Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми ноябр
Соли 479 то милод назарияпардози сиёсӣ, файласуф ва муаллими Чини бостон Конфутсий аз олам гузашт. Вай соли 551 то милод таваллуд шудааст. Бунёдгузори аввалин донишгоҳ буд, кулли дастхатҳои то замонаш расидаро ба як система даровард. Таълимоти ӯ дар сиёсат, ахлоқ, иҷтимоъ омӯзанда ва барои ҳар замон муносиби истифода будааст. Асарҳои боқимонда аз ӯ бо аксари забонҳои олам, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.
Соли 1694 дар Порис адиб ва файласуфи маъруф, таърихнигори фаронсавӣ Волтер (Франсуа Мари Аруэ) ба дунё омад. Волтер муаллифи асарҳои таърихии «Таърихи Карли XII» (1732), «Асри Людвики XIV» (1751), «Дар бораи одобу русум ва маънавиёти мардум» бо муқаддимаи «Фалсафаи таърих» (1756), «Таърихи империяи Русия дар аҳди Пётри Кабир», «Таърихи парламенти Порис» (1769) мебошад.
Волтер аз намоишноманависони шинохташудаи кишвараш буд. Вале ба осори фалсафии ӯ таваҷҷуҳи бештар мешавад. Ӯ дар замонҳои гуногун аз ҷониби ҳокимон барои ақидаҳои сиёсиаш таъқиб ҳам шудаасту табъид ҳам.
Соли 1835 шоир, романнавис, зиндагиноманавис ва рӯзноманигори аҳли Шотландия Ҷеймз Ҳогг аз олам гузашт. Ӯ 64 сол дошт. Шуғлаш дар ҷавонӣ чӯпониву кишварзӣ будааст. Як шахси худомӯзе буд ва ҳар чизе медонист, аз тариқи хондани китоб буд. Бо бисёре аз нависандагони асри худаш мукотибаву дӯстӣ доштааст. Аз ҷумла бо Волтер Скотт – романнависи маъруфи замонаш робитаҳои хуби дӯстона доштааст.
Соли 1844 дар шаҳри Санк-Петербурги Русия беҳтарин ва шинохтатарин афсонапардоз ва ҳикоятнависи ин кишвар Иван Крилов дар синни 75-солагӣ оламро тарк гуфт. Ӯ эҳтимолан беҳтарин латифапардоз миёни ҳама адибони рус аст. Дар осораш бештар нокоромадии низоми бюрократии ҳоким дар ҷомеаро мазаммат кардааст. Асарҳои Крилов бо забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ баргардон ва борҳо нашр шудаанд.
Соли 1940 дар шаҳри Синович романнависи украин, муаллифи пурхонантатарин ҳикояҳои ҳаҷвиву фелетонҳо Роман Теодорович Дидула ба дунё омад. 7-уми январи соли 2022 бар асари бемории қалби дар шаҳри Лвов аз олам гузашт.
Соли 1944 дар шаҳри Грознии Чеченистон нависандаи асарҳои тахайюлӣ, барандаи ҷоизаи адабӣ барои асарҳои тахайюлӣ “Аэлита” (1993) Василий Звягинсев таваллуд шуд.
Соли 1991 дар шаҳри Москав дар синни 67-солагӣ шоираи Шӯравӣ, Котиби Иттифоқи навсандагони СССР, Вакили мардум дар парламони Иттиҳоди Шӯравӣ Юлия Друнина худкушӣ кард. Друнина аз ҷумлаи адибони ҷанговар буд, ки дар майдони ҷанг аз хумпораҳо захмӣ шуда буд. Беҳтарин шеърҳои худро ба ёди ҳамсилоҳонаш навиштааст.
Сабабҳои худкушии ӯро марги ҳамсараш, таҳаввулоти сиёсӣ дар кишвар ва барҳам хӯрдани идеалҳоест, ки шоира барои онҳо мезист, медонанд.
Соли 2011 дар Ирландия нависандаи асарҳои тахайюлӣ Энн Маккефри тарки олам кард. Вай 85 сол дошт.
Соли 2019 дар иёлати Аризона адиби тахайюлнависи амрикоӣ Гэйхен Уилсон аз олам рафт.
Соли 2021 дар шаҳри Москав дар синни 84-солагӣ адабиётшинос, муаррихи адабиёт, матншинос, доктори илмҳои филологӣ Мариэтт Чудакова дида аз олам пӯшид. Чудакова аз ҷумлаи қурбониёни кронавирус КОВИД-19 буд.
Таҳияи Б.Шафеъ