Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми июн

Як-рузи-таърих-16-06-2023Соли 1313 дар шаҳри Порис яке аз аввалин намояндагони адабиёти башардӯстии замони Эҳё, Ҷованни Боккаччо ба дунё омад.  Ӯро канори Данте яке аз ислоҳгарони забони итолёвӣ медонанд. Бокаччо муаллифи достонҳо дар мавзуъҳои асотири антиқӣ мебошад.

Асарҳои аввалини Боккаччо (давраи Неаполитан) аз достонҳои «Филострато» (тақрибан 1335), “Декамерон”, “Рисолае дар сурдҳои Данте”, «Тезеида» (тақрибан 1339-1341), “Руъёи ошиқона”, “Дар бораи занони номӣ”, “Таронаҳои шубонӣ”,  ва романи «Филоколо» (тақрибан 1336-38) мебошанд, ки дар асоси сужаҳои романҳои асримиёнагӣ эҷод шудаанд.

Соли 1754 шоири бошқир Салават Юлаев, ки дар шӯриши Емелян Пугачёв ширкат дошт, ба дунё омад. Бошқирҳо ӯро қаҳрамони миллии худ медонанд.

Соли 1881 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 76-солагӣ нависанда, ношир ва тарҷумони рус Александра Ишимова аз олам гузашт. Вай 25-уми декабри соли 1804 дар Косторома таваллуд шуда буд.

“Таърихи Русия дар ҳикояҳо барои бачаҳо аз машҳуртарин асарҳои ӯ мебошад, ки борҳо мунташир шудааст.

Murray-LeinsterСоли 1896 дар Норфолк, иёлати Виргиния ИМА нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Мюррей Лейнстер таваллуд шуд. Номи аслии ӯ Уилям Фисджералд Дженкинс (англ. William Fitzgerald Jenkins) мебошад.

Аввалин ҳикояҳои ӯ охири солҳои бистури асри ХХ дар маҷаллаҳои камнуфуз ба мисли Weird Talesчоп мешуданд, солҳои сиюм дар Astounding Science Fiction мунташир шуданд.

Солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар Амрико “асри тиллоии” асарҳои тахайюлӣ меноманд ва Уилям низ басо фаъолона асарҳои худро чоп мекард.

“Сайёраи танҳо”, “Хадамоти тиббӣ”, “Бекорхӯҷа”, “Ҳукумат”, “Вақти мурдан фаро расид”, “Чарлзи муҳтарам”, “Ситораи Оворагард”, “Воқеъияти дигар”, “Сокини сайёраи дигар”, “Дастур”, “Касе киштиро надид”, “Шаҳри мурда”, “Сафари расмӣ”, “Монеаҳо”, “Дарвеш”, “Субҳи Рӯзи қиёмат” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1931 дар шаҳри Ленинград шоир, нависанда, филмноманавис, тарҷумони Шӯравӣ Юрий Ряшенсев ба дунё омад. Вай се маротиба ғолиби озмуни умумииттифоқии тарҷумаи шеър ва барандаи ҷоизаи ба номи Булат Окуджава шудааст.

Гарчанде дар Ленинград таваллуд шуд, вале аз сесолагӣ бо хонавода ба Москав кӯч баст. Падараш аз ҷумлаи  касоне буд, ки бо тамғаи “душмани халқ” соли 1938 кушта шуд. Дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ модараш шавҳари дигар кард ва адиби оянда ба насаби ӯ гузашт.

Аввалин навиштаҳои ӯ дар маҷаллаи тозатаъсиси “Юност” чоп шуданд. Соли 1962 ба сифати корманди адабӣ ба ин маҷалла ба кор даъват шуд ва то солҳои 1990 дар ҳамин нашрия кор кард.

Ряшенсев муаллифи шаш маҷмуаи шеърист.

Николай_Иванович_ЛеоновСоли 1933 дар шаҳри Москав нависанда, намоишноманавис, филмноманавис, муаллифи асарҳои детективӣ ва романҳои ҷосусӣ Николай Иванович Леонов ба дунё омад.

Қаҳрамони як силсила асарҳои ӯ муфаттиш Лев Гуров мебошад.

Устод”, “Ба боздошт шуруъ мекунам”, “Меҳмонсарое дар Пятнитский” ё худ “Занги маро мунтазир шавед”, “Амалиёти Викинг”, “Ринг”, “Паси сатрҳои парванда”, “Шарики ҳуқуқӣ ҷустуҷӯ мекунад” аз ҷумлаи асарҳои детективии ӯ мебошанд. Аксари ин повесту романҳо филмбардорӣ шудаанд.

Соли 1934 Иттифоқи навсандагони Украина таъсис ёфт.

Эрик-СигалСоли 1937 дар Бруклин нависанда, филмноманавис, профессори адабиёти бостон Эрик Сигал ба дунё омад. Ӯро зодаи Ню-Йорк медонанд, ки баъдан муқими Лондан шудааст. Таҳсилкардаи донишгоҳи Ҳорвард, барои гурӯҳи роки британиёии “Битлз” филмномаи анниматсионии “Киштии зарди зериобӣ”-ро навиштааст.

Соли 1970 вовести “Достони ишқ”-и ӯ пурфурӯштарин китоб шуд. Ва бо 33 забони олам беш аз 21 миллион нусха чоп шуд. Соли 1971 филми ҳамноми он пурбинандатарин шуд ва барои филмномаи он ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” –ро аз худ кард.

Соли 1977 китоби “Сарнавишти Оливер” чоп шуд, ки идомаи “Достони ишқ” буд.

Асарҳои Филмномаи хушбахтӣ”, “Мард, зан ва кӯдак”, “Ҳамсабақон”, “Ҳифзи эътиқод низ аз ӯ мебошанд.

Рустами-ХомарахшСоли 1962 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Балҷувон шоир, олим ва пажӯҳишгари тоҷик Рустами Хомарахш (Тағоймуродов Рустам Ҳакимович) таваллуд шуд. Соли 1979 мактаби миёнаи №13 ноҳияи Восеъро хатм карда, донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1982 бомуваффақият анҷом бахшидааст. Соли 1983 вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст.

Соли 1994, баъди хатми курси якум, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ даъваташ кардаанд. Баъди адои хидмат (1986) таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1990 факултаи филологияи тоҷикро хатм кардааст. Ҳамон сол ба мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш ба кор фиристода шуда, солҳои 1990-1993 дар мактабҳои миёнаи ноҳия муаллими забон ва адабиёти тоҷик будааст.

Аз моҳи майи соли 1993 то июни 2005 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурдааст. Аз соли 2000, ҳамзамон, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Фурӯғ»-ро бар уҳда доштааст.

Аз моҳи августи соли 2005 то июли 2006 мудири кафедраи рӯзноманигории донишгоҳи ба номи Носири Хусрав, аз моҳи июли 2006 то ноябри 2007 декани факултаи филология, ҳамзамон, муҳаррири масъули маҷаллаи илмии «Фурӯғи илм» будааст. Моҳи августи соли 2006 дар мавзӯи «Вазни ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» рисолаи илмӣ дифоъ карда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология нойил гардидааст. Аз моҳи ноябри 2007 сардори Маркази илмию татқиқотии донишгоҳи мазкур аст.

Муаллифи рисолаҳои «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Қӯрғонтеппа, 1998), «Муаммои инсон дар илми ҳикмат» (1999), «Амир Хусрав ва такмили авзони ғазал» (2010), «Назари Амир Хусрав ба шеър ва ҳунари суханварӣ» (Қӯрғонтеппа, 2012), «Сохтори жанрии анвоъи шеъри ғинойии Амир Хусрав» (Қӯрғонтеппа, 2013), дафтари шеърҳои «Баҳори хаёл» (1999), «Нигоҳи ноларез» (Қӯрғонтеппа, 2001) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.

Бо нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001) ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001)сарфароз гардонида шудааст.

Узви Иттифоқи журналистон (2005) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2006). (Сомонаи Ит.нав.)

Таҳияи Б.Шафеъ