Амонулло Қодир кай таваллуд шудааст?

Амонулло Қодир Дар шаҳодатномаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амонулло Қодир солу рӯзи таваллуди ӯ 10-уми июни соли 1945 навишта шудааст. Аммо худи шарҳи дигар дорад.

«Дар хурдӣ аз забони модар борҳо шунида будам, ки ман дар айёми зоиши бузҳо таваллуд шудаам ва ҳамин гуфтаро ҳангоми гирифтани шаҳодтаноми таваллуд ба котиби ҷамоат «далел» овардам.

Котиб хандида бо салоҳдиди худ дар шаҳодатнома таърихи таваллуди маро 10-июни соли 1945 қайд кард, вале дар ин тахмини ў ду сол иштибоҳ рафта будааст.

Рўзи шаҳодатномагирӣ бо ҳама ҷузъиёташ то ҳанўз дар хотирам боқӣ мондааст.

Ба Совети қишлоқ (ҳоло ҷамоат), ки дар деҳаи Қадиҷўйбор, қариб 10 км аз Сангмела дуртар воқеъ буд, пиёда рафтам. Вақте ба назди котиби ҷамоат даромадам, вай баъди пурсупос рўз ва соли таваллудамро пурсид. Вале ман инро намедонистам. Ваъда додам, ки худи ҳозир рафта аниқ карда меоям. Аз идораи ҷамоат то Сангмела беист давидам. Ҳашшасзанон аз модарам пурсидам, ки очаҷон, ман кадом рўзу сол таваллуд шудаам. Модарам гуфтанд, ки соли аниқашро намедонам, лекин нағз дар хотирам ҳаст, ки рўзи таваллуд  ёфтани ту калбузи пир бузича зоида буд. Гўё ҷавоби даркориро гирифта бошам, боз бо як дав худамро ба деҳаи Қадиҷўйбор, ба назди котиби ҷамоат расонда, гуфтаҳои модарамро нарезондаю начаконда ба ў гуфтам. Котиб аз ханда суст шуд, ниҳоят ба худ омада нимшўхиву нимҷиддӣ чунин гуфт:

– Додар , ту ҳамсоли буғзолаи калбуз, ки бошӣ, рўзи таваллудат ба 10-уми июн рост меояд, яъне ту 10-уми июни соли 1945 таваллуд шудаӣ, фаҳмо?

Ман он замон фикр мекардам, ки котибони ҷамоатҳо ҳама чизро медонанду ин таърихи таваллуд аниқ аст ва хурсанд шуда, «Ҳа, фаҳмидам» гуфтам. Котиби ҷамоат ба ман шаҳодатномаи таваллудро навишта дод.

То наздикиҳо ба ин иштибоҳ на ман, на пайвандонам эътибор медодем. Рўзе дар як нишасти хонаводагӣ бародари калониам Абдулазиз қисса карданд, ки он кас соли 1943 аз ҷанг захмӣ шуда баргаштанд ва ҳамон вақт мани навзод рўи дасти модар будаам…  »

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амонулло Қодир агар зинда мебуд, имсол ба синни 80 мерасид. Ў хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Н. Луначарскийи шаҳри Маскав аст. Пас аз хатми донишкада фаъолияташро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намуд. Ў дар саҳнаи театру синамо нақшҳои мондагоре дар намоишҳое чун «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Табиби зўракӣ», «Дон Жуан», «Як пула савдо-садпула ғавғо», «Латифаҳои деҳот», «Ҳаёт ва ишқ», «Ормон»… иҷро намуд, ки то абад дар ёди ҳаводоронаш нақш хоҳад баст. Ин ҳунарманди нотакрори театру синамо соли 2020 оламро падруд гуфт. Ёдномаи Амонулло Қодиров дар китоби «Ҳамеша дар ёдҳо» нашр шудааст, ки он хотироти дўстону пайвандон ва ҳамкасбону ҳамкоронашро дар бар гирифтааст.

Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди бузурги театру синамои тоҷик, ҳамсабақи Амонулло Қодиров аст, ки доир ба ҳамсабақаш ибрози андеша намуд:

-Амон-ака баъд аз намоиши «Ҳодӣ ва Шодӣ», ки дар он нақши Ҳодиро иҷро мекарданд, бо ҳунари волои худ маҳбуби тамошогарон гаштанд. Амон Қодиров дар телевизион ва кино низ нақшҳои зиёде офаридаанд, ки номашонро абадӣ гардонида.

Соли сеюми хонишамон дар Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Н. Луначарскийи порчаҳо аз «Ҳалокати Умед»-и Гейерманс ва «Табиби зўракӣ»-и Ж. Б. Молйер омода намудем, ки дар онҳо Амон-ака нақшҳои Данте ва Жеронтро моҳирона иҷро карданд, ки ҳам муаллимон ва ҳам мо ҳамкурсон мафтуни маҳорат ва ҳунари нотакрори эшон гаштем. Амон Қодировро дўст надоштан ғайриимкон буд, чунки инсони хоксор, ҳалиму меҳрубон, хайрхоҳ, бидуни ғурур, такаббур ва дорои истеъдоди худодод буданд. Эшон аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна нақшҳо мебаромаданд ва ҳамеша муваффақ буданд.

Ба андешаи Шодӣ Солеҳ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амонулло Қодиров дар саҳнаи зиндагиву театр соҳибҳунар буд ва хандиду хандонд, хандаҳо холӣ набуданд. Хандаҳои ба гиря олуда, меҳри мухлисонро нисбат ба ин ҳунарманд бештар мекарданд. Дарҳои садову симову синамо, саҳнаҳои толорҳои эҷодӣ ба рўяш боз буданд. Саҳна барояш майдони ҷавлон буд. Каъба рафт, ба ҳарам раҳаш доданд, тавоф кард, ҳоҷӣ баргашт.

Абдулҳафиз Қодиров:

Соли 1977 ў яке аз бузургтарин даргоҳи ҳунар, Донишкадаи театрии шаҳри Маскаваро бо дипломи сурх хатм намуда, ба Ватани хеш баргашт ва дар театри тозабунёди ҷавонони Тоҷикистон фаъолияти хешро оғоз намуд. Аз шурӯи фаъолият худро ба баҳри беканори мазҳака зад ва зуд дар байни халқ маҳбубият пайдо кард. Дар кӯчаҳо мардум ўро мешинохтагӣ шуданду бо овози баланд «Ана Ҳодӣ, ана Шамсӣ Кавракович», гуфта бо эҳтиром саломаш медоданд.

Амонулло Қодиров дар ҷодаи санъати театрӣ ҳунарманде буд мутобиқ ба ҳама жанрҳо. Силсилаи нақшҳои драмавиаш низ бартар буданду нотакрор.

Дар кадом намоишномае, ки Амонулло Қодиров нақшофарӣ мекард, образеро меофарид, ки тору пуди он аз ҷустуҷўҳои беохири эҷодӣ бофта шуда буд. Бо забони дигар гўем, ў месўхту месохт.

Ортиқ Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодировро ҳунарпешаи фидоиву сарсупурдаи касби хеш номидааст ва гуфтааст, ки  ў бо завқу салиқаи хосса ҳамаи нақшҳои худро хеле табииву самимӣ, бо маҳорати баланду истеъдоди худодод бозида, дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, дар синамо ва телевизиони тоҷик бисёр образҳои барҷаста офаридааст.

«Амон Қодиров ба ҳадде ба ҷаҳони ботинии қаҳрамонони худ фурў мерафт ва чеҳраи онҳоро ба ҳадде устодона пардоз менамуд, ки тамошобин ба куллӣ фаромўш мекард, ки дар саҳна ҳунарпеша Амон Қодиров аст»,- иброз доштааст ҳунарпеша Ортиқ Қодир.

Мураттиби китоби «Ҳамеша дар ёдҳо» Баҳманёр аст ва маҷмуаи хотираҳои ҳампешагону дўстони Амонулло Қодировро дар бар мегирад. Се нусха аз ин китоб ба Китобхонаи миллӣ расидааст ва хонандагон метавонад аз онҳо истифода кунанд.

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа.