Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25-уми феврал

asosiСоли 1715 дар Сзибо дар синни 74-солагӣ нависандаи аҳли Чин Пу Сунлин аз олам гузашт. Вай 5 июни соли 1610 дар ноҳияи Сзинчуани вилояти Шандун ба дунё омада буд. Гузаштагонаш араб буданд ва аз хонадони арабҳои шинохта ва сарватманд  маҳсуб мешуданд. Аммо падараш аз имтиҳони зиндагӣ нагузашт, дар тиҷорат кораш омад накард  ва хеле фақиру нотавон шуд. Солҳои ҷанги деҳқонони 1628-1647 амакаш ҳамроҳи бародараш сарварии дастаи худҳифозатии маҳаллиро ба уҳда доштанд, вале баъдтар амаки ӯ ба дасти шӯришчиён кушта шуд.

Муҳимтарин асари ӯ «Ляо-чжай-чжи-и»Шарҳи муъҷиза аз кобинаи Ляо”) мебошад, ки аз 16 ҷилд иборат буда, 431 новелларо дар бар мегирад.

lesya-ukrainkaСоли 1871 дар Новоград-Волинский шоираи украинӣ, тарҷумон ва фолклоршинос Леся Украинка ба дунё  омад. Ӯ шинохтатарин ва маъруфтарин зан дар адабиёти украин ба шумор меравад.

Леся Украинка дар ҳамаи жанрҳои дар замонаш маъруфи адабӣ навиштааст. Шеър, достон, наср, публистистика дар эҷодиёти вай нақши муҳим дорад. Дар соҳаи фолклоршиносӣ хидматҳои зиёд кардааст, 220  оҳанги халқиро бо садояш сабт намудааст. Ҳамзамон аз фаъолони ҷунбишҳои миллии Украина будааст.

Леся Украинка умри дароз надид. Дар синни 42-солагӣ бар асари бемории сил ва ҷигар дар Сурамии Гурҷистон аз олам рафт.

Соли 1954 дар шаҳри Киев нависанда, намоишноманавис, ношири Шӯравӣ Юрий Яновский тарки олам кард. Вай барандаи ҷоизаи ба номи Сталин дараҷаи сеюм буд.

Романҳои “Байгород”, “Устои киштӣ”, “Саворагон”, “Оби зинда” мансуб ба ӯ мебошанд.

 

david-diopСоли 1966 дар шаҳри Порис нависанда, романнавис, мутахассиси  адабиёти қарни ҳаждаҳуми фаронсавӣ ва академик Давид Диоп ба дунё омад. Вай барои китоби “Бародари рӯҳӣ”, ки ба англиси бо унвони “Ҳама хунҳо дар шаб сиёҳ аст” чоп шудааст, шоистаи ҷоизаи байналмилалии  Букеров шудааст.

Соли 1970 дар шаҳри Москав дар синни 74-солагӣ адабиётшинос ва мунаққиди адабии Шӯравӣ Корнелий Зелинский тарки олам кард. Китобҳои “Номаҳои танқидӣ”, “Зиндагии хонаводаи Ларсевҳо”, “Ҷамбул”, “Адабиёти халқҳои СССР”, “Ривоятҳо дар бораи Маяковский”, “Дар роҳи адабиёт” ба қалами ӯ навишта шудаанд.

andrej-sinyavskijСоли 1997 дар шаҳри Порис дар синни 71-солагӣ бар асари бемории саратони шуш нависандаи Шӯравиву Фаронса, адабиётшинос ва мунаққид, дигарандеш ва зиндонии сиёсӣ Андрей Синявский  аз олам гузашт.

Тирамоҳи соли 1965 Синявский ҳамроҳ бо Ю.Даниэл – шоир ва нависандаи дигарандеши Шӯравӣ бо иттиҳоми таблиғоти зиддишӯравӣ ба ҳабс гирифта шуд. Моҳи феврали соли 1966 Додгоҳи олии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро ба муддати ҳафт сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум кард. Ҳарду ҳам гунаҳгор будани худро рад карданд. Бисёре аз нависандагони машҳур ба пуштибонӣ аз Синявский ба мақомоти марбута нома навиштанд ва гуноҳи ӯро бофтаву ғайримантиқӣ хонданд.  Дар миёни онҳо забоншинос Вячеслав Иванов, мунаққидон И.Роднянская ва Ю.Бутин, шоирон ва санъатшиносон, аз ҷумла адибон Л. Чуковская, В.Корнилов, К.Паустовский буданд.

Аммо иддае аз шахсиятҳои шинохта ба мисли Константин Федин, Николай Тихонов,  Константин Симонов, Сергей Михалков зидди ин ном садо баланд карданд. Барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Михаил Шолохов низ дар як номаи ҷудогона ин ду танро шадидан маҳкум кард, ки муҷиби номаи ҷавобӣ аз шоир ва нависанда Лидия Чуковская шуд.

5 декабри соли 1965 дар майдони ба номи Пушкини Москав гирдиҳамоии дигарандешон барои дастгирӣ аз ин ду маҳкумшуда баргузор шуд ва ширкаткунандагон ба ин андеша буданд, ки агар муқовимат накунанд, табъидҳои сталинӣ бо шаклу шеваи нав бармегардад.

Дар зиндон Синявский ба ҳайси борбардор кор кард ва дар номае ба ҳамсараш ҳам навишта буд: Дар парвандаи ман КГБ аз Москав йайд карда буд: “танҳо дар корҳои вазнини ҷисмонӣ истифода шавад”. Ва ин дархост ҳатман иҷро мешуд. Рӯзу моҳҳои зиндон беҳтарин рӯзҳои ҳаёти ман буданд”.

Соли 1971 пеш аз муҳлат аз маҳбаст озод ва бо ташаббуси Юрий Андропов  бахшида шуд.

Соли 1973 бо даъвати профессор Клод Фриу ба Порис рафт ва то охири умр дигар барнагашт.

Таҳияи Б.Шафеъ