳимтарини ӯ феҳристи дастхатҳои юнонии Китобхонаи шоҳии Мадрид («Codices graeci manuscripti»), ки танҳо ҷилди аввали он нашр шудааст (Мадрид, 1769); грамматикаи нимпоэтикии лотинӣ, ки пас аз марги муаллиф (Мадрид, 1771) чоп шуда, васеъ паҳн шудааст; ҳаҷвия ва пандҳои лотиниву испанӣ, ки дар баробари достонҳои лотинии ӯ низ пас аз маргаш таҳти унвони «Obras sueltas» (Мадрид, 1774) нашр шудаанд. Ҳаҷвияҳои испании Ириарте ба ҷилди 67-уми «Biblioteca de autores españoles» (Мадрид, 1878) ва мактубҳояш бошад, дар ҷилди 62-юми ҳамин маҷмӯа дохил карда шудаанд.
Соли 1798 дар Аретсо шоири итолиёвӣ Антонио Гуаданоли таваллуд шуд. Шоири итолиёвӣ, иштирокчии ҳаракати озодихоҳии солҳои 1830-1840 буд, ки дар мавзуъҳои сиёсӣ шеърҳои ҳаҷвӣ эҷод мекард. Шеърҳои Гуаданоли ба андозае озод ва оммафаҳманд, ки то имрӯз дар Италия маҳбубияти худро гум накардаанд.
Соли 1901 дар деҳаи Красний Остров нависанда, омӯзгор, шоир ва тарҷумони шӯравии тотор Кавӣ Наҷмӣ, дорандаи Ҷоизаи Сталини дараҷаи дуюм (1951) ба дунё омад.
Кавӣ соли 1919 ба эҷодиёт рў овардааст. Аввалин асарҳои ӯ чандон муваффақ набуданд. Соли 1928 Кавӣ шахсан бо Максим Горкий вохўрд. Пас аз ин вохӯрӣ ӯ чанд китоб, аз ҷумла: «Оташҳои соҳил», «Баҳори аввал», «Фарида»-ро ба табъ расонд. Асарҳо дар байни хонандагон ва мунаққидон муваффакият пайдо карданд.
Кавӣ як қатор асарҳои Александр Пушкин, Лев Толстой, Максим Горкий ва Иван Криловро ба забони тоторӣ тарҷума кардааст.
Наҷмӣ дар соли 1934 яке аз ҷавонтарин раисони Иттифоқи нависандагони Тотористон таъин гардид, ки дар натиҷа сафи душманонашро зиёд шуд. Дере нагузашта ӯ соҳиби хонаи нав гардид ва муддате нагузашта, он ба «клуби нависандагон» шабоҳат пайдо кард, чунки нависандагони машҳури тотор зуд-зуд он ҷо ҷамъ мешуданд.
Дар соли 1937 нависандаро дар пайи маҳкуми миллатгароӣ боздошт карданд. Пас аз шаш моҳ занашро низ бурданд, ки тўли се сол азобу шиканҷаҳоро бо ҳам аз сар гузаронданд.
Дар солҳои ҷанг Кавӣ дар радио кор мекард, вале аз навиштан даст накашид. Ҳамин тавр, Наҷмӣ китоби «Тоторҳо – қаҳрамонони ҷанг»-ро аз чоп баровард.
Соли 1948 ӯ романи таърихии «Бодҳои баҳор»-ро навишт, ки он ба Мукофоти Сталинӣ мушарраф гардид. Дере нагузашта одамони ҳасуд ба муқобили Наҷмӣ боз як туҳмати дигар карданд. Мурофиа оғоз шуд, вале Кавӣ то эълони ҳукми додгоҳ зинда намонд. Аниқтараш ҷисми ӯ дигар тавони бардошти муҳокимаҳои тӯлонии додгоҳиро накард ва дар 55-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1918 дар Киев нависандаи асарҳои тахайюлии шӯравӣ Север Гансовский барандаи ҷоизаи адабии ба номи Аэлита дар соли 1989 барои асарҳои тахайюлӣ зода шуд.
Север Гансовский яке аз адибоне буд, ки асарҳои имлӣ менавишт, намоишномаҳо иншо мекард ва наққоши хушқалам ҳам буд.
Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Иттифоқи Шўравӣ буд. Мактаби шабонаи даҳсоларо хатм кардааст. Соли 1940 ба Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил шуд.
Соли 1941 ихтиёран ба фронт рафт, ки дар натиҷа соли 1942 сахт захмӣ шуд (ҳатто ба аҳли оилааш хабар омада буд, ки ў дар ҷанг ҳалок гардида, дар назди Дубровкаи Москва дафн шудааст).
