Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16-уми март

Рузи адабиётСоли 1803 дар Симбирск шоири руси давраи романтизм Николай Язиков ба дунё омад. Вай худро “шоири шодиву роз” ва “шоири айёшиву озодӣ”меномид.

Соли 1792 дар Придонский Ключ, воқеъ дар Воронеж шоири рус Михаил Милонов таваллуд шуд. Вай дар хонаводаи як марди фақир, аммо бохату савод ба дунё омад.

Солҳои 1805-1809 дар Донишгоҳи Москав таҳсил кард. Баъди хатм ба Санк-Петербург рафт ва дар вазорати  корҳои дохилӣ ва баъдан адлия кор кард.

Аввалин шеърҳояш дар маҷаллаи “Утренная звезда” чоп шуданд. Баъдан дар “Вестник Европы» ва дигар маҷаллаҳои Петербург низ фаъол шуд.

Бештар шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт ва як ҳаҷвияи ӯ бар зидди граф Аракчеев ӯро хеле машҳур кард.

aspaziyaСоли 1865 дар Митавск шоира ва намоишноманависи латиш Аспазия, ҳамсари шоир, намоишноманавис, тарҷумон ва сиёсатмадори аҳли Литва Райнис ба олам омад.

Вай ҳанӯз хонандаи мактаб буд, ки шеър менавишт ва аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Гулҳои сурх” соли 1897 чоп шуд. Драмаи “Коҳинзан” соли 1894 ва “Чодари нуқраӣ” –ро солҳои 1901-1905 навишт.

Вай аз ғояҳои сотсиал-демократии ҳамсараш дифоъ мекард. Ҳамроҳи шавҳараш аз соли 1905 то 1920 дар Швейтсария дар муҳоҷират зист.

Чун бозгашт, ӯро дар ватанаш хеле хуш истиқбол гирифтанд ва ду гулгашти зебо дар Рига ба номи ӯ гузошта шуд.

5 ноябри соли 1943 аз олам гузашт.

Соли 1884 дар Смоленск нависандаи Шӯравӣ Александр Беляев таваллуд шуд.  Ӯ аз ҷумлаи аввалин адибони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аксари асарҳои худро дар ҳамин жанр эҷод кардаанд

Дар байни романҳои машҳури ӯ «Сарвари профессор Дауэлл», «Одами дузистӣ», «Ариэл», «Ситораи КЭК» мебошанд. Вай дар умум 70 асари тахайюли офаридааст, ки 17-тои он роман аст. Барои саҳми назаррасаш дар тахаюли илмии рус ва ғояҳои дурандешӣ Беляевро «Жюл Верни рус» меноманд.

6 январи соли 1942 тарки олам кард.

Соли 1935 дар шаҳри Ленинград нависандаи Шӯравии рус Олга Ларионова дида ба олам кушод. Вай нависандаи асарҳои тахайюлӣ буд.

selma-lagerl-f“Аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона”, “Ҷазираи шуҷоат”, “Афсонаи шоҳон”, “Формулаи иртибот” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.

Соли 1940 дар Морбакк дар синни 81-солагӣ нависандаи машҳури шведӣ Селма Лагерлёф аз олам рафт. Вай нахустин зане буд, ки ба ҷоизаи Нобели адабиёт шарафёб шуда буд.

“Муъҷизаҳои Анти Кристо”, “Байтулмуқаддас”, “Афсонаҳои Масеҳ”, “Моҷароҳои шигифтангез”, “Пулҳои ҷаноби Арне”, “Императори Португалӣ”, “Ёддоштҳо”, “Хонаи Лилекрунҳо” асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара Шоири халқии Тоҷикитсон Муҳаммад Ғоиб таваллуд шуд. Вай соли 1977 факултаи физикаю метематикаи  Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кўлобро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси  мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кўлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990  хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд.

muhammad-goibАз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ  вилояти Кўлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои  вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Дар бораи шоири маъруф матлаби ҷудогона дар сомона дорем, ки лутфан ба он таваҷҷуҳ намоед.

Таҳияи Б.Шафеъ.