Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми апрел

Рузи адабиётСоли 1773 дар Жебрак (шаҳре дар Ҷумҳурии Чех) роҳиби калисои католик, шоир, насрнависи давраи Эҳёи миллии чех  Войтех Неедлий ба дунё омад. Вай муаллифи аввалин асарҳо барои кӯдакон дар ватанаш буд.

Войтех бародарбузурги шоир, нависанда ва тарҷумони чех Ян Неедлий буд. Дар кори ҷамъияти Эҳёи миллии чех иштироки фаъолона доштааст.

Соли 1877 нависандаи бузурги рус Лев Толстой романи худ “Анна Каренина”-ро ба анҷом расонд. Ғояи навиштани ин роман 24-уми феврали соли 1870 пайдо шуд ва адиби маъруф ният дошт дар бораи ҳаёти шахсӣ ва муносибати ҳамзамононаш нависад. Вале танҳо моҳи феврали соли 1873 ба навиштани он оғоз намуд. Қисми аввали роман соли 1875 дар маҷаллаи “Руский вестник” чоп шуд.

anna-kareninaДар як муддати кутоҳ роман миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард ва интизори идомаи он буданд. Муҳаррири маҷалла аз чопи сароғози роман, ки қайдҳои танқидӣ дошт, худдорӣ намуд. Роман 17-уми апрели соли 1877 пурра ба анҷом расид.

Бино ба дастхатҳои муаллиф ин роман дар оғоз “Ду никоҳ” номида шуда буд. Боби охири қисми аввали нашршуда бо марги Каренина ба анҷом мерасид, вале роман идома дошт.

Лев Толстой романи худ “Ҷанг ва сулҳ”-ро “китоб дар бораи гузашта” номид, вале “Анна Каренина”-ро “романе аз ҳаёти муосир” унвон кард.

“Анна Каренина” бо бисёр забонҳои олам, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва чоп шудааст.

thornton_wilderСоли 1897 дар Мэдисон, иёлати Висконсон нависандаи амрикоӣ ва намоишноманвис Торнтон Уайлдер таваллуд шуд. Вай се маротиба, солҳои 1928, 1938 ва 1943 барандаи ҷоизаи Пулитсеров шуда буд.

Романҳои “Каббала”, “Пули шоҳ Людовики Муқаддас”, “Роҳи ман ба сӯи осмон”, “Рӯзи ҳаштум”, “Теофил Норт”, пйесаҳои “Фариштае, ки обро ба шӯр овард”, “Тоҷир аз Йонкерс”, “Як сари мӯй аз марг”, “Хостгор” мансуб ба ӯ мебошанд.

Соли 1902 шоир, нависанда, эссенавис, фаъоли сиёсиву ҷамъиятии мексикоӣ  Ҳайме Торрес Бодет таваллуд шуд. Солҳои 1946-1948 Вазири умури хориҷии Мексика ва солҳои 1948 – 1952 Директори кулли ЮНЕСКО  буд.

Соли 1911 нависандаи фаронсавӣ, ширкаткунадаи Ҷунбиши муқовимат, президенти академияи Гонкур, барандаи ҷоизаи байналмилалии Ленин “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо” (1980) Эрве Базен ба дунё омад.

Асарҳои  “Мор дар мушт”, “Марги асп”, “Бархезу бирав”, “Ба хотири писар”, “Равған дар оташ”, “Ҳаёти ҳамсарӣ”, “Садои чуғз”, “Анатомияи як ҷудоӣ”, “Маъбади сабз” аз ӯ мебошанд.

Соли 1928 нависанда, новелланавис, эссенависи амрикоӣ  Синтия Озик таваллуд шуд. Вай дуюмин тифл дар хонаводаи муҳоҷири яҳудӣ аз Глуск – Силия ва ҷияни шоир ва журналисти яҳудӣ Авраам Регелсон буд.

Вай бештар аз ҳаёти яҳудиёни амрикоӣ навиштааст. Кори тарҷумонӣ ҳам мекунад ва яке аз муаллифони хеле машҳур дар Амрикои муосир аст.

gabriel_garcia_marquezСоли 2014 дар Мехико дар синни 87-солагӣ нависандаи колумбиёӣ, намоишноманавис, рӯзноманигор, фаъоли сиёсӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1982 Габриэл Гарсиа Маркес аз олам гузашт. Устоди маъруфи “реализми ҷодуӣ”, муаллифи пурхонандатарин романҳо “Сад соли танҳоӣ”, “Хазони умри Одамхудо”, “Ба сарҳанг касе наменависад, “Муҳаббат дар аёми тоун” ва ғайра буд. Маълумоти бештар дар бораи ӯ ин ҷост:

Зодрӯзи Габриэл Гарсиа Маркеc. Ӯ кӣ буд?

Таҳияи Б.Шафеъ.