Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24-уми май
15 сол пеш аз милод дар Рум шоири Руми бостон, сарлашкар ва арбоби давлатӣ Германик ба олам омад. Вай марди шуҷоатманд, саховатманд ва хоксор буд. Номи пурраи ӯ Германик Юлий Сезар Клавдиан (лот. Germanicus Iulius Caesar Claudianus) буд. Ҳамчунин бо нои Тиберий Клавдий Нерон Германик ва Нерон Клавдий Друз Германик (лот. Nero Claudius Drusus Germanicus) шинохта мешавад. Вале дар аксари манобеъи хаттӣ бо номи Германик ёд шудааст.
Аз нутқу ҳаҷвҳои ӯ ба забони юнонӣ чизе боқӣ намондааст. Танҳо 686 байти тарҷумаи лотинии «Фаеномена»-и Аратус, ки ба ӯ нисбат дода шудаанд, то замони мо расидаанд. Якчанд эпиграммаҳои лотинӣ ва юнонӣ низ бо номи Germanicus маҳфуз ёфтаанд.
Соли 1848 дар қалъаи Меерсбург шоир, нависанда ва оҳангсози олмонӣ Аннет фон Дросте–Хюлшофф дар синни 51-солагӣ аз илтиҳоби шуш даргузашт.
Аннет фон Дросте-Хулшофф 10 январи соли 1797 дар шаҳри Ҳулшофф дар наздикии Мюнстер ба дунё омад. Вай дар оилаи бузурги ашроф, католикҳои консервативӣ ба воя расидааст.
Аннет духтари соҳибақл ва ҳассос, донандаи панҷ забон буд ва аллакай дар ҷавонӣ ба навиштани шеър шавқ пайдо кард. Ду кӯшиши бебарори нашри осораш ӯро ба афсурдаҳолӣ бурд ва тӯли чанд сол адабиётро тарк кард.
Соли 1834 Дросте-Хюлшофф ба қалъаи Мерсбург дар соҳили кӯли Констанс кӯчид, ки дар он ҷо хоҳараш Ҷенни бо шавҳараш, маскан гирифтанд. Маҳз дар ҳамин ҷо Аннет бо Левин Шеккинг, ҷавоне, ки ҳабдаҳ сол аз ў ҷавон буд, вохӯрд ва ошиқ шуд.
Ошиқони мафтуни ҳусну ҷамоли якдигар ишқи худро бо шеър эҳё мекарданд. Ду дилдода рўзҳои худро дар табиати зебо паси сар карда, ба ҳамдигар шеърхонӣ мекарданд.
Аммо дар моҳи апрели соли 1942 Шеккинг Мерсбургро тарк кард ва пас аз чанде ӯ бо зани ҷавонаш баргашт. Аннет фон Дросте-Хулшофф аз ин хиёнати дӯстдоштааш дар ҳайрат монда, дар маҷмуаи ашъоре, ки соли 1844 ба табъ расида буд, ғаму андуҳашро ифшо кард. Дар шеърҳо хиёнати инсон, мушоҳидаи маънавии табиат, шубҳаҳои динӣ тасвир ёфтаанд.
Шоира ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардааст ва ишқи нобарор, ки ба хиёнати маъшуқаш табдил ёфт, ба саломатии Аннеттаи миёнасол таъсири амиқ расонд. Дар соли 1843, фон Дросте-Хулшоф аввалин бор дар ҳаёташ бемор шуд, ки сабаби бемориаш хастагии асаб буд. Аз асабоният бемор торафт ҳолаш бад шуда, нишонаҳои бемории сил пайдо гардид. Аннет фон Дросте-Хюлшофф ниҳоят дар синни панҷоҳу яксолагӣ дар Меерсбург бар асари илтиҳоби шуш даргузашт.
Аннет фон Дросте-Хюлшофф дар таърихи адабиёти Олмон асосан ҳамчун шоири асри XIX машҳур аст, ки эҷодиёти ў бо лирикаи махсус фарқ мекунад.
Дар соли 1842 шоира повести «Дарахти олаши яҳудӣ» (Die Judenbuche: Ein Sittengemälde aus dem Gebirgichten Westfalen)-ро нашр мекунад, ки дар заминаи таърихӣ ба рӯйхати беҳтарин асарҳои жанри корогоҳӣ шомил аст. Сужаи хуб таҳияшуда ва образҳои равшан достони куштор, гунаҳкорӣ ва тантанаи адолатро тасвир мекунанд, ки дар пасманзари манзараҳои деҳоти Вестфалия гузошта шудаанд.
Насри шоираи немис бо реализм ва дарки тези образҳои психологиаш фарк мекунад. Мутаассифона, достони дуюми ӯ «Ҷозеф: Ҳикояи ҷиноят» нотамом монд.
Соли 1892 шоири латиш Эдуард Вейденбаум бар асари бемории сил вафот кард.
Эдуард маълумоти олии худро дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Дорпат гирифта, оид ба иқтисодиёт ва ҳуқуқ як қатор асарҳо навиштааст: «Ёддоштҳо оид ба иқтисоди сиёсӣ» (1886), очерк «Дар бораи моликияти хусусӣ, капитализм ва вазифаҳои синфи коргар» (1886, соли 1908 нашр шуд) – аввалин асари марксистӣ ба забони латишӣ «Инкишофи таърихии ҳуқуқи ҷиноятӣ ва асоси фалсафии он» (1891), «Очеркҳои механика» (1894) ва ғайра. Шеърҳои аслии Э.Вейденбаум пас аз маргаш ба табъ расида, махсусан дар замони бедории миллии Латвия ва Инқилоби якуми Русия эътирофи васеъ пайдо карданд.
Соли 1905 дар хоҷагии ба номи Кружилин нависандаи шӯравӣ Михаил Шолохов, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1965 ба олам омад.
Михаил Александрович Шолохов ҳамсоли инқилоби якуми рус аст. Вай роҳи эҷодии худро дар давраи тавлиди адабиёти шўравӣ оғоз намуда, дар солҳои охири мавҷудияти ИҶШС ба охир расонд. Шолохов ба инкишофи ҳаракати адабӣ, ба монанди реализми шўравӣ ҳиссаи калон гузоштааст.
Нависанда дар айёми ҷавонӣ дар кумитаи инқилобӣ омўзгори синфҳои ибтидоӣ буд. И.В.Сталин ба истеъдоди М.Шолохов баҳои баланд дода, ӯро бо бонуфузтарин мукофотҳо, аз ҷумла Ҷоизаи Сталин қадрдонӣ кардааст.
Шолохов аз ҷумлаи онҳое буд, ки ҷуръат карда ба И.В.Сталин, фикрашро дар бораи фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ ва коллективонидан ошкоро баён кард.
Романи «Дони Ором» (1928–1–2 ҷилд, 1932– 3 ҷилд, 4 ҷилд, соли 1940) дар бораи қазоқҳои Дон дар Ҷанги якуми ҷаҳон ва ҷанги шаҳрвандӣ ба Шолохов шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин асар, ки якчанд достонро муттаҳид мекунад, эпос номида мешавад. Нависандаи коммунисте, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1917-1922) ҷонибдори сурхҳо буд, дар роман ба казакҳои сафедпўш мавқеи калон медиҳад ва қаҳрамони асосии ў – Григорий Мелехов дар охири повест ҷонибдори сафедпўшон мемонад. Ин боиси танқиди коммунистон гардид; аммо ин гуна романи баҳсталабро шахсан И.В.Сталин хонда, ба чопаш иҷозат медиҳад.
Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, «Дони ором» ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, дар Ғарб маъруфият пайдо кард ва пас аз ҷанг он дар Шарқ низ муваффақ шуд.
Муддати тӯлонӣ, ҷомеа бо истилоҳ «масъалаи Шолохов», ки дар замони зиндагии нависанда ба миён омадааст, нигарон буд. Бисёриҳо шубҳа доштанд, ки оё воқеан Шолохов романи «Дони Ором»-ро навиштааст ё не? Баъди нашри ҷилди якум дар байни мунаққидон суоле ба миён омад: магар ҷавони бистудусолае, ки маълумоти ҷиддӣ нагирифтааст, чунин асари дурахшонро эҷод карда метавонад? Ақидае вуҷуд дошт, ки Шолохов дастнависи офитсери ҷавони ҳамхидматашро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок шуда буд, аз худ карда, аз нав навишта бошад. «Дони Ором» ҳамчунин ба муаллими казак Фёдор Крюков, ки аз домана фавтидааст, нисбат дода мешуд. Худи Шолохов, ки аз ҳуҷуму шубҳаҳои доимӣ хаста шуда буд, бо хоҳиш ба рўзномаи «Правда» муроҷиат кард, ки дастнависҳои се ҷилди роман-эпопеяро тадқиқ намояд. Экспертиза дурустии дастнависҳо ва муаллифии Шолоховро тасдиқ кард.
Романи «Дони ором» классикии асри ХХ маҳсуб мешавад.
Асарҳои «Хол», «Ҳикояҳои Дон», «Дашти нозанин», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд, «Тақдири инсон», «Илми нафрат», «Сухан дар бораи Ватан» низ мансуби ўянд.
Михаил Александрович Шолохов 21 феврали соли 1984 дар қишлоқи Вешенская вафот кард.
Соли 1912 нависанда ва намоишноманависи шӯравии украинӣ Михайло Стелмах, барандаи Ҷоизаи Ленинӣ (1961) ва Ҷоизаи Сталини дараҷаи сеюм (1951) , дар Дяковтси таваллуд шудааст.
Стелмах Михайло Афанасевич дар оилаи деҳқони камбағал ба воя расидааст. Соли 1929 баъди хатми мактаб ба техникуми педагогии Виннитса, баъд ба шуъбаи адабии Институти педагогии Виннитса дохил шуда, онро соли 1933 хатм мекунад ва солҳои 1933-1939 ба ҳайси омўзгор фаъолият кардааст. Дар солҳои ҷанг маҷмуаҳои ашъори Михайло Стелмах дар Воронеж ва Уфа нашр мешуданд. Аз соли 1936 ба фаъолияти адабӣ машғул шуда, муаллифи трилогияи романҳо: «Хеши калон» (1950), «Хуни инсон об нест» (1957), «Нону намак» (1959) мебошад. Ин трилогия дар киностудияи ба номи А.П.Довженко филмҳои «Хуни инсон об нест» (1960), «Дмитро Горитсвит» (1961), «Одамон ҳама чиро намедонанд» (1963) ба навор гирифтааст. Михайло Стелмах инчунин муаллифи романҳои «Ҳақиқат ва дурӯғ» (1961), «Хаёли ту бар сар» (1969), повестҳои бачагонаи «Ғозону қувон парвоз мекунанд» (1964), «Шоми босаховат» (1967) мебошад. Аз рӯи филмномаҳои Михайло Стелмах филмҳои зерин офарида шудаанд: «Дар болои Черемош» (1954), «Зинда бод, Украина!». (1958), «Нону намак» (1970), «Ғозону қувон парвоз мекунанд» (1974), «Шоми босаховат» (1976).
Михайло Стелмах 27 сентябри соли 1983 вафот кард. Писараш Ярослав Стелмах нависанда ва филмноманавис мебошад.
Соли 1940 дар Ленинград шоир, очеркнавис, намоишноманавис ва тарҷумони русу амрикоӣ Иосиф Бродский, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1987 чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Иосиф Бродскийи то понздаҳсолагӣ дар мактаб хондааст. Ба шеър шавқи ҷиддӣ дошт ва ба омӯзиши забони лаҳистонӣ ва тарҷумаи шоирони Лаҳистон шурӯъ кард. Соли 1964 ӯро барои «муфтхурӣ» боздошт шуд ва ўро ба панҷ соли бадарға маҳкум карданд.
Соли 1965 ба шафоати ходимони маданият ва зери фишори афкори ҷамъиятӣ чи дар ИҶШС ва чи берун аз он пеш аз муҳлат озод карда шуд. Дар ин миён ягон маҷалла ё нашриёт ҷуръат накард, ки ашъори ӯро чоп кунад. Ба ў муяссар шуд, ки дар маҷмуаи «Рӯзи назм» ҳамагӣ чор шеър, чанд шеъри бачагона ва тарҷумаҳояшро нашр кунад.
Бинобар ин соли 1972 маҷбур шуд, ки ба ИМА муҳоҷират кунад. Бродский ба забони англисӣ ҳам эҷод кардааст. Дар Ғарб, асосан дар ИМА ҳашт китоби ашъор ба забони русӣ ба табъ расидаанд: «Шеър ва достонҳо», «Истгоҳ дар биёбон», «Дар Англия», «Анҷоми даврони зебо», «Қисмати сухан», «Элегияҳои румӣ», «Урания» ва ғ.
Соли 1987 ба ӯ ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дода шуд.
Бродский солҳои охири умри худро дар Ню Йорк гузаронда, 28 январи соли 1996 аз сактаи қалб дар Ню Йорк даргузашт, мувофиқи васияташ ӯро дар Венетсия дафн карданд.
Соли 1941 сарояндаи амрикоӣ, рассом, нависанда ва актёри синамо Боб Дилан, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2016 дар Дулути Миннесота ба дунё омад.
Соли 1963 нависанда ва филмноманависи амрикоӣ Майкл Шейбон, барандаи Ҷоизаи Ҳуго дар Вашингтон таваллуд шуд.
Майкл Шейбон, нависандаи достонҳои кӯтоҳ бо романи барандаи ҷоизаи Пулитсери худ “The” шӯҳрат пайдо кард. Шейбон дар лоиҳаҳои мухталифи филм ва телевизион, аз ҷумла филмномаҳои «Одам-анкабўт» ва «Одам-анкабўт 2» саҳм гузоштааст. Шейбон барои эҷодиёти худ ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла ҷоизаҳои Ҳуго, Небула ва Брам Стокерро сазовор шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки ӯ аввалин романи худро замоне, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, нашр кард ва аз он замон ба як нависандаи пурмаҳсул дар жанрҳои гуногун табдил ёфт.
Соли 2009 шоир, таронанавис ва мақоланависи тоҷик Абдулло Қодирӣ аз олам гузашт. Ӯро маъруфтарин таронасарои кишвар медонанд. Бо тахаллуси Мумтоз эҷод мекард.
Абдулло Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд. Дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии ҷумҳуриро бар уҳда доштааст.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Риштаи тасвир» (1979), «Хандаи субҳ» (1982), «Боргоҳи ишқ» (1983), «Чамани хаёл» (1985), «Оби нуқра» (1986), «Айёми гул» (1989), «Гулшани роз» (ба ҳуруфи форсӣ, 1992), «Баҳои ҷон» (1993), «Сабзаи мижгон» (2000), «Сукути гиряҳо» (2004), «Меҳроби сухан» (2004) ва ғайра ва дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби «Саодати омӯзгор» (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.
Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, «Ветерани меҳнат» (1998).
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
24 майи соли 2009 аз олам даргузашт.
Матлаби дигаре ҳам дар бораи ӯ дар сомона дорем, ки умедворем лутфан мурур мекунед.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА