Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24 феврал

arkanzhela-tarabottiСоли 1604 дар Венетсия нависандаи итолиёии Венетсия Арканжела Таработти, роҳиби низоми суннати Бенедикт (як низоми руҳонӣ дар мазҳаби католики Румӣ) ба дунё омадааст.

Арканжела Таработти (ному насаби аслиаш – Эллана ё Елена Кассандра Баратотти) дар оилаи серфарзанди тоҷири Венетсия таваллуд шудааст. Вай дар миёни ёздаҳ фарзанд, ки шаш нафари он духтар буд, духтари калонӣ ба шумор мерафт. Бо сабаби мушкилоти молӣ, дар синни 12-солагӣ аз ҷониби волидонаш ба дайри Бенедикт Аннаи муқаддас дар Кастелло дода шуд.

Вай ҳуқуқ ва имконияти аз дохили дайр баромадан надошт ва ба шарофати дӯстону шиносонаш, ки хабарҳои дунявиро ба ӯ мегуфтанд ва китоб меоварданд, сатҳи дониши худро хеле боло бурд. Бо мурури замон доираи меҳмонон ва ташрифоварандагон васеъ гардид, нависандагон ва шоирони машҳур, аъзои Академияи номаълум (Accademia degli Incogniti), аз ҷумла Ҷованни Бусенелло, Ҷироламо Брусони, Ҷован Франческо Лоредано ва дигарон.

Бо як қатор китобҳое, ки дар онҳо аз ҳимояи занон, вазъи имрӯзаи оила, расму оин, одобу ахлоқ, муносибат ба зан ҳамчун мол, мавқеъи зертобеъ ва таҳқири онҳо дар ҷомеа, роҳибкунии иҷбории занон, бадбахтӣ ва дигар паҳлӯҳои зиндагии занон маъруф аст, ошно шуд. Вай муътақид буд, ки ҷаззобияти зан, зебоии онҳо аз ҳуқуқ ва шаъну шарафи онҳо ҷудонашаванда аст ва занон бояд дар душвортарин вазъи зиндагӣ зери ҳимоя  қарор дошта бошанд.

Асарҳои «Зулми падарон», «Дӯзахи дайрӣ», «Таҳқири зани бадбахт дар издивоҷ», «Биҳишти дайрӣ» ва «Номаҳо» (ягона асараш, ки бо номи худаш нашр шудааст) мансуби ўянд.

Соли 1852 Николай Гогол ҷилди дуюми дотсони “Ҷонҳои мурда“-ро сӯзонд. Дар бораи ин ҳодиса гумону шубҳаҳо хеле зиёданд, ки шояд оянда матлаберо атрофи он нашр кунем.

Соли 1853 дар Санкт-Петербург, дар театри Александринский, нахустнамоиши намоишномаи Александр Островский “Субҳи як ҷавон” баргузор шуд.

Соли 1869 Александр Островский бо рассом Мария Василевна Бахметева издивоҷ кард.

rashid-abdulloСоли 1910 дар шаҳри Самарқанд Рашид Абдулло ба ҷаҳон омадааст. Ӯ бародари Ғанӣ Абдулло буд. Соли 1932 факултаи филологияи Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст.

Ба ҳайси котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», мудири шуъбаи ада-бии чанде аз нашрияҳои ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи филмномаҳои Идораи киносозии Ду-шанбе кор кардааст.

Бо даъвати КМ ЛКСМ Тоҷикистон ба водии навободи Вахш рафта, дар мактабҳои деҳот муаллимӣ ва дар маъракаи барҳам задани бесаводӣҳиссагузорӣ кардааст.

Аз ибтидои солҳои сиюм ҳамчун шоири ли-рик ном баровардааст.

Соли 1933 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон достони «Қодир»-и ӯ дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст, ки аз вазъи рӯзгор ва кору пайкори нахустин трактористо-ни тоҷик ҳикоят мекунад.

Соли 1935 бахшида ба фотеҳони водии Вахш силсилаи шеърҳо чоп кунонда, соли 1936 достони «Вахш»-ро пешниҳоди умум гардондааст.

Чанд шеъраш ба русӣ тарҷума ва чоп шуда-анд. Худи ӯ шеърҳои алоҳидаи Н.Ҳикмат ва М.Ю.Лермонтовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

24 феврали соли 1938 аз олам даргузашт.

Соли 1924 рассоми рус, яке аз асосгузорони услуби шадид А.В. Васнетсов ба дунё омадааст. Соли 1991 вай ба унвони Ҳунарпешаи халқии ИҶШС сарфароз гардонида шудааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1979), Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС (1985), Ҷоизаи Комсомоли ленинӣ (1972), Ҷоизаи Президенти Федератсияи Россия (1999) ба шумор меравад.

6 декабри соли  2009 дар синни 85-солагӣ аз олам гузашт.

oktaviya-batlerСоли 2006 дар Лейк-Форест-Парк, иёлоти Вашингтон яке аз маъруфтарин нависандагони асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Октавия Батлер, барандаи ҷоизаҳои Nebula, Hugo ва Locus, дар синни 58-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.

Дар соли 1995, вай аввалин нависандаи асарҳои тахайюлӣ буд, ки ба стипендияи Мак-Артур Грант, бунёди Ҷон Д. ва Кэтрин Т. МакАртур ба маблағи 295,000 доллар мукофотонида шуд.

Нахустин достони ӯ   бо номи «Убур» (англ. Crossover, 1971) буд, ки дар аввалин тазкираи Кларион нашр шуд. Ҳикояи дуюм, Ҷўяндаи кӯдакон” аз ҷониби Ҳарлан Эллисон барои тазкираи худ “Рӯёҳои хатарноки охирин, харидорӣ гардид, ки ҳеҷ гоҳ рўйи чопро надидааст.

Соли 1976 аввалин романи Октавия Батлер бо номи «Хўҷаини Матритса» нашр шуд. Дар солҳои минбаъда, Батлер чаҳор роман эҷод кард, ду роман, “Қавми ваҳшӣ” (1980) ва “Ақли ақли ман” (1977) ба таърихи пеш аз зуҳури «Хўҷаини матритса», “Киштии Клэев” бахшида шудаанд.

Романи «Хешовандон» соли 1979 маъруфтарин асари нависанда эътироф шудааст. Ҷолиб он аст, ки ин китоб чанд бор аз ҷониби ноширони гуногун рад карда шуд, вале баъдан ба бисёр барномаҳои муассисаҳои таълимии Иёлоти Муттаҳида ворид гардид. Соли 2004 нашри 25-уми роман чоп шуд.

Аз соли 1998  Октавиа Батлер ба истилоҳ  ба “сукути адабӣ” рафт. Романи баъдии  «Fledgling» (2005) яке аз беҳтарин таҷдиди жанри вампир ва инчунин як таҷрибаи ғайриодӣ дар муносибат бо мавзӯъҳои нажод, озодӣ, қудрат, ҷаззобият ва оила ном бурда мешавад.

pajmonСоли 1955 дар деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд адиб Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба дунё омад. Фаъолияти эҷодии Паймон аз солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи ҳамагонӣ оғоз ёфтааст. Навиштаҳои аввалинаш дар маҷаллаи «Машъал»-и Тоҷикистон чоп шудаанд. Намунаҳои дигари ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мунтазам ба чоп мерасанд. Нашриёти «Адиб» (Душанбе) дар баёзҳои «Чакомаи пирӯзӣ» ва «Чил қалам» намунаҳоеро аз шеъру рубоиҳои ӯ ҷой додааст. Соли 1991 нашриёти «Адиб» нахустин китоби ашъори ӯро таҳти унвони «Санги навишта» ва нашриёти «Ёзувчи» (2000, Тошканд) таҳти номи «Шабовез» ба табъ расонданд.

Паймон ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул шуда, шеърҳои алоҳидаи шоирони тоҷикро ба ӯзбекӣ ва иддае аз ашъори шуарои ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.