Ӯ ҳанӯз соли 1950, дар замони донишҷӯӣ ба нашр шурӯъ кардааст. Соли 1959 дар озмуни умумииттифоқӣ барои песаи якпардагӣ «Шимолу ғарби Берлин» мукофоти якум ва барои спектакли «Одамони ин давр» мукофоти дуюмро сазовор шуд. Песаи «Қувваи посбон» низ дар озмун мукофоти якумро гирифт.
Аз солҳои 60-ум инҷониб дар жанри асарҳои тахайюлӣ ҳикоя ва романҳо эҷод кардааст. Нахустин асари тахайюлиаш «Меҳмон аз асри санг» (1960) буд.
Соли 1953 дар Уиттиер иелати Калифорния нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Роберт Чарлз Вилсон барандаи ҷоизаи «Ҳуго» ба дунё омадааст.
Роберт Чарлз Вилсон давраи кӯдакии худро дар Торонто, Онтарио гузаронидааст. Дар солҳои 1970-ум ӯ дар Уиттиер, Калифорния зиндагӣ мекард. Ӯ бештари умри худро дар Канада гузаронд ва соли 2007 шаҳрванди Канада шуд. Вилсон дар асарҳои худ психологизми нозук ва дақиқро бо ғояҳои ҳаяҷонбахши илмӣ-тахайюлӣ муттаҳид мекунад. Стивен Кинг дар бораи ў чунин гуфт: «Уилсон шояд беҳтарин нависандаи илмӣ-тахайюлӣ дар замони имрӯза бошад“.
Романи машҳури ӯ, Spin, як трилогияеро мекушояд, ки он инчунин «Axis» ва «Vortex»-ро дар бар мегирад. Ҳикояи «Ҷулиан: саргузашти солинавӣ», ки ба русӣ тарҷума шудааст, финалисти Ҷоизаи Ҳуго буд ва асоси романи «Ҷулиан Комсток, Ҳикояи 22-юм аср» гардид.
Соли 1953 дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) адиб ва рӯзноманигори тоҷик Иззатбек Идизода чашм ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна (1971) ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 хатмаш кардааст.
Муддате котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», котиби масъули Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия ва муҳаррири варзидаи идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» будааст. Ҳоло мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст.
Шеъру мақола ва очерку лавҳаҳояш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд. Гулчини офаридаҳояш дар беш аз 10 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва китобҳои «Ба ҷӯи нав об омад» (1981), «Шаббода» (1989), «Духтари шаб» (2003) ва «Як гули садбарг» (2014) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.
Чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1961 дар шаҳри Истаравшан Раънои Зоирдухт, шоира ва рӯзноманигори тоҷик ба дунё омад. Дастпарвари Техникуми савдои Тошканд ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ҳоло раиси бахши Истаравшании Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, сардабири моҳномаи «Ганҷи ороста» ва садри «Фарҳангсаройи ориёӣ» мебошад. Аз синфи ҳафтум ба шеъргӯйӣ пардохтааст.
Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаву ҳафтаномаҳои «Паёми Истаравшан», «Пионери Тоҷикистон», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Чархи гардун», «Минбари халқ», «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), «Истиқбол», «Хуҷанд» («Паёми Суғд») интишор ёфтаанд.
Баъдан ба мухлисонаш се маҷмӯаи шеърӣ – «Гули толеъ», «Духтари субҳ» ва «Валодати эҳсос»-ро тақдим кардааст.
«Фарҳангсарои ориёӣ» бо кӯшишу ибтикори ӯ ва сармояи доктор Обтини Сосонфар, раиси анҷумани «Мероси ниёкон» хонум Меҳрафзуни Сосонфар (Порис) ва ҳамдастии раиси «Анҷумани Рӯдакӣ» Масъуди Миршоҳӣ бунёд гардидааст, ки дар тарғибу ташвиқи мероси ниёконамон ҳиссаи сазовор мегузорад.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1964 дар Маскав дар синни 64-солагӣ забоншинос, луғатноманавис, фарҳангнавис, доктори илми филология, олими маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Ожегов аз олам гузашт. Ӯ муаллифи маъруфтарин китоби «Луғати забони русӣ» мебошад, ки бо номи луғати Ожегов машҳур аст. Ин китоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо ба теъдоди зиёд нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин яке аз муаллифони «Луғати тафсирии забони русӣ» мебошад, ки солҳои 1935-1940 бо таҳрир ва зери назари Д.Н.Ушаков чоп шуда буд (1949, бо ислоҳу навсозиҳо, борҳо нашр шуд, аз соли 1992 – бо иштироки Н. Шведова аз чоп баромад). Ин асари нотакрор ва азим луғати маъмули муосирро сабт намуда, мувофиқати калима ва воҳидҳои фразеологии хосро нишон додааст. Захираи луғати Ожегов асоси бисёр луғатҳои тарҷумавиро ташкил медиҳад.
Соли 1973 дар Дивногорски кишвари Красноярск нависанда, филмноманавис ва рўзноманигори рус Иван Ситников, барандаи Ҷоизаи ба номи Астафев ба дунё омадааст.
То синни 18-солагӣ дар Ёқутистон дар шаҳри Нерюнгри зиндагӣ карда, сипас ба кишвари Красноярск баргашт. Дар ВАО ҳамчун рӯзноманигор кор кардааст. Аз соли 2005 ба фаъолияти адабӣ машғул аст. Дар ин муддат достонҳои афсонавии ӯ дар маҷаллаҳои гуногун нашр шудаанд. Дар соли 2006 ӯ барандаи ҷоизаи В.П. Астафев дар бахши «Наср» («Доираи хурд») гардид.
Соли 2011 нашриёти «Притерский Красноярск» маҷмӯаи ҳикояҳои тахайюлии «Сайёраи гурбаҳо»-ро нашр кард.
Соли 1977 дар Порис, шоир, филмноманавис, намоишноманавис, нависандаи шӯравии яҳудӣ Александр Галич (номи аслиаш Гинзбург) дар синни 59-солагӣ аз зарбаи қувваи барқ ҷон дод.
Александр Аркадевич 19 октябри соли 1918 дар Екатеринослав (ҳоло Днепропетровск) таваллуд шудааст. Пас аз чанде, оила ба Севастопол ва соли 1923 ба Маскав кӯчид. Галич дар Маскав мактаби миёнаро хатм кардааст. Аввалин бор ў шеъри «Ҷаҳон дар карнай»-ро нашр кардааст.
Галич дар давраи аввали эҷодиаш барои театр якчанд песаҳо навиштааст: «Кўчаи писарбачаҳо», «Марши сафарӣ», инчунин филмномаҳои «Дўстони ҳақиқӣ», «Дар ҳафт бод». Дар соли 1955 Александр Галич ба аъзогии Иттифоқи нависандагон ва соли 1958 ба аъзогии Иттифоқи кинематографистони ИҶШС қабул гардид. Соли 1969 китоби аввалини ў «Сурудҳо» дар нашриёти хориҷии НТС «Посев» аз чоп баромад. Сабаби 29 декабри соли 1971 аз ҳайати Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Иттифоқи кинематографистони ИҶШС ва ҳатто аз Хазинаи адабиёт хориҷ кардани ў ҳамин буд.
Дар саросари мамлакат спектаклҳо аз рўи песаҳои ў аз саҳна бардошта шуданд, филмҳое, ки аз рўи филмномаҳои ў офарида шуда буданд, рафъ карда шуданд ва дар матбуот таъқиб оғоз ёфт. Ин манъи ҳама гуна фаъолияти касбӣ буд. Танҳо консертҳои хонагӣ боқӣ монда буд, ки ба ӯ даромади хеле кам медод. 25 июни соли 1974 Галич маҷбур шуд аз ИҶШС муҳоҷират кунад. Тибқи як манбаъ, ӯ ба Норвегия барои иштирок дар семинар оид ба осори К.С. Станиславский рафта буд, вале дарҳол баъди убури сарҳад ў аз шаҳрвандии шўравӣ хориҷ карда шуд. 22 октябри соли 1974 бо фармони саридораи адабиёт ва нашриёт ҳамаи асарҳои пештар дар ИҶШС нашршудааш манъ карда шуданд. Аввалин паноҳгоҳи ӯ дар хориҷа Норвегия буд, баъд ба Мюнхен кӯчид ва чанд муддат дар Радиои Озодӣ кор кард. Баҳори соли 1975 Галич ба Иёлоти Муттаҳида сафар кард. Тирамоҳ аввалин бор ба Исроил рафт ва баъдан дар Порис маскан гирифт ва то охири умр он ҷо зиндагӣ кард.
