1042 китоби донишманди тоҷик Искандар Асадуллоев ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

Фарзандони донишманди тоҷик Искандар Асадуллоев беш аз 1000 (1042) китоб аз китобхонаи шахсии падари азизи худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Аксари ин китобҳо дар риштаи фалсафа (392 адад) буданд ва як ҳиссаи дигарашон аз илмҳои мухталиф,  тиб, санъатшиносӣ, рӯзноманигорӣ, таърих, ҷуғрофия баҳс мекунанд.

8 китоб бо чанд забони хориҷӣ, аз чумла англисиву олмонист, 15 китоби адабиётшиносӣ, 145 китоби таърих, 60  китоби ҷуғрофия, 127 китоби бадеӣ мебошад.

Ҳамчунин 75 китоб аз навиштаҳои  худи Искандар Асадуллоев низ тақдими Китобхонаи миллӣ шуд, ки аксари онҳо ба забони русӣ навишта шудаанд. Бештари китобҳои ӯ фалсафиву таҳлили арзишҳои милливу динанд.

ИСКАНДАР АСАДУЛЛОЕВ  26 марти соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, баъдан аз фанни фалсафа рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.  Сипас ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Муддате хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ» ҳам будааст ва созмони ғайридавлатии Маркази иттилотию тадқиқотии «Симурғ»-ро низ таъсис додаву ба он роҳбарӣ кардааст.

Аз моҳи июли соли 1996 ба ҳайси ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1998 ба симати директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кард.

Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи январи соли 2007 сарходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Соли 2003 рисолаи доктории худро бомуваффақият дифоъ намуд.  «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», узви Созмони байналмилалии Гегел ва узви Феҳристи Гегели Олмон буд.

Искандар Асадуллоев яке аз олимони маъруфи соҳаи фалсафа, таъриху ҷомеашиносии кишварамон ба шумор меравад. Муаллифи даҳҳо китобу мақолаҳои арзишманд мебошад.

Дар корҳои илмию тадқиқотии вай масъалаҳои геополитика, фалсафаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Дар намоишноманависӣ низ худро санҷиддааст ва намоиши танзии  «Ишқи ман– демократия» маҳсули қалами ӯст.

Искандар Асадуллоев  16- уми  августи  соли  2018, замоне, ки 69 сол дошт, аз олам даргузашт.

Ёдаш ба хайр. Китобҳое, ки аз ӯ ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуданд, роҳи садҳо нафарро ба сӯи илм рушан хоҳанд кард.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.

 

Теги: китобҳои тақдимшуда, мукаммалгардонӣ