Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25 – уми сентябр
Соли 1536 дар Сент-Аман дар синни 24-солагӣ шоири ирландӣ Иоҳан Секунд аз олам гузашт. Номи аслии ӯ Ян Эверартс буд ва 15 ноябри соли 1511 дар хонаводаи ҳууқшинос дида ба олам кушод. Ду бародари калонии вай бо номҳои Николай Грудий ва Адриан Марий низ шоир буданд. Ҳанӯз даҳсола буд, ки аввалин шеърашро ба забони лотинӣ навишт. Ҳамроҳ бо бародараш дар донишгоҳи Буржи Фаронса таҳсил кард ва аз ҳуқуқшиноси итолёвӣ Андреа Алчиато дарси ҳуқуқ омӯхт.
Ду сол дар вазифаи дар Толедо котиби усқуф буд.
То зинда будан ҳеч маҷмуаи ашъор аз ӯ мунташир нашуд ва аввалин китобашро баъди маргаш бародаронаш бо номи “Бӯсаҳо” нашр карданд.
Соли 1881 дар уезди Куайсзи вилояти Чжэсзян нависандаи аҳли Чин Лу Син ба дунё омад. Ӯ дар рушди адабиёт ва тафаккури ҷамъиятиву сиёсии Чин нақши бориз доштааст. Машҳуртарин асарҳои ӯ “Зиндагиномаи воқеъии А-Кю”, “Ёддоштҳои девона” мебошад.
Соли 1904 Лу Син да Академияи тиббии Сэндай дохил шуд ва аввалин донишҷӯи хориҷӣ дар таърихи ин донишгоҳ буд. Баъдҳо аз устод ва муаллими хубаш Фудзино Гэнкуро борҳо ситоиш кардааст ва ҳатто як эссе бо номи “Ҷаноби Фудзино” ҳам ба ӯ бахшидааст.
Аммо соли 1906 баногаҳ ва бо сабабҳои номаълум таҳсилро тарк кард ва аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуд. Вале баъдан сабаби хориҷ шуданашро дар сарсухани маҷмуаи машҳураш “Тамос бо аслиҳа” навишт: Боре баъди анҷоми дарсҳо яке аз муаллимони ҷопонӣ суратҳои қатли ҷосусони эҳтимолии Чинро дар замони ҷанги русу ҷопон нишон дод. Дар ин слайдҳо вай баногаҳ яке аз дӯстони худро ҳам шинохт, ки ба ин куштор ва ҷосусӣ муттаҳам дониста мешуд. Ӯ ба эъдом маҳкум шуда буд. Лу Син навишт, ки дӯстону ҳаммиллатонаш ба ин гуна расмҳои даҳшатнок бепарво менигаристанд ва онро як чизи муқаррарӣ медонистанд. Вай ба хулосае омад, ки табобати бемории рӯҳу равони ҳамммилатонаш муҳимтар аз муоллиҷаи ҷисмонии онҳост.
Соли 1906 ба Токио рафт ва зери таъсири адабиётдон Чжан Тайяня ва бародараш даст ба тарҷумаи ҳикояҳои адибони рус зад. Муддати се соли дигар дар Токио зист ва эҷод кард.
“Тамос бо аслиҳа” машҳуртарин маҷмуаи осори ӯст, ки шеърҳо ва достонҳои “Хотироти марди девона”, “Дору”, “Фардо”, “Ҳодиса”, “Моҷарои мӯ”, “Зодгоҳ”, “Ҷашнвораи ду панҷум”, “Нури сафед”, “Харгӯшҳо ва гурба”, “Мазҳакаи урдакҳо”, “Қурбонии соли нав”, “Саргардонӣ”, “Орзуҳои хуб”, “Дар маҷлиси нӯш”, “Як хонаводаи шод”, “Собун”, “Шуълаи ҷовидон”, “Талоқ” ва ғайра мебошад.
Лу Син маҷмуаи дигаре дорад бо номи “Бозгӯии қиссаҳои қадимӣ”.
Вай 19 октябри соли 1936 дар синни 55-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1897 дар Ню-Олбани, иёлати Миссисипи романнависи машҳури амрикоӣ Уилям Фолкнер таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1949 буд.
Фолкнер роман ҳам навиштаву ҳикояҳои зиёд низ, намоишнома, шеър ва мақолаҳо низ. Аммо пеш аз ҳама барои ӯ романҳо ва ҳикояҳояш шуҳрати зиёд оварданд.
Фолкнер яке аз муҳимтарин нависандагони Амрико ва мушаххасан адабиёти ҷануби Амрикост. Бо ин ки аввалин осори ӯ аз соли 1919 ва бештарашон дар даҳсолаҳои бистум ва сиввуми қарни ХХ мунташир шуда буд, аммо то дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1949 ношинохта монда буд.
Ӯ барандаи Ҷоизаи Плутсер низ мебошад.
Соли 1998 Муассисаи Китобхонаи навин романи “Хашм ва ҳаёҳу”-и вайро шашумин китоб дар феҳристи сад романи бартари англисии қарни бистум қарор дод.
Фолкнер аз аввали даҳаи бистуми милодӣ то шуруъи ҷанги Ҷаҳонии дувум, ки Калифорнияро макони зист қарор дода буд, 13 роман ва теъди зиёде ҳикояҳо навишт ва мунташир кард. Ин осор дар маҷмуъ боиси шуҳрати ӯ шуд ва дар синни 52-солагӣ барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.
Муҳаррики аслии комёбии Фолкнерро ниёзи як нависандаи ношинохта ба пул медонанд.
