Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми декабр
Соли 1915 дар Колорадо Сити (иёлати Техас) нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Чарлз Леонард Ҳарнесс таваллуд шудааст.
Машҳуртарин достони ӯ «Садбарг» мебошад, ки соли 1966 дар маҷмӯааш бо номи «The Rosе» нашр шудааст. Соли 2004, аз ҷониби Иттиҳоди нависандагони асарҳои илмӣ-тахайюлии Амрико ба унвони «Нависандаи фахрӣ» сарфароз гардонида шуд.
Соли 1924 дар Лютсерн шоири швейтсарӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1919 Карл Шпиттелер дар синни 79-солагӣ даргузашт.
Шпитлер бо достони «Баҳори Олимп» (Olimpischer Fruhling), маъруф буд, ки он солҳои 1900-1905 қисман ва соли 1910 пурра нашр шудааст. Дар соли 1904 дирижёри машҳур Феликс Вайнгартнер мақолае дар бораи ин достон нашр кард, ки баъди он «Баҳори Олимп» ҳамчун шоҳасари адабиёти Олмон эътироф гардид. Достон аз панҷ китоб иборат аст, ки тақрибан шашсад саҳифа дорад. Он бо вазни ямбӣ-гексаметрӣ (шеъри ҳар мисрааш шашрукна дар адабиёти қадими Юнону Рум ва тақлиди ин шеър дар асрҳои сонӣ) навишта шудааст, ки дин, мифология, ҳаҷв ва истилоҳотро муттаҳид мекунад.
Асарҳои мунтахабаш бо номҳои: “Парвонаҳо”, “Ҳақоиқи хандон”, “Баҳори Олимп”, “Нағмаҳои ноқус”, “Дар нахустин таҷрибаҳоям” ва ғайра чоп шудаанд.
Соли 1926 дар осоишгоҳи Валмонт, дар наздикии Монтре, шоири австрияёӣ, яке аз бонуфузтарин шоирони модернистии асри ХХ Райнер–Мария–Рилке дар синни 51-солагӣ аз бемории саратони хун вафот кард.
Ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва русӣ шеър менавишт, асарҳои насрӣ низ дорад. Дар саросари Аврупо, Русия, Испания, Олмон, Италия ва Фаронса сафар кардааст. Солҳои охири умрашро дар Швейтсария гузаронидааст.
Аз тарҷумаи ашъораш ба тоҷикӣ иттилоъ наёфтем. Вале дар Эрон шеърҳои ӯ аз ҷониби Нотили Хонларӣ, Шарофиддини Хуросонӣ ва дигарон баргардон шудааст. Хонларӣ китоберо аз ӯ бо номи “Номаҳое ба шоири ҷавон” тарҷума ва нашр кардааст.
Ҷалол Оли Аҳмад дар маҷаллаи “Илм ва зиндагӣ” нақде бар “Буфи кӯр”-и Содиқ Ҳидоят навишта, гуфтааст, ки ин достони хуби адиби эронӣ зери таъсири Рилке ба қалам омадааст.
Соли 1935 нависанда, шоир, эссенавис ва халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери дар суқути ҳавопаймои хатсайри Порис-Сайгон дар биёбони Либия ба ҳалокат расид. Экзюпери пас аз маргаш ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил гардид.
Сент-Экзюпери дар ҳикояҳои худ ба мавзӯи парвозҳо дар ҳаво диққати махсус додааст. Азбаски дар зиндагӣ ӯ борҳо шоҳиди ҳолатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ буд, тавонист ин гуна ҳаводисро басо ҷолибу шавқовар ба тасвир кашад.
Соли 1963 романи тарҷумаиҳолии «Халабони ҳарбӣ» бо қалами Экзюпери нашр шуд. Дар он ў ба хонандагон аз даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, ки худ аз ширкаткунандагони он буд, накл мекунад. Як далели ҷолиб он аст, ки ин асар дар ватани нависанда мамнӯъ буд, дар ҳоле ки дар Амрико он маъруфияти беандоза пайдо кардааст.
Як сол пеш аз марги Сент-Экзюпери повест-афсонаи тамсилии «Шоҳзодаи хурдакак» дар ИМА ба табъ расид, ки ин ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ҷолиб он аст, ки дар китоб тасвирҳои зиёде мавҷуданд, ки муаллиф худ шоҳиди бевосита будааст.
Соли 1931 барои романи «Парвози шабона» ба ҷоизаи Фемина, соли 1939 барои романи «Сайёраи одамон» ба Ҷоизаи калони академияи Фаронса ва барои романи «Бод, рег ва ситораҳо» ба Ҷоизаи миллии китобии ИМА сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1935 шоир, насрнавис ва филмноманависи рус Евгений Рейн таваллуд шудааст.
Соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом шоири тоҷик Юсуфҷон Аҳмадзода ба дунё омад. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст.
Баъдан шеъру достон ва қиссаву афсонаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Ҳулбӯ» (1987), «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт…» (2003), «Абри сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд.
Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010 романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст.
Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.Мӯъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.
Хидматҳои ӯ дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо ордени «Шараф» (2002), нишони фахрии Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) такдир шудааст.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1980 нависандаи рус Надежда Яковлевна Манделштам аз дунё гузашт.
Ёддоштҳои Н.Я.Манделштам на танҳо ҳамчун сарчашмаи нодир дар омӯзиши осори адиб, балки далели назарраси зиндагӣ дар замони шӯравӣ ва махсусан замони Сталин ба шумор мераванд. Эътибори эҷодиёти ў аз ҷониби бисёр адабиётшиносон ва нависандагон (Андрей Битов, Белла Ахмадулина, Сергей Аверинтсев ва дигарон) баҳои баландро сазовор гаштаанд.
Дар Ғарб ба ёддоштҳои Манделштам зиёд пайдо карданд. Ҳам «Ёддоштҳо» ва ҳам «Китоби дуюм» дар бисёр кишварҳои ҷаҳон нашр шуданд ва ин асарҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими дарки замони Сталин дониста шудаанд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.