Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми май
Соли 1873 дар Асниер-сюр-Сен нависандаи фаронсавӣ Анри Барбюс чашм ба олами ҳастӣ кушод. Анри Барбюс нависанда ва ходими барҷастаи фаронсавӣ мебошад, ки бо романҳои дурандешонаи зиддиҷангии худ шӯҳрати васеъ пайдо кард.
Вай хатмкардаи Донишгоҳи Сорбонна буда, дар он ҷо рисолаи номзадиашро дар риштаи фалсафа дифоъ кардааст. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон ва барандаи мукофоти Гонкур (1916) мебошад.
Анри Барбюс соли 1889 ба эҷодиёт шурӯъ кард ва бо шарофати романи зиддиҷангии «Оташ» (1916) машҳур гардид. Ба услуби Барбюс натурализм (натурализм – табиатгароӣ, равияест дар санъат ва адабиёти нимаи дуюми асри 19 Аврупо ва Амрико, ки ҷараёни ҳаётро дар заминаи зуҳуроти дақиқи биологию физиологӣ ба қалам медиҳад) хос аст. Илова бар ин, ӯ маҷмӯаҳои ҳикояҳои «Ҳодисаҳо» ва «Ҳикояҳои воқеӣ» (1928) навиштааст. Анри Барбюс инчунин асосгузори ҷамъияти байналмилалии зиддиҷангии ходимони фарҳангии «Кларт» ба шумор мерафт.
Нависанда 30 августи соли 1935 ҳангоми сафар ба ИҶШС вафот кард.
Соли 1912 нависандаи рус Павел Владимирович Засодимский аз олам гузашт.
Павел Владимирович Засодимский дар оилаи ашрофи камбизоат таваллуд шудааст. Пас аз хатми гимназияи Вологда (1863) ба Петербург рафта, муддате дар факултаи ҳуқуқшиносӣ дар лексияҳо иштирок мекунад, баъд омўзгори ҷамъиятӣ ва оилавӣ буд. Засодимский асарҳои худро аз соли 1868 ба эҷодиёт оғоз карда, достони «Гунаҳкор», повестҳои «Модагург», «Ў хушҳол аст ва механдад», «Қувваҳои бадӣ», «Хонаи куҳна»-ро навиштааст.
Романи «Ёддоштҳои Ватан» ва «Ахбор деҳаи Смурин» диққати аҳли ҷамъиятро ба худ ҷалб намуд.
Дар соли 1880 Засодимский ходими фаъол ва аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Русское богатство» шуд, ки дар он романи «Асрори дашт» аз чоп баромад. Засодимский барои кўдакон низ асарҳо бисёр навиштааст. Беҳтарин ҳикояҳои ӯ барои кӯдакон дар нашрияҳои алоҳида: «Ҳикояҳои дилнишин» ва «Ҳикоя ва афсонаҳо» ба табъ расидаанд. Засодимский солҳои охири умраш дар вилояти Новгород ба сар бурда ва соли 1912 дар ин ҷо вафот кард.
Соли 1913 маҷмӯаи шеърҳои Владимир Маяковский «Ман!» нашр шуд. Владимир Маяковский аз ҷумлаи машҳуртарин адибони руси аввали қарни ХХ буд, ки бо шеърҳои инқилобӣ ва пуштибониаш аз инқилоби Октябр машҳур аст. Вай 19 июли соли 1893 дар Боқдотити губернияи Кутаисии империяи Русия ба дунё омад.
Маяковский яке аз машҳуртарин чеҳраҳои адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ҳеч касе дар даврони Шӯравӣ ва дар қаламрави кишвари Шӯроҳо ба ҳадди ӯ шеъри сиёсиро ба мазмуни баланд насурудааст. Аммо вай замоне чун шоир шуҳрат ёфт, ки ҳоло инқилоби болшевикӣ пирӯз нашуда буд.
Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид, бо онҳо аз соли 1908 пайваст ва то охир ба ғояҳои ленинӣ содиқ монд. Ҳукумати подшоҳӣ борҳо ӯро барои фаъолиятҳои пинҳонкории ноширӣ боздошт кардаву муддате пас озод намудааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Ман” (“Я”) соли 1913 чоп шуд.
Владимир Маяковский дар 20 солагӣ ба унвони яке аз маъруфтарин намояндагони футуристҳои рус ба шуҳрат ва маъруфият расид. Вай аз ҳеч василае барои интишори афкор ва осори худ бок надошт ва ҳатто дар кӯчаҳо қадам мезад ва барои мардум шеър мехонд. Ҳикоят мекунанд: «Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Русия ӯ ба ҷабҳаҳо мерафт ва дар сангарҳо ашъори худро барои сарбозон мехонд. Мардум аз ашъори ӯ илҳом гирифта, нотарсона ба ҷанг мешитофтанд.