“Мавоҷиби бихӯру намир”, “Бешаҳо”, “Сарторис”, “Хашм ва ҳапёҳу”, “Гурбаи кӯр”, “Ҳарим”, “Рӯшноии моҳи август”, “Шикастнопазир”, “Нахлҳои ваҳшӣ”, “Деҳкада”, “Бархез, эй Мӯсо”, “Нохонда дар ғубор” чанд романи ӯст.
Уилям Фолкнер 6 июли соли 1962 дар синни 64-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1964 дар шаҳри Барселона нависандаи каталонӣ Карлос Руис Сафон зода шуд. Шуҳрати адабӣ барояш соли 1993 баъди чопи як силсила китобҳо барои наврасон бо номи “Ҳокими Туман”, “Кохи нимишабӣ”, “Оташи сентябри” ва “Марина” омад. Соле баъд вай ба ИМА рафт, дар Лос-Анжелес мустақар шуд ва шуруъ ба навиштани филмномаҳо кард.
Аввалин романи бузургҳаҷми худро бо номи “Сояи шамол” соли 2001 навишт ва баъдан ин асар бо беш аз 30 забони олам тарҷума ва дар зиёд аз 40 кишвари дунё нашр шуд. Бино ба гузориши нависанда дар умум беш аз 10 миллион нусхаи ин китоб ба ҳама забонҳои тарҷумашуда ба фурӯш рафтааст.
Баъан романи “Бозии фаришта”-ро навишт, ки нашриёти Planetaи Барселона якбора миллион нусха чоп кард. Романи охирини ӯ “Бандии осмон” соли 2011 нашр шуд ва дар Амрикои Лотин аз пурфурӯштарин китобҳо ба шумор мерафт.
Карлос Руис Сафон 19 июни соли 2020 дар Лос-Анжелес бар асари бемории саратони рӯдаи бузург аз олам гузашт.
Соли 1970 дар синни 72-солагӣ нависандаи оламонӣ Эрих Мария Ремарк вафот кард. Ӯ 22-уми июни соли 1878 дар Оснабрюк таваллуд шуда буд.
Эрих Мария Ремаркро маъруфтарин намояндаи “насли гумшуда” меноманд. “Насли гумшуда” ба насле гуфта мешавад, ки дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии аввал ба синни булуғ расиданд. Ин ибораро бори аввал Эрнест Хемингуей-нависандаи барҷастаи амрикоӣ дар романи худ бо номи “Хуршед ҳамчунон медурахшид” истифода кардааст.
Ремарк адибе буд, ки бештар ба хотири романи зиддиҷангиаш бо номи “Дар ҷабҳаи Ғарб хабаре нест” машҳур шуд.
Романҳои “Бозгашт”, “Назикони худро дӯст бидор”,, “Се дӯст”, “Шарораи зиндагӣ”, “Вақти зистан, вақти мурдан”, “Шаб дар Лиссабон” низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ремакр 25-уми сентябри соли 1970 дар синни 72-солагӣ дар Швейтсария аз олам гузашт.
Соли 1979 баъди як коршикании тӯлонии ҳаштмоҳаи рӯзноманигорон дар Канада машҳуртарин нашрияи ин кишвар Montreal Star баъди 110 соли фаъолияти пурбор ҳузури худро дар фазои иттилоотии олам қатъ кард.
Он то солҳои 1950-ум бузургтарин рӯзномаи Канада буд ва то чанде пеш аз бастани он рӯзномаи бартаридоштаи инглисизабон дар Монреал боқӣ монд.
Ин рӯзнома 16 январи соли 1869 аз ҷониби Ҳю Грэм, Барон Атолстани 1 ва Ҷорҷ Т. Ланиган ҳамчун ситораи шоми Монреал таъсис дода шудааст. Ҳю Грэм рӯзномаро тақрибан 70 сол роҳбарӣ кард.
Соли 2014 шоир, рӯзноманигор, тарҷумон Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо дар синни 86-солагӣ аз олам рафт. Вай 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда буд.
Аввалин шеъраш «Меҳри Октябр туро обод кард» дар «Бадахшони Советӣ» (7 ноябри соли 1947) чоп шудааст. Нахустин китоби шеърҳои барои бачагон офаридааш «Ҳамсинфони ман» соли 1958 интишор ёфтааст. Минбаъда ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Бачаҳои Маскав» (1971), «Дарё омад» (1976), «Кӯҳи Лаъл» (1982), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1986) ва ғайра мунташир гардидаанд.
Самараи фаъолияти нимасраи эҷодии ӯ дар маҷмӯаҳои «Сарои Баҳор» (1967), «Гулхандаи замин» (1974), «Помири ман» (1978), «Баёзи сангин» (1988), «Хонаи обод» (1994), «Сад ғазал» (2002), «Кӯҳдомани сабз» (2003), «Ин пишак чӣ мегӯяд?» (2010) ва ғ. фароҳам омадаанд.
Офаридаҳои ҳаҷвии ӯ дар китоби «Хористон»-и «Хорпуштак» интишор ёфтаанд, ки дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навишта шудаанд. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои дигари ӯ дар маҷаллаҳои «Хорпуштак» ва ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» ба табъ расидаанд.
Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо ба ҳайси рӯзноманигор ҳам собиқаи ғанӣ дошта, бахше аз очерку мақолаҳои публитсистии ӯ дар маҷмӯаи «Се насли омӯзгорони Бадахшон» (1991) ба табъ расидаанд.
Дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ низ қувваозмойӣ карда, ашъори алоҳидаи шоирони рус С.Маршак, С.Шипачёв, К.Симонов, Н.Доризо, чанд шоири Литва, Арманистон ва Озарбойҷонро ба тоҷикӣ гардондааст.
Бо Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1964, 1978) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.
Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