Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15 – уми май

Як-рузи-таърих-15-05-2023Соли 1798 шоир, шарҳиҳолнавис ва декабристи рус Иван Иванович Пушин ба дунё омад. Вай дӯст ва ҳамсабақи Александр Пушкин дар литсеи Императорӣ буд. Баъди зиддияташ бо князи бузург Михаил Павлович даст аз хидмати ҳарбӣ кашид ва дар Палатаи ҷиноии Петербург ифои вазифа кард.

Аз ширкаткунандагони шӯриши 14-уми декабр буд ва барои ин боздошт ва аввал ба ҳукми қатл маҳкум гардид, вале баъдан ин ҳукмро ба ҳукми абад иваз карданд.

Дар шеъре Александр Пушкин ӯро “Дӯсти аввалини ман, дӯсти бебаҳои ман” номида буд.

Сӣ соли умрашро дар бадарға пушти сар кард ва баъди бозгашт соли 1857 бо ҳамсари пешини декабрист Фонвизин Наталя Апухтина издивоҷ намуд. Вале ҳамагӣ се сол бо ӯ зист ва 15 апрели соли 1859  дар синни 60-солагӣ тарки олам кард.

Соли 1862 дар шаҳри Вена нависанда ва намоишноманависи аҳли Австрия Артур Шнитслер таваллуд шуд. Вай дар хонаводаи як яҳудии сарватманд дида ба олам кушод. Таҳсилкардаи донишгоҳи Вена буд. Ба назарияи равонии Фрейд ва таълимоти саҳюнистии Теодор Герсл мароқ зоҳир кард.

Муаллифи намоишномаҳои “Анатол”, ”Бозии муҳаббат”, “Параселс”, “Тӯтити сабз”, “Медарди ҷавон”, “Кишвари дур”, романҳои “Тереза. Сарнавишти як зан”, “Роҳи озодӣ”, повесту ҳикояҳои “Марг”, “Гулҳо”, “Ҳамсари ҳаким”, “Раққосаи юнонӣ”, “Паёмбарӣ”, “Суруди нав”, “Қотил”, “Бозгашти Казаномҳо” ва ғайра мебошад.

21 октябри соли 1931 дар синни 69-солагӣ аз олам рафт.

Эмили-ДикенсонСоли 1886 шоири амрикоӣ хонум Эмили Дикинсон вафот кард. Дар зиндагиаш аз як ҳазору ҳаштсад шеъри навиштаи ӯ фақат ҳафт ё даҳтои онро нашр кардааст. Ҳатто ҳамаи ин шеърҳои нашршуда аз таҳрири ҷиддӣ гузашт, то ба меъёрҳои шоирии он замон мувофиқ гардад. Шеърҳои Дикинсон дар назми муосир ҳамто надоранд. Бисёре аз шеърҳои ӯ дорои ангезаҳои марг ва ҷовидонӣ мебошанд.

Ҳарчанд аксари шиносонаш медонистанд, ки Дикинсон шеър менавишт, мизони кори ӯ танҳо пас аз маргаш маълум шуд, вақте ки хоҳари хурдиаш Лавиния дар соли 1886 асарҳои чопнашударо дарёфт кард. Нахустин маҷмӯаи ашъори Дикинсон дар соли 1890 нашр шуд ва аз ҷониби муҳаррирон ба таври ҷиддӣ таҳрир гардид; нашри пурра ва қариб таҳрирнашуда танҳо дар соли 1955 ба дасти хонандагон расид. Гарчанде, ки эҷодиёти ўро дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ интиқод мекарданд, айни ҳол Эмили Дикинсон аз ҷониби мунаққидон яке аз бузургтарин шоирони амрикоӣ дониста мешавад.

Кэтрин-Энн-ПортерСоли 1890 нависанда, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии амрикоӣ  Кэтрин  Энн Портер зода шуд. Вай соли 1930 бо чопи аввалин китоби худ маҷмуаи достонҳои кутоҳи “Яҳудои шукуфта” худро ба унвони як нависандаи соҳибсабк дар достони кутоҳ муаррифӣ кард. Соли 1966 соҳиби ҷоизаи Пулитсер ва Ҷоизаи миллии китоб шуд. Китоби “Киштии аблаҳон”-и ӯ аз пурфурӯштарин китоби ИМА дар ҳамон солҳо буд ва ин роман барояш шуҳрати зиёд овард.

“Аспи рангпарида, савори рангпарида”. “Бурҷи каҷ”, “Айёми гузашта”, “Киштии аблаҳон, “Яҳудои шукуфта”, “Духтарии Виолетта”, “Ресмон”, “Қабр” ва ғайра номгӯи асарҳои ӯ мебошанд.

18-уми сентябри соли 1980 дар манзили истиқоматии худ аз олам рафт.

Соли 1891 дар шаҳри Киев нависанда, намоишноманавис, коргардони теарт, ҳунарманд, духтур Михаил Булгаков ба дунё омад.  “Қалби сагӣ”, “Хотироти духтури ҷавон”, “Романи театрӣ”, “Гвардияи сафед”, “Иван Висилевич” номгӯи асарҳои ӯ мебошанд. Вале барояш бештар аз ҳама романи “Мастер ва Маргарита” шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз рӯи ин роман дар Русия ва чандин кишвари дигари олам филмҳои ба навор гирифта шуданд.

Михаил-БулгаковБарои романи “Қалби сагӣ” бо ОГПУ (Раёсади адвлатии сиёсӣ дар назди НКВД) мушкил пайдо кард. Ин созмон дафтари хотирот ва нусхаҳои чоии “Қалби сагӣ”-и Булгаковро бо худ бурд. Дафтари хотироташро баъди чанд сол баргардониданд, вале онро худи Булгаков оташ зад. Баъдҳо аз бойгонии ОГПУ ин хотирот пайдо ва чоп шуд. Дар пурсиш Булгаков ошкор изҳор дошт, ки дар асарҳояш ҳисси нафрату адоват нисбат ба низоми Шӯравиро нишон додаву аз сафедҳо ҷонибдорӣ кардааст.

Намоишномаи “Рӯзҳои Турбинҳо” соли 1926 дар саҳнаи театри МХАТ гузошта шуд. Баъди нахустнамоиш ОГПУ онро манъ кард.   Мегӯянд Иосиф Сталин шахсан ин намоишномаро 15 маротиба тамошо кард, вале дар ягон асноди расмӣ тасдиқи ин даъво дида нашудааст, чун он солҳо ҳузури Сталин дар театрҳо  ба далели амниятӣ мумкин набуд. Вале нависанда Лидия Яновская иқрор шудааст, ки Сталин борҳо ин намоишро тамошо карда буд.

Бо вуҷуд атрофи қазия “Рӯзҳои Турбинҳо” гӯмагӯҳо зиёданд. Мегӯянд дар як суханрониаш Сталин гуфта буд: “Рӯзҳои Турбинҳо” як асари зиддишӯравист ва Булгаков аз мо нест”. Вале баъдан шахсан намоиши онро иҷзоат дод (соли 1932) ва то оғози ҷанг касе онро манъ накард.

Аммо дар матбуоти Шӯравӣ борҳо ба ӯ ҳамлаи лафзӣ шудаву осораш ба боди интиқод кашида шудааст. Ба иқрори худи Булгаков зарфи 10 сол 298 маводи танқидӣ нисбати навиштаҳояш чоп шудаву ҳамагӣ дар се мақола аз ӯ пуштибонӣ кардаанд. Дар миёни мунтақидон шахсиятҳои маъруфе чун Маяковский, Безименский, Авербах, Шкловский, Киршон ва дигарон низ буданд.

Булгаков романи “Мастер ва Маргарита”-ро замоне навишт, ки аз дарди ҷонкоҳи ҷигар азоб мекашид, батадриҷ биноии худро аз адст медод. Ба ҳадде, ки духтурон барои коҳиши дард барояш морфий таъин крада буданд ва нишонаҳои ин маводи нашъаоварро муҳаққиқон дар саҳифаҳои дастнависи роман баъди чаҳоряк асри фавти адиб пайдо карда буданд. Мегӯянд “Мастер Маргарита”-ро ӯ мегуфту ҳамсараш Елена Шиловская мекард.

Роман танҳо соли 1966, баъди 26 соли марги нависанда дар маҷаллаи “Москва” чоп шуд ва барои муаллиф шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

10-уми марти соли 1940 дар синни 49-солагӣ аз олам гузашт.

Сайру саёҳатҳои Чичиков”, “Ба дӯсти пинҳон”, “Зиндагии ҷаноби де Молйер” романҳои дигар ӯ мебошанд.

Сол 1891 нависанда, адабиётшинос, муаррихи гурҷӣ Константин Симонович Гамсахурдия ба дунё омад. Ӯро яке аз шинохтатарин насрнависони Гурҷистони асри ХХ медонанд. Падари аввалин президенти Гукрҷистон Звиад Гамсахурдия  буд.

Романҳои “Табассуми Дионис”, “Саҳифаҳо аз ҳаёти Ҳуте”, “Рабудани моҳ”, “Доҳӣ”, “Навдаҳои гул” ба ӯ мансубанд.

Соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт) Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода таваллуд ёфтааст.  Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон будааст ва дар ин ҷабҳа корҳои шоёнеро ба сомон расондааст.

Боқӣ-РаҳимзодаШеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шудааст. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975-1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982-1983), «Шеъру достонҳо» (1983) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст.

Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад.

Ӯ миёни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хоса дошт.

Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Маскав, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Маскав, 1973) ва ғ. чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (1974) буд.

Бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Дар «Боғи Устод Айнӣ» мадфун аст.

Соли 1915 нависанда ва намоишноманависи Швейсария Макс Фриш зода шуд. Машҳуртарин романҳои ӯ “Штиллер”, «Homo Фабер» ва “Худро Гантенбайн хоҳам номид” мебошанд.

Намоишномаҳои “Санта Крус”, “Инак, онҳо боз месароянд”, “Девири Чин”, “Вақте ҷанг ба охир расид”, “Граф Эдерланд”, “Андорра” низ аз ӯ мебошанд.

Соли 1916 нависанда, шоир ва тарҷумони белорус Нина Тарас ба дунё омад.  Аввалин шеърашро замоне навишт, ки дар синфи 3 таҳсил мекард. Ҳамин шеър боис шуд, ки бо ташаббуси директори  мактаб ва ҷалби падараш ӯро барои таҳсил ба гимназия фиристоданд. Баъди се соли таҳсил гимназия баста шуд, вай ба деҳа баргашт ва бовуҷуди он ки вазъи молиии хонавода хеле бад буд, тавонист волидонро розӣ кунонад, ки ӯро ба идомаи таҳсил ба Вилно фиристанд.

Дар гимназияи Виленский вай бо Максим Танк, ки дар газетаи “Наша воля” кор мекард, шинос шуд. Ва аввалин шеъраш ба забони белорусӣ бо номи «Яшчэ, веру, ты, вёска, устанеш…» дар ҳамин нашрия чоп шуд.

камол-айниСоли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар хонадони Устод Айнӣ муҳаққиқ, адабиётшинос  Камол Айнӣ таваллуд шуд. Осораш аз оғози солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба табъ расидаанд.

Мақолаҳои бисёри илмӣ-таҳқиқотӣ навиштааст, ки дар маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва мунтахаб  мунташир гардаанд.

Рисолаҳои «Бадриддин Ҳилолӣ» (1957) ва «Шаҳриёрнома»-и Мухтори Ғазнавӣ» (1964) тааллуқ ба қалами ӯ доранд.

Осори мунтахаби Носири Хусрав (1957, 1971) ва Бадриддин Ҳилолӣ (1958, 1970), «Саломону Абсол»-и Ҷомӣ (1964), рубоиёти Умари Хайём (1965, 1969, 1970, 1972, 1974), мунтахаби осори дуҷилдаи Устод Айнӣ ва «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» (1978), ашъори Абӯалӣ ибни Сино (ҳамроҳи Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов) бо пешгуфтори ӯ ба табъ расидаанд.

Дар таҳия ва нашри матни комили «Шоҳнома» (дар нӯҳ ҷилд, 1964-1966), чаҳорҷилдаи русии ашъори Ҷомӣ (1964), шашҷиладаи осори Устод Айнӣ ба забони русӣ (1970-1975), ҷилдҳои гуногуни Куллиёти осори Устод Айнӣ (1960-2012), баёзи «Звёзды поэзии» (1974), «Шаҳриёрнома»-и Усмони Мухторӣ (1996) ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст.

Асарҳои дар соҳаи таърихи санъати тасвирии форсии тоҷикӣ офаридаи ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ «Ҷомӣ дар минётурҳои асри XVI» (Маскав, 1966) ва «Назми форсии тоҷикӣ дар минётурҳои асрҳои XVI-XVII» (ба забонҳои русӣ ва инглисӣ) дар ҳамдастии ӯ ба табъ расидаанд.

Солҳои дар Эрон фаъолият доштанаш матни илмии интиқодии достонҳои «Ҳумову Ҳумоюн» ва «Гулу Наврӯз»-и Хоҷуи Кирмонӣ (1969), «Вису Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ (1970; ҳамроҳи М.Тодуа ва А.Гваҳария), «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Маҳмуди Восифӣ (нашри ислоҳшудаи дувум, дар ду ҷилд, ҳамроҳи А.Н.Болдирев; 1971-1972), «Татаммат-ун-наҷот» (ҳамроҳи М.Осимӣ ва Ҳ.А.Тарбият, 1980), «Саломону Абсол» (1977)-и Абдураҳмони Ҷомиро ба дасти чоп расондааст. Китоби «Корномаи Садриддин Айнӣ» (1978) ҳам аз ҷониби ӯ таҳия гардидааст. Нашри осори номатбӯъи Устод Айнӣ «Таърихи инқилоби фикрии Бухоро», «Маънои калимаи тоҷик» ва ғ. самараи заҳмати ӯстанд.

Оид ба рӯзгору осори С.Айнӣ ва А.Лоҳутӣ очеркҳои пурарзише навиштааст, ки дар моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд.

Дар ҳамқаламии З.Аҳрорӣ «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома»-ро мураттаб ва соли 1991 дастраси умум гардондааст.

Муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 9» аст, ки борҳо чоп шудааст.

Аз ҷониби ҳафт маркази илмии эроншиносии Шарқу Ғарб ба узвият пазируфта шудааст.

Узви Ҷамъияти амрикоии эроншиносӣ будааст.

Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

15 августи соли 2010 аз олам даргузашт.

Убайд Раҷаб  Соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб ба дунё омад. Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон» (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча – гули бодом» (2012) ва ғайра мебошад.

Маълумоти бештар ин ҷост: 90-соли Убайд Раҷаб

Соли 1939 дар бӯстонсарои Переделкино кормандони НКВД нависанда, тарҷумон, филмноманавис, намоишноманавис ва рӯзноманигор Исаак Бабелро боздошт карданд. Дар пурсишҳо шиканҷа карданд ва маҷбур намуданд иқрор шавад, ки бо Тротский иртибот дошт. Ӯ ҳамчунин “иқрор шуд”, ки миёни нависандагоне чун Валентин Катаев, С.Михоэлс, Г.Александров, С. Эйзенштейн таблиғоти зидди Шӯравӣ мебурд.

27 январи соли 1940 парронда шуд. Аз соли 1939 то соли 1955 исми ӯро аслан аз дабиёти омӯзишии Шӯравӣ берун карданд. Танҳо бо талошҳои Константин Паустовский, ки адибро хуб мешинохт ва хотироташро ҳам дар бораи ӯ чоп карда буд, баъди соли 1956 номаш ба адабиёт баргардонда шуд.

Қазияи чигунаги марги адиб то охир аз ҳамсараш пинҳон карда мешуд. Барояш ҳамеша мегуфтанд, ки зинда аст, дар зиндон. Соли 1954 билохира маълумотнома доданд, ки Бабел соли 1941 бар асари бемории дил аз олам гузашт.

Таҳияи Б.Шафеъ