Соли 2012 дар Маскав шоири шӯравии рус Константин Ваншенкин, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС(1985) ва Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия (2001) дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Вай ҳамчун муаллифи шеъру сурудҳои “Ман туро дӯст медорам“ «Алёша», «Валси ҷудоӣ», «Женка» машҳур аст.
Шоир ва насрнависи шӯравии рус Константин Ваншенкин 17 декабри соли 1925 дар Маскав дар оилаи муҳандис ба дунё омада буд. Хонавода шеърро дӯст медоштанд ва шеърхонӣ барои онҳо ба ҳукми анъана даромад буд. Ба туфайли ин Ваншенкин аз хурдӣ ба навиштани шеър шурўъ кард. Вай дар синни 9-солагӣ дар бораи сайёҳони қутб ва қаҳрамонони ҷанги шаҳрвандӣ якчанд шеър эҷод кард.
Ваншенкин аввалин шеърҳояшро соли 1948 чоп карда, нахустин китоби ў «Суруди посбонон» баъд аз се сол аз чоп баромад ва аз тарафи мунаққидон хеле хуб пазируфта шуд. Дар баробари нашри он шеъри «Писарбача» дар маҷаллаи «Новый мир» пайдо шуд, ки хеле машҳур гардид. Пас аз он маҷмӯаи шеърҳо – «Туҳфа» (1952), «Шеърҳои лирикӣ» (1953), «Портрети дӯст» (1955), «Мавҷҳо» (1957), «Лирика» (1959), «Тақдири сарбоз: Шеърҳо» (1960) пайи ҳам нашр шуданд.
Аз ибтидои солҳои 60-ум Вашенкин наср навиштааст, ки асосан тарҷумаиҳолӣ буданд. Муаллифи повестҳои «Ҷавонии артиш» (1960), «Авдюшин ва Егоричев» (1962), «Сухторҳои калон» (1964), «Суроҳӣ бо хурӯс» (1968) мебошад.
Барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС, Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия дар соҳаи адабиёт ва санъат барои маҷмӯаи ашъори «Шишаи мавҷнок» (2001), дорандаи ордени «Барои хизматҳо дар назди Ватан» дараҷаи IV (2001), Ҷоизаи ҳукумати Маскав дар соҳаи адабиёт ва санъат дар соли 2012 мебошад.
Соли 2015 дар Лондон нависандаи асарҳои жанри тахайюлии Австралия Том Арден дар синни 54-солагӣ аз бемории саратон даргузашт.
Том Арден тахаллуси Дэвид Рейн аст, ки зери он асарҳои жанри тахайюлиашро нашр кардааст. Ў асарҳои бадеиашро бо номи аслиаш чоп мекард.
Аввалин романи худро дар синни ҳафтсолагӣ навиштааст, ки он “Фирор аз Моҳ” ном дошт ва дар бораи муҳаққиқони ҷавоне буд, ки аз ҷониби одами бади сайёраи дигар рабуда шуда буданд. Соли 1990 ба Британияи Кабир кӯчид ва дар Донишгоҳи Квинс дар Белфаст (Ирландияи Шимолӣ) дарс додааст. Дар Брайтон ва Лондон ҳам зиндагӣ кардааст.
Вай ҳамчун нависанда баъд аз оғози силсилафилми тахайюлии «Орокон» шуҳрат пайдо кард, ки миёни доираи муайяни хонандагон баҳои танқидӣ ва муваффақият пайдо кард. Ин силсила, ки дар чорроҳаи хаёлоти эпикӣ ва тира навишта шудааст, як намунаи аҷиб ва ғайриоддии адабиёти жанри тахайюлии зеҳнӣ мебошад. Мунаққидон онро бо асарҳои Мервин Пик, Ҷорҷет Ҳейер ва Ҷейн Остин муқоиса кардаанд.
Корҳои минбаъдаи Арден гуногунанд. Аввалан, асрори готикии «Сояи сиёҳ» нашр шуд, ки ҳодисаҳои он дар деҳоти англисии солҳои 50-уми асри гузашта сурат мегирад. Он пеш аз силсилаи «Орокон» навишта шуда буд. Дар соли 2002 достоне барои силсилаи байнимуаллифони «Doctor Who» нашр шуд. Романи «The Translation of Bastian Test» дар чорроҳаи фэнтези ва жанри лмӣ-тахайюлӣ офарида шудааст. Арден барои эҷоди ин роман 12 соли умри худро сарф кардааст.
Том вақти холии худро ба театр, мусиқӣ ва комиксҳо бахшидааст. Вай тамошои қалъаҳои харобшуда ва зиёрати қабристонро дӯст медошт.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА