Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19-уми ноябр
Соли 1692 намоишноманависи англис Томас Шадуэлл аз олам гузашт.
Соли 1711 нависанда ва донишманди аҳли Русия, донишноманавис, физикдон, кимиёшинос, асосгузори дарёнавардии илмӣ ва кимиёи физикӣ Михаил Василевич Ломоносов дар деҳаи Денисовка ба дунё омад. Ломоносов 4 (15) апрели соли 1765 дар синни 54-солагӣ аз варами шуш вафот кардааст. Ӯ ҷуғрофидон ҳам буду металург ҳам ва дар ситорашиносӣ мумтоз ва дар геология низ кашфиётҳо доштааст. Таборшинос, муаррих, наққош, омӯзгор… ва ғайра буд.
Соли 1825 адиби маъруфи рус Александр Пушкин драмаи таърихии худ “Борис Годунов”-ро ба анҷом расонд. Ин замоне буд, ки Пушкин дар Михайловск дар бададарға ба сар мебурд. Тавре аз номаш пайдост ин достонест дар бораи ҳокимияти шоҳи рус Борис Годунов.
Соли 1845 дар шаҳри Ню-Йорк маҷмуаи Эдгар По “Калоғон ва шеърҳои дигар” чоп шуд. Эдгар По нависанда, шоир, веростор ва мунаққиди адабии Амрико буд. Ӯро аз поягузорони ҷунбиши романтики Амрико ёд мекунанд. По аз аввалин нависандагони достони кутоҳ дар Амрико ба ҳисоб меояд.
Соли 1900 адиби Олмонӣ Анна Зегерс бадунё омад. Анна Зегерс баъди сари қудрат омадани Ҳитлер дар Олмон ба Фаронса рафт. Ва чун Фаронса низ аз ҷониби фашистони олмонӣ ишғол шуд, худро ба сахтӣ ва Мексика расонд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1947 ба Олмони Шарқӣ баргашт ва пас аз он ки ин кишвар ба ду тақсим шуд, дар Берлин бимонд. Романҳои машҳури ӯ: “Ҳафтумин салиб”, “Мурдаҳо ҷавон мемонанд”, “Тасмим ва эътимод” мебошанд.
Соли 1924 нависандаи чех Ян Отченашек ба дунё омад.
Соли 1937 Академик Пётр Капитса ба ҳукумат номаи эътирозӣ навишт. Вай аз он эътироз мекард, ки ба донишмандон хондани маҷаллаҳои хориҷиро манъ карда буданд.
Соли 1942 нависанда ва наққоши лаҳистонӣ Бруно Шултс аз ҷониби фашистон ба қатл расонда шуд.
Соли 1948 шоир ва нависандаи русу узбек Владимир Германович Валилйев ба дунё омад.
Соли 1954 нависанда, драматург, мутарҷим, публисист, рўзноманигор Мансур Суруш (Сайфиддинов Мансур) ба дунё омад. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1977) ва шўъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд (1988) аст. Солҳои 1977-1992 ба ҳайси тарҷумони рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), мухбири рўзномаи «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета»), дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), мудири шўъбаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» хидмат намудааст. Солҳои 1993-2005 корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 2005-2009 сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» буд Аз соли 2009 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1995, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Лоҳутӣ мебошад.
Соли 2011 шоири рус Владимир Иванович Фирсов тарки олам кард. Вай барандаи ҷоизаи давлатии Русия ба номи Горкий ва ҷоизаи Комсомоли ленинӣ буд.
Соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербург нависандаи асарҳои тахайюлии рус Борис Стругатский аз олам гузашт. Вай 79 сол дошт.
Таҳияи Б.Шафеъ