Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 –уми феврал
Соли 1802 дар Безансон (шаҳре дар шарқи Фаронса) шоир, романнавис ва намоишноманависи пайрави сабки романтизми фаронсавӣ Виктор Ҳуго (Victor Marie Hugo) ба дунё омад. Виктор Мари Ҳуго севумин писар капитан Жузеф Леупулд Сижисбер Ҳуго буд. Дар ҷавонӣ зери нуфуз модараш қарор дошт. Модараш аз шоҳдӯстон ва пайравони мутаассиби озодӣ ба шеваи Волтер буд ва танҳо баъд аз марги модар буд, ки падараш тавонист ба тарбияи ӯ пардозад. Кӯдакии Виктор дар кишварҳои гуногун сипарӣ шуд. Муддати кӯтоҳе дар коллеҷи наҷибзодагон дар Мадриди Испониё дарс хонд.
Аз соли 1830 то 1843 Виктор Ҳуго танҳо дар театр кор мекунад, аммо бо вуҷуди масруфиятҳо дар корҳои театрӣ вай тавонист чанд маҷмуаи шеърҳояшро бо номҳои “Баргҳои хазон”, “Таронаи сояҳо”, “Садоҳои дохил”, “Шуо ва соя” чоп кард.
Повести ӯ “Охирин рӯзҳои як маҳкум ба қатл” ба нависандагони маъруфе чун Алберт Камю, Чарлз Диккенс ва Ф.Достоевский писанд омад.
“Клод Гё” повести дигари адиб аст, ки системаи ҷиноят ва иҷроро зери танқид гирифтааст ва баъзе аз ҷузъиёти он баъдҳо дар романи “Бенавоён” муфассалтар таҳлил шудааст.
Романи “Бенавоён” аввалин бор соли 1862 мунташир шуд ва ба унвони яке аз бузургтарин романҳои қарни 19 шинохта мешавад. Ин роман то кунун бо бисёр забонҳои олам тарҷума ва нашр шудааст. Роман ба барарсии моҳияти қонун ва бахшиш, таърихи Фаронса, меъморӣ ва тарроҳии шаҳри Порис, сиёсатҳо, фалсафаи ахлоқ, қазоватҳо, мазҳаб, навъ ва моҳияти ишқро шарҳ медиҳад.
Ҳуго 22 майи соли 1885 дар синни 84-солагӣ дар Порис аз олам гузашт ва маросими видоъ бо адиби маъруф муддати 10 рӯз идома дошт ва дар он наздик ба 1 миллион нафар ширкат карданд.
Соли 1847 Александр Островский пйесаи машҳури худ “Манзараи хонаводагӣ”-ро ба анҷом расонд ва ин рӯзро “хотирмонтарин рӯз” дар зиндагии худ номид.
Островский аз ҷумлаи машҳуртарин намоишноманависони рус буда, эҷодиёти ӯро марҳилаи басо муҳим дар рушди санъати театрии ин кишвар медонанд. Ӯ солҳои 1823-1886 зистааст.
Дар соли 1849 асари Островский «Халқи мо – ҳисобро баробар мекунем!» навишта шуда буд, ки ба ў шуҳрати адабӣ овард ва ба ин асар Николай Гогол ва Иван Гончаров баҳои баланд доданд. Барои Островский эҷодиёт роҳи ҳақиқии тасвири ҳаёти халқ ба шумор мерафт. Пйесаҳои «Раъду барқ», «Духтари беҷиҳоз», «Ҷангал» аз муҳимтарин осори ў мебошанд.
Соли 1874 «Ҷамъияти нависандагони драматургия ва бастакорони опера» ташкил шуд, ки Островский то охири умр онро роҳбарӣ кардааст. Дар соли 1885 Островский сардори репертуари театрҳои Москва ва сардори мактаби театрӣ таъин мегардад.
Соли 1905 дар шаҳри Порис дар синни 37-солагӣ бар асари беморӣ нависанда, шоир ва тарҷумони фаронсавӣ Марсел Швоб аз олам гузашт. Вай 23 августи соли 1867дар Шавил (департаменти О-де-Сени Фаронса) зода шуда буд.
Падари ӯ ношири рӯзномаи “Нанте” буд. Дар шаҳри Порис, дар литсеи Людовики Кабир таҳсил кард. Соли 1884 барои худ нависанда ва шоири шотландӣ Роберт Стивенсонро кашф кард ва ба тарҷумаи осори вай пардохт. Романи вай “Ҷазираи ҷавоҳирот”-ро ба фаронсавӣ тарҷума кард.
Асарҳои Даниэл Дефо, Де Квинси ва “Ҳамлет”-и Шекспирро низ баргардон кард.
Соҳиби “Дили дутабақа”, “Шоҳ дар ниқоби тилло” ва чанд маҷмуаи дигари осор мебошад.
Соли 1918 дар Статен-Айленд (иёлати Ню-Йорки ИМА) нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Теодор Сарджон ба дунё омад.
Аввалин ҳикояи худро соли 1938 дар рӯзномаи «McClure’s Syndicate» чоп кард. Нахустин ҳикояаш дар жанри фантастика соли 1939 дар маҷаллаи «Unknown» нашр шуд.
Солҳои аввал вай танҳо барои маҷаллаву рӯзномаҳое, ки тамоили чопи осори тахайюлӣ доштанд, менавишт. Солҳои 1950 Сарджон аз серхонандатарин адибони замонаш ба ҳисоб мерафт. Маҳз ӯ буд, ки ба ташаккули нависандагии адибоне чун Рэй Бредбери ва Курт Воннегут нақш гузошт.
Теодор Старджон муаллифи 12 роман, беш аз 200 ҳикоя ва сенарияҳои гуногун барои телевизион мебошад. Романи ӯ бо номи “Ман як озодманишам”, ки соли 1956 навишта шуда буд, аммо қабл аз он ки рӯи кор ояд ва ба дасти хонанда расад, тавассути як муҷрии барнома ва сифоту таблиғи иғроқомези он алакай аз пурфурӯштарин китобҳои сол шуда буд.
Теодор Старджон барандаи ҷоизаи Набюло ва Ҳюго буд. 8 майи соли 1985, замоне, ки 67 сол дошт, аз олам гузашт.
Соли 1938 дар Леванто (Италия) дар синни 75 нависанда, мақоланавис, фелетоннавис, мунаққиди адабиёт ва театр ва намоишноманависи рус Александр Амфитеатров тарки олам кард. Вай 26 декабри соли 1962 дар шаҳри Калуга (империяи Русия) таваллуд шуда буд.
Александр Амфитеатров муаллифи як сислсила романҳои таърихӣ аз сарнавишти халқи рус аст. Романҳои дигараш бо номҳои “Маря Лусева”, “Виктория Павловна”, “Табиби Виктория Павловна”низ дар замони худ хонандаи зиёд доштанд.
Соли 1938 дар синни 53 – солагӣ бо ҳукми “тройка” шоир, нависанда, рӯзноманигор ва намоишноманависи шӯравии қазоқ Илёс Жансугуров парронда шуд. Вай 1-уми моҳи майи соли 1894 ба дунё омада буд. Ӯро асосгузори адабиёти муосири қазоқ ва классики адабиёти қазоқ меноманд. Аввалин касе буд, ки Иттиҳоди нависандагони Қазоқистонро поягузорӣ кард. Узви ҳизби коммунист буд.
Бо тахаллусҳои Матай, Каптагай, Аксу ва Найман ҳам эҷод кардааст.
Соли 1937 бо туҳмат боздошт шуд ва ҳарчанд гуноҳаш исбот нашуд, вале ҳукми эъдомаш содир гашт. Соли 1957 сафед шуд.
Соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчо нависанда, мақоланависи тоҷик Карим Абдулов чашм ба олам кушод. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст.
То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст.
Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992 мудири Котиботи Президенти ҷумҳурӣ, баъдан, солҳои тӯлонӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» будааст.
Дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»- ро таълиф намудааст.
Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Fафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд».
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1953 дар Гаосюн (ҷазираи Тайван) адиби тайвонӣ, мақоланавис ва академик Лин Синсюан таваллуд шуд. Лин аз қаламкашони машҳуру маъруфи Тайван буд. Ӯро яке аз “ҳашт адиби насрнависи маъруфи Чин” медонанд.
Вай 23 январи соли 2019 дар синни 65-солагӣ чашм аз олам пӯшид.
Соли 1958 нависанда ва шоири муосири Фаронса Мишел Уэлбек зода шуд. Уэлбек дар баробари шуҳрати нависандагӣ, яке аз чеҳраҳои исломситези Фаронса маҳсуб мешавад. Соли 2001 ба дини ислом ҳамла кард ва дар мусоҳибае онро “аҳмақонатарин мазҳаб” хонд. Барои ин изҳори назараш ӯро ба додгоҳ кашиданд, вале додгоҳ иттиҳоми “фашистӣ” ва “исломситезӣ”-ро барои ӯ напазируфт.
Уэлбек соли 2010 барандаи ҷоизаи адабии муътабари Гонкур шуд. Бисёриҳо ӯро шинохтатарин нависандаи асри муосири Фаронса медонанд. Ба хотири танзи нешдор ва риндонаи худ ба шуҳрат расидааст.
Осори ӯ саршор аз пардадариҳои ҷинсӣ ва дилзадагиву безорӣ аз ҷанбаҳои рӯзмарраи зиндагии иҷтимоӣ аст.
Ӯ дар саросари ҷаҳон мухолифон ва ситоишгарони зиёд пайдо кардааст.
Соли 1963 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Акбар Шариф таваллуд шуд. Баъди хатми мактаби миёна (1984) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳияи Панҷ ба таълиму тарбия машғул шудааст. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ду сол ба ҳайси муовини сардабири рӯзномаи «Наврӯзи Ватан» адои вазифа кардааст. Солҳои охир корманди шуъбаи мусиқии Телевизиони тоҷик буд.
Аз солҳои донишҷӯйӣ ҳикоя менавишт. Ҳикояҳои ӯ дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Мавзӯъ ва каҳрамонони қиссаву ҳикояҳои ӯ тозаву дилнишин мебошад. Дар онҳо ишқи поку ҳиссиёти беолоиши ҷавонӣ, ғуруру номусу нанги инсонҳо басо хушрангу зебо тасвир ёфтаанд. Хусусан, қиссаи «Тақдир», ҳикояҳои «Романи нав», «Падарам меояд», «Оқила» ва «Ҳасрат», ки дар ягона китоби ӯ «Атри ашк» (1996) гирд омадаанд, гувоҳи соҳибистеъдодии адиби ҷавонанд.
Соли 1997 дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