Нотиқи хуб буд, шеърро олӣ мехонд ва тавре мехонд, ки ҳамагонро шефта мекард. Мегӯянд аз шеваи шеърхонии Маяковский сарбозон дар ҷабаҳот дилбастаи адабиёт мешуданд.
Мунаққидон ба ин назаранд, ки ӯ адабиёти манзум ва шеърро бо воқеият наздик карда, онро дар хидмати ниёзмандиҳои муосир гузошт. Ва табдил ба силоҳе барои мубориза дар ростои ҳадафҳои худ намуд.
Маяковский аз сермаҳсултарин шоирони даҳаи аввалу дуюми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Кулли осори ӯ дар сендаҳ ҷилд гирдоварӣ шудааст ва аз ин дувоздаҳ ҷилдаш маҳсули қалами ӯ дар баъди пирӯзии болшевикон аст.
Маяковский 14-уми апрели соли 1930 ба таври асроромез даст ба худкушӣ зад ва пеш аз марг ин навиштаро гузошт: “Барои ҳама мемирам…”
Соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд шоир ва тарҷумони ӯбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол таваллуд шуд. ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи «Регар» (Турсунзода), корманди шуъбаи ӯзбекии радиои тоҷик будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Маҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: «Чашмаи муҳаббат» (1969), «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002).
Соли 1986 дар Маскав китоби русияш «Писари Офтоб» аз чоп баромадааст. Соли 1993 қиссаи «Ҷоми шароб»-аш дастраси умум гардидааст. Соҳиби чаҳор девон аст, ки дар он тамоми ашъори шоир фароҳам омадаанд: «Сурур» (Тошканд, 2004), «Масрур» (2009), «Манзур» (2011) ва «Маъмур» (2013).
Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику ӯзбек месароянд.
Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтӣ, иддае аз ашъори С. Михалков, Л. Ошанин, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, драмаҳои Р. Ҷалил, М. Назаров, А. Атобоев, Ҳ. Содиқ, Ш. Қиёмов, Ш. Солеҳ ва дигаронро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
28 июни соли 2017 вафот кард.
Соли 1935 филмноманависи англис Деннис Поттер ба дунё омад.
Деннис Поттер дар таҳияи филмҳои: «Дӯстони махфӣ» (1991), «Байни ду дарё» (1960) ва силсилафилми телевизионии «Чашмҳои сиёҳ» (1989) ширкат кардааст.
Дар навиштани филмномаҳои «Панниҳо аз осмон» (1981), «Боғи Горкий» (1983), «Корогоҳи сурудхон» (2003) ва ғайра, силсилафилмҳои телевизионӣ: «Песаи рӯз» (1970-1984), Game House ITV (1967) иштирок кардааст. -1982), “Бозиҳо то чоршанбе” (1964-1970) ва ғайра иштирок кардааст.
Соли 1939 дар Миннеаполис нависандаи амрикоӣ Гэри Паулсен таваллуд шуд.
Гэри Ҷеймс Полсен (Гари Паулсен) як нависандаи амрикоии адабиёти ҷавонон аст, ки бо ҳикояҳои худ дар бораи олами вуҳуш маъруф аст. Ӯ муаллифи беш аз 200 китоб ва беш аз 200 мақолаву ҳикояҳо ва инчунин якчанд песаҳо мебошад. Полсен дар соли 1997 аз Ассотсиатсияи Китобхонаҳои Амрико ҷоизаи Маргарет Эдвардсро барои саҳми абадии эҷодиёт барои наврасон дарёфт кард.
Соли 1967 китоби аввалинаш «Баъзе паррандагон намепаранд» ба дӯконҳои китобфурӯшӣ баромад. Дар давоми 7 моҳ ӯ китоби дуюми худ «Ҷаноби Такет»-ро навишт ва нашр кард. Се романи ӯ «Хатчет» (англисӣ: «Hatchet», 1987; роман ба навор гирифта шудааст: филми «Фарёд дар биёбон» 1990), «Хонаи зимистона» (1989) ва «Таронаи саг» (1985) дар байни насли наврас дар саросари ҷаҳон машҳуранд ва инчунин медали ифтихории китоби Ҷон Нюбериро сазовор шудааст.
Гарчанде ки Паулсен бо асарҳое , ки дар бораи Шимоли Дур нақл мекарданд маъруф буд, вай инчунин романҳое ба мисли «Найтҷон» (1993) дар бораи як зани ғуломшудаи африқоӣи-амрикоӣ ва «Ҷаноби Такет» (1969), аввалин роман силсилаи панҷҷилдаи ғарбӣ дар бораи як ҷавони амрикоиҳои бумӣ дар гашти Орегон ва «Мошин» (1993), ки ҳаёти писарбачаи 14-соларо тасвир мекунад, эҷод кардааст.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА