Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми июл

як-рузи-адабиёт-21-07-2023Соли 1796 дар Дамфрис, шоир ва фолклоршиноси шотландӣ Роберт Бернс дар синни 37-солагӣ даргузашт. Вай 25 январи соли 1759 дар деҳаи Аллоуэй, дар оилаи деҳқон Вилям Бернс  ба олам омада буд. Соли 1765 падараш фермаи «Маунтин Олифант»-ро ба иҷора гирифт ва Роберти хурдсол маҷбур шуд, ки дар қатори калонсолон кор карда, гуруснагӣ ва душвориҳои дигари зиндагиро аз cap гузаронад. Аз соли 1783 Роберт бо лаҳҷаи айширӣ ба эҷоди шеър шуруъ кард.

Аввалин китоби Бернс бо номи «Шеърҳо бо лаҳҷаи шотландӣ» соли 1786 нашр шуд. Дар он давраҳо инчунин: «Ҷон тухми ҷав», «Гадоёни хушҳол», «Дуои Виллии муқаддас» ва «Бозори муқаддас»-ро эҷод кардааст. Шоир дарҳол дар тамоми Шотландия машҳур мешавад.

Соли 1787, Бернс ба Эдинбург кӯчид ва он ҷо бо тарғибкунандаи фолклори Шотландия Ҷеймс Ҷонсон вохӯрд, ки дар якҷоягӣ ба нашри маҷмӯаи «Осорхонаи мусиқии Шотландия» шурӯъ карданд. Дар ин нашриёт шоир аксарияти қисса ва асарҳои худро нашр кардааст. Китобҳои нашршуда Бернс даромади муайян меоварданд. Вай кӯшиш мекард, ки ҳаққи қалами худро худро барои иҷораи ферма сарф кунад, аммо бар ивази он, танҳо сармояи хурди худро аз даст дод.

Роберт Бернс тарзи ҳаёти хеле озод дошт. Соли 1787 ӯ бо дӯстдоштаи деринаи худ Жан Армор издивоҷ карда, соҳиби панҷ фарзанд мешавад. Аз соли 1787 то соли 1794 достонҳои машҳури «Тэм оШентер», «Камбағалии маъсумона», «Қасида бахшида ба хотираи хонум Освалд» офарида шудаанд.

Соли 1816 Пол Ҷулиус Рейтер, асосгузори бузургтарин агентии иттилоотии инглисӣ Reuters ба дунё омадааст.

David_BurliukСоли 1882 дар хоҷагии «Семиротовка» шоир ва рассоми украинӣ Давид Бурлюк, яке аз асосгузорони футуризм  (футуризмҷараёни шаклпарастонае, ки дар санъат ва адабиёт дар ибтидои асри ХХ дар Италия ба вуҷуд омада буд ва рӯҳияи буржуазияро ифода мекард),   таваллуд шудааст.

Давид Давидович Бурлюк тавре, ки худи ў гуфтааст «беҳтарин рассом дар байни шоирон ва беҳтарин шоир миёни рассомон» буд, воқеан беҳтарин филмгузор дар  аввали асри ХХ ба шумор мерафт.

Вай, чунон ки ҳоло мегӯянд, лоиҳаи бомуваффақиятро бо номи «Гилея» «кушод» ва дар атрофи худ як гурўҳ шоирон ва рассомонро, ки баъдтар кубофутуристон номида мешуданд, муттаҳид менамояд. «Ситора»-и асосии Бурлюк Маяковский буд, ки маҳз шахсияти ҷанҷолии ӯ дар назари ҷомеа таҷассуми моҳияти футуризм гардид.

Ганс ФалладаСоли 1893 нависандаи олмонӣ Ҳанс Фаллада ба дунё омадааст.

Номи аслии ӯ Рудолф Вилгелм Фридрих Дитсен аст. Падараш ҳуқуқшиноси худраъй буд ва шояд ҳамин омил монеъ шуд, ки бо писараш он қадар муносибати хуб надошт. Ҳангоми таҳсил дар гимназия, Рудолф писари хеле сустирода ва заиф буд, бо ҳамсолонаш забон ёфта наметавонист. Рудолф ҳатто гимназияро ҳам хатм накардааст.

Замони таҳсил дар гимназияи Рудолштадт, бо дӯсташ бо баҳонаи дуэл тирпарронӣ мекунанд, ки дар натиҷа ў ҷароҳат мебардорад, аммо дўсташ бошад захмӣ шуда, вафот мекунад. Рудолфро ба куштор муттаҳам карда, ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ мефиристанд. Дар мурофиаи судӣ ӯро девона эълон карда, муҷозоташ намекунанд.

Солҳои 1917-1919 рў ба майзадгӣ оварда, муштоқи  ҷавҳари тарёк мешавад. Вале дере нагузашта ў пайи ин ҳодисаҳои зиндагиаш дар андеша рафта, аз тамоми одатҳои бад даст мекашад. Маҳз дар ҳамин давра ў ба навиштани аввалин романҳояш оғоз мекунад.

Ба ду романи аввалин навиштааш умуман таваҷҷуҳ нашуд. Бо вуҷуди ин, соли 1931 бо нашри романи Деҳқонон, худписандон ва бомбаҳо” муваффақият ба даст меорад.

Соли 1898 нависанда-баҳрнавард Леонид Сергеевич Соболев таваллуд шудааст. Вай Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи Сталин дараҷаи 2 буд.

Очерки аввалини ў зери унвони «Ленин дар Ревел» соли 1926 нашр шудааст. Солҳои 1930 дар эҷодиёти Леонид Соболев дар мавзуи баҳр  романи «Таъмири асосӣ», маҷмуаи очерку ҳикояҳои фронтии «Рўҳи баҳр», достони «Шуълаи сабз» пайдо шуданд. Инчунин бо қалами ў китобҳои адабӣ-танқидӣ ва публитсистии «Дар роҳи асосӣ», «Шамоли замон» ва филмномаҳо навишта шудаанд.

Эрнест ҲеменгуэйСоли 1899 дар Оук Парк, Иллинойси ИМА нависандаи амрикоӣ, рўзноманигор, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1954), Эрнест Ҳемингуэй чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Эрнест Миллер Ҳемингуэй дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Ҳангоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, ҷавонро ба сафи артиш қабул накарданд, чунки бар асари зарби сахт хӯрдан, як чашмаш аслан намедид. Бо вуҷуди ин, дар соли 1918 Хемингуэй ҳамчун ихтиёрии Салиби Сурх ба ҷабҳаи Италия рафт. Баъди се моҳ нависандаи оянда сахт захмӣ шуд. Пас аз таркиши мина дар бадани ӯ 237 пораи тири тўп дармондааст.

Соли 1920, Ҳемингуэй аз ҷанг баргашта, бо Ҳелли Ричардсон издивоҷ кард. Ҳаёти оилавии онҳо ҳамагӣ чор сол давом кард.

Ҳемингуэй зери таъсири муошират бо аъзоёни доираҳои адабӣ ба навиштан шуруъ намудааст. Хусусияти кори Ҳемингуэй ҳақиқатнигории мушаххас бо тобиши қавии экзистенсиалистӣ буд. Нависанда кўшиш мекард, ки дар асарҳояш «ба моҳияти ҳодисаҳо роҳ ёбад» ва «ҳақиқатро гўяд».

Аввалин китоби Ҳемингуэй — «Се ҳикоя ва даҳ шеър» соли 1923 нашр шуд. Соли 1925 маҷмуаи «Дар замони мо», соли 1926 — романҳои «Обҳои баҳор», «Офтоб тулуъ мекунад», соли 1927 — маҷмуаи ҳикояҳои «Мардон бидуни занон”  аз чоп баромаданд.

Дар ин давра нависанда аллакай хеле машҳур гардида буд. Вай бо нашриёти Чарлз Скрибнер ба ҳамкории самарабахш шурӯъ мекунад. Дар соли 1927 Ҳемингуэй бори дуюм ба рӯзноманигори олмонӣ Полин Пфайфер издивоҷ кард. Тахминан дар ҳамин вақт романи «Видоъ бо аслиҳа” пайдо шуд, ки муаллифро дар ҳақиқат машҳур гардонд. Баъдан асарҳои «Марг дар нисфирӯзӣ» (1932), «Пуштаҳои сабзи Африқо» (1935) ва ғайра рўйи чоп омаданд.

Нависанда бисёр сафар мекард. Таассуроти сафарҳояшро дар асарҳои «Марг дар нисфирузӣ» ва «Барфҳои Килиманчаро» тасвир кардааст.

Ҳангоми иштирок дар муҳориба ба хотири Испания, романи «Доштан ва надоштан» (1937), пйесаи «Колоннаи панҷум» (1938), филмномаи «Хоки Испания» (1938), романи «Зангўла барои кӣ занг мезанад?»-ро (1940) эҷод кардааст.

Инчунин дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳемингуэй дар ташвиқоти зиддифашистӣ фаъолона иштирок кардааст.

Соли 1952 бошад,  повести «Пирамард ва баҳр» аз чоп баромад. Соли 1954 барои ин повест нависанда Ҷоизаи Нобели адабиётро сазовор шуд.

ПИРАМАРД ВА БАҲР

21 июни соли 1961 Ҳемингуэй худро парронд. Сабабаш рўҳафтодагии шадиде буд, ки муддати тӯлонӣ ӯро азоб медод.

Соли 1911 нависандаи канадиёӣ  Маршалл Маклюэн ба олам омадааст. Ӯ як андешаманди шинохтаи аҳли Канада буд, ки Маркази мутолеоти расонаиро дар Донишгоҳи Торонто таъсис дод.

“Дарки расонаҳо”, “Расона паём аст”, “Ҷанг ва сулҳи ҷаҳон”, “Фарҳанг тиҷорати мост”, “Расона ва нур. Бозтобҳо дар дин” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.

John-Champlin-Gardner-JuniorСоли 1933 дар Батавия, Ню Йорк нависандаи амрикоӣ Ҷон Гарднер таваллуд шудааст. Ў дар оилаи воиз ва омӯзгори забони англисӣ тарбия ёфтааст. Аз хурдӣ ба адабиёт ва мусиқӣ шавқ зоҳир мекард. Дар соли 1951, Гарднер ба Донишгоҳи Депо дохил шуд, аз донишҷӯи факултети химия сар карда, дере нагузашта ба омӯзиши адабиёт гузашт. Дар соли 1953, пас аз издивоҷ, ӯ аз Донишгоҳи Депо ба Донишгоҳи Вашингтон дар Сент-Луис гузашт ва пас аз ду сол онро хатм кард. Дар соли 1956 дар Донишгоҳи Айова унвони устоди санъатро гирифт.

Соли 1971 маҷмӯаи шеърҳои асримиёнагии англисӣ аз ҷониби Гарднер тарҷума ва нашр шуданд, ки миёни онҳо “Марги Артур” низ буд. Гарднер аз соли 1974 ба омўзиши достони Гилгамеш машғул шуда, соли 1976 ба тарҷумаи назми ин эпосро, ки барои оммаи васеъ мувофиқ шудааст, шуруъ намуд. Ин иқдомро ў соли 1982, чанде пеш аз маргаш анҷом дод.

Гарднер ба достони «Беовулф» таваҷҷӯҳи хоса дошт, ки дар ин мавзу ӯ дар донишгоҳҳои гуногун як қатор машғулиятҳо гузаронидааст. Дар миёнаҳои солҳои 1970 Гарднер мубталои саратони рӯдаи рост шуд. Дар ибтидои солҳои 80-ум ӯ бо мушкилиҳои зиёд корашро идома медод. Бо вуҷуди ин, дар соли 1980 ӯ ба ҳамкори худ аз Донишгоҳи Ню-Йорк Лиз Розенберг издивоҷ кард. Оилаи ҷавон ба Сускеанна, Пенсилвания кӯчиданд ва дар филиали донишгоҳ корашонро идома доданд. Онҳо соли 1982 бар асари муносибати  байни Гарднер ва нависанда Сюзан Шрев аз ҳам ҷудо шуданд.

Вале Ҷон Чемплин Гарднер 14 сентябри соли 1982, ду ҳафта пеш аз тӯйи таъиншудааш бо Сюзан Шрев дар садамаи автомобилӣ даргузашт. Пас аз марги Гарднер, ду дастурамал барои нависандагони оянда «Санъати адабиёт» ва «Чи тавр романнавис шавам?» рўйи чоп омаданд.

Соли 1934 дар Днепропетровск шоир-тарҷумон ва очеркнависи шӯравии рус Анатолий Гелескул ба дунё омадааст.

Соли 1954 шоир ва мутриб Сипер Михаил Саулович таваллуд шудааст.

Майкл-КоннелиСоли 1956 дар Филаделфияи Пенсилвания нависандаи амрикоӣ, муаллифи романҳои детективӣ Майкл Коннеллӣ ба дунё омадааст.

Аз соли 1980, Коннелли дар рӯзномаҳои Дейтон Бич ва Форт Лодердейли Флорида фаъолият кардааст. Вақте ки мақолаи ӯ дар бораи наҷотёфтагони ҳавопаймои суқуткардаи Delta Airlines, ки аз Форт-Лодердейл ба Лос-Анҷелес парвоз мекард, барандаи ҷоизаи Пулитсер гардид, Майклро ба Los Angeles Times, яке аз бузургтарин нашрияҳои ин кишвар ба кор даъват карданд.

Се сол пас аз оғози кори худ дар Los Angeles Times, Майкл аввалин романи детективи худ “Black Echo” (1992) менависад. Китоб ба рӯйдодҳои воқеӣ асос ёфтааст ва аввалин силсилаи асарҳо дар бораи афсари полиси Лос-Анҷелес Гарри Бош буд. Барои ин китоб Майкл Коннеллӣ ҷоизаи Эдгар Аллан Поро барои «романи аввалини беҳтарини нависандаи амрикоӣ» сазовор шуд.

Майкл ин силсиларо идома дода, пайдарпай китобҳои “Яхҳои сиёҳ” (1993), “Малламўй дар бетон” (1994) ва “Киёоти охирин“-ро (1995) нашр кард. Дере нагузашта рўзноманигориро комилан тарк кард ва худро ба навиштан бахшид.

Соли 1994 бошад, вақте президенти ИМА Билл Клинтон аз дӯкони китоб бо китоби «Blonde in Concrete»-и Коннеллӣ баромад, Майк бештар шўҳратманд гашт.

Романҳои Коннеллӣ ба 24 забон тарҷума ва силсилаи романҳои Гарри Бош бо теъдоди 7 миллион нусха нашр шудаанд. Аз рўйи як қатор романҳои ў филм ба навор гирифта шудааст.

Майкл Коннеллӣ барандаи бисёре аз ҷоизаҳои бонуфуз ба шумор меравад. Коннелли президенти Ассотсиатсияи нависандагони детективи Иёлоти Муттаҳида буд. Ҳоло нависанда бо аҳли оилааш дар Флорида зиндагӣ мекунад.

Олга ОнойкоСоли 1984 дар Маскав нависандаи рус Олга Онойко таваллуд шудааст.

Олга Онойко бори нахуст соли 2005 дар нашриёти “Лениздат” бо романи “Нажоди бартаридошта” бо тахаллуси Олег Серегин баромад кардааст. Дар соли 2007 бошад ҳамин нашрия идомаи романи «Бандари ваҳшӣ»-ро нашр кард.

Соли 2007 романи сеюми Олга Онойко бо номи «Чораҳои ҷарроҳӣ» ҷоизаи «Дебют»-ро дар бахши фантастика ба даст овард. Ин ва китобҳои минбаъдаи муаллиф бо номи аслиаш нашр шудаанд.

Дар соли 2009 Олга Онойко ҷоизаи ҳавасмандгардонии муаллифи ҷавони Ҷамъияти илмии бадеии аврупои (Ҷоизаи ESFS Encouragement Award)-ро сазовор шуд.

Edgar-Lawrence-DoctorowСоли 2015 дар Ню Йорк нависанда, филмноманавис ва муҳаррири амрикоӣ Эдгар Доктороу  дар синни 84-солагӣ аз саратони шуш даргузашт.

Эдгар Доктороу дар Коллеҷи Кениони факултаи филология  таҳсил кардааст. Баъди хатми омўзишгоҳ ду сол (1953-1955) дар сафи артиш хидмат мекунад. Пас аз бозгашт аз артиш ӯ се сол дар Columbia Pictures фаъолият карда, аз соли 1959 нависандаи оянда панҷ сол ба ҳайси муҳаррири калон дар Китобхонаи нави Амрико кор кардааст. Ва аз соли 1964 вазифаи сармуҳаррири Dial Pressро ба ӯҳда дошт. Соли 1969 Доктороу тасмим гирифт, ки ба адабиёт ва омӯзгорӣ машғул шавад. Ў аввалин романҳои худро ҳанӯз дар Columbia Pictures навишта буд.

Аввалин романаш «Китоби Дониил», соли 1971 нашр шуд, ки пас аз 10 сол аз рўйи он филм ба навор гирифта шуд. Соли 1978 дар Ню Йорк дар Театри Шекспир пйесаи ӯ “Нўшобаҳо пеш аз хӯрок” ба саҳна гузошта шуд. Давоми чанд соли охир Доктороу ҳамчун адабиётшинос машҳур шудааст, нависанда аз соли 1975 инҷониб борҳо соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Аз рўйи 3 романи ӯ филмҳо таҳия гардидаанд, романи «Ragtime»-и ў ба бестселлер табдил ёфтааст.

Соли 2019 нависанда, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Пол Красснер дар синни 88-солагӣ даргузашт.

Краснер нависандаи сермаҳсул буд. Се маҷмӯаи ҳикояҳояш дар бораи нашъамандӣ аз чоп баромадааст. Аз соли 1971 маҷмуаи асарҳои дустдоштаашро дар маҷаллаи ҳаҷвии «Реалист» нашр мекард, ки худ  муҳаррири доимии он ба шумор мерафт.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА