Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25 – уми декабр

Як-рузи-адабиёт-25-12-2023Соли 1813 шоири олмонӣ Фридрих Вебер ба дунё омад. Вай аввал дар риштаи филологӣ таҳсил кард, баъдан рӯ ба тиб овард ва баъди як сафари басо тӯлонӣ ба Олмон, Фаронса ва Италия билохира тасмим гирифт табиб бошад.

Вай ба ҷуз тарҷумонӣ бо достоннависӣ ҳам кард ва муаллифи як достони эпикӣ бо номи «Dreizehn Linden» мебошад, ки аз муборизаи масеҳиён бо бутпарасон ҳикоят мекунад. Ин достон соли 1888 чоп шуд ва баъдан 42 маротиба ба такрор рӯи чоп дид ва маъруфияти хос пайдо кард.

Соли 1916 дар шаҳри Москав забоншиноси Шӯравӣ ва рус  Наталия Шведова дида ба олам кушод. Духтари мунаққиди адабӣ Юлий Айхенвалд аст. Падарашро соли 1922 ҳамроҳ бо як гурӯҳолимон ва кормандону фаъолони фарҳангӣ ба хориҷа ронда буданд, ки баъдтар, соли 1928 ба таври фоҷеавӣ дар Берлин аз олам гузашт.

Наталя Шведова яке аз ҳаммуаллифони Луғати Ожегов буд.

18 сентябри соли 2009 дар синни 92-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт.

Владимир-КороленкоСоли 1921 Владимир Галактионович Короленко – нависандаи саршиноси рус, рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи башар аз олам гузашт. Вай яке аз мантиқдонҳои басо қавӣ дар подшоҳии Русия ба шумор мерафт. Чехов дар бораи ӯ навишта буд: “Ман омодаам савганд хӯрам, ки Короленко хеле инсони хуб аст. На танҳо баробар бо ӯ қадам задан, балки аз паси ӯ рафтан ҳам хушҳолӣ илқо мекунад”.

“Хоби Макар”, “Мусиқинавози нобино”, “Бе забон” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1925 дар Кахамарк нависанда, инсоншинос ва этнографи амрикоӣ Карлос Кастанеда таваллуд шуд. 12 китоби вай бо17 забони дунё тарҷума шуда, 7 миллион нусхаи он ба фурӯш рафтааст. Аксари асарҳояш миёни файласуфон ва мардумшиносон ҷанҷолбарангез будааст.

Сафар ба дигар сӯ”, “Афсонаи қудрат”, “Даҳумин ҳалқаи қудрат”, “Оташи дарун”. “Қудрати сукут”, “Ҳаракати ҷодуӣ”, “Чархи замон”, “Каронаи фаъоли бекаронагӣ” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1935 дар шаҳри Порис дар синни 83-солагӣ нависанда ва мунаққиди фаронсавӣ Пол Бурже тарки олам кард. Асарҳои вай дар Фаронса маъруфияти зиёд доштанд. Машҳуртарин асари ӯ романи “Шогирд” буд.

Соли 1938 дар шаҳри Прага нависандаи саршиноси чех Карел Чапек бар асари бемории илтиҳоби дутарафаи шуш аз олам гузашт. Ӯ ҳамагӣ 48 сол дошт.

Соли 1936 ӯ номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. “Достонҳои ранҷовар”, “Номаҳое аз Инглистон”, “Тасовири ҳуландӣ”, “Шаҳоб”, “Модар”, “Зиндагии мутавассит”, “Искандари кабир”, “Марги Архимед”, “Марди хашин”, “Номаҳое аз Итолиё” теъдоде аз навиштаҳои ӯянд.

Соли 1938 нависанда ва филмноманависи аҳли Русия Аркадий Иосифович Хайт ба дунё омад. Вай барои фаъолиятҳои ҳунариаш барандаи Ҷоизаи давратии Иттиҳоди Шӯравӣ шудааст. Аркадиё Хайт  муаллифи филмномаҳои филмҳои машҳури тасвирии “Ҳоло ист!” ва “Гурбае бо номи Леополд” мебошад.

Худойназар АсозодаСоли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон) адиб, адабиётшиноси камназир, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмии тоҷик профессор Худойназар Асозода ба ҷаҳон омадааст.

Солҳои 1970-1971, 1973-1976 дар аспирантураи кафедраи адабиёти советии тоҷики факултаи номбурда таҳсил кардааст.

Ҳамчунин, солҳое чанд дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Соли 1976 ба сифати ассистенти кафедраи адабиёти советии тоҷик пазируфта, соли 1978 бори дигар ба Афғонистон фиристода шудааст.

Солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, ба тадқиқи илмии насри дарии Афғонистон машғул шудааст ва соли 1989 (дар Маскав) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Соли 1990 ба унвони професорӣ мушарраф гардидааст.

Аз сентябри соли 1992 то марти 1993 вазифаи муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Баъдан, аз апрели 1993 то майи 1996, мудирии кафедраи назария ва адабиёти тоҷик буда, моҳи майи соли 1996 декани факултаи филологияи тоҷики ДМТ интихоб гардида, то июни соли 1999 адои вазифа намудааст.

Аз сентябри соли 1999 то 2005 мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, аз соли 2005 то 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2008 то дами фавташ профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Нахустин мақолаву тақризҳо ва рисолаҳои Х.Асозода охири солҳои 60 ибтидои 70 эҷод шудаанд.

Дар оғози фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба масъалаи тасвири симои коргар дар осори нависандагони муосири тоҷик таваҷҷӯҳ намуда, доир ба ин мавзӯъ китоби «Симои коргар» (1983)-аш аз чоп баромадааст.

Солҳои 80-90 садаи ХХ, баробари тадриси адабиёти муосири тоҷик дар факултаи филология, дойираи омӯзиш ва таҳқиқи худро васеъ намуда, ба пажӯҳиши масоили умдаи се ҳавзаи адабӣ – адабиёти шӯравии тоҷик, адабиёти даризабони ҳамзамони Афғонистон ва адабиёти муосири Эрон даст задааст.

Дар баробари силсилаи мақолаҳо, дар Кобул рисолаи ӯ «Нигарише ба насри муосири дарии Афғонистон» (1981) ба табъ расидааст.

Масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули жанрҳои гуногуни насри даризабони Афғонистон дар китоби «Формирование жанровой системы прозы Афганистана на языке дари» («Инкишофи анвоъи насри адабиёти дарӣ дар Афғонистон», 1988) нахустин бор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар тадқиқи дастовардаҳои се ҳавзаи адабии форсизабон нахуст рисолаи «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), баъдан монографияҳои «Адабиёти садаи ХХ форсии тоҷикӣ» (1996, дар ду ҷилд), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997) ва «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1989) «Таърихи адабиёти тоҷик (Давраи нав)» (2014)-ашро ба табъ расондааст.

Нигоштаҳои Х.Асозода дар навъи адабии «чеҳрашиносӣ» дар рисолаи «Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ» (1996) фароҳам омадаанд.

Ба сифати муҳаққиқу мутахассиси адабиёти муосири тоҷик доир ба ҳаёт ва эҷодиёти аксари нависандагон асар таълиф намудааст, ки рисолаҳои «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (1999), «Устод Айнӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2001), «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли Устод Айнӣ» (2004), «Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ» (2010) ва ғ. ҷузъе аз корҳои анҷомдодаи ӯ дар ин бобатанд.

Таълифи ёддошту сафарномаҳо ҷанбаи дигари фаъолияти илмиву эҷодии Х.Асозода буда, дар ин бобат ду китоби бузургҳаҷми ӯ – «Афғонистони шоҳӣ» (2002) ва «Афғонистони инқилобӣ» (2003) ҷолиби диққатанд.

Ҳамчунин, ба тадқиқи фаъолияти адабиётшиносии мунаққид С.Табаров машғул гардида, рисолаи «Кашшофи рози адабиёт»-ро (2004) рӯи чоп овардааст.

Рисолаи дигари Х.Асозода «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ»-ст, ки соли 2004 ба табъ расидааст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

18 феврали соли 2014 аз олам гузашт.

Кммол-нАСРУЛЛОСоли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба дунё омад. Маҷмӯаи ашъори «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), “Нидои шаҳидон” (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987) мутааллиқ ба ӯянд.

Китобҳояш бо номҳои «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтаанд.

Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (2003).

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар бораи адиби номвар бештар ин ҷо бихонед:

КАМОЛ НАСРУЛЛО

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