Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 октябр
Соли 1824 дар Воронеж шоири рус Иван Никитин ба дунё омад. Вай дар оилаи соҳибмулки корхона Савва Евтихиевич Никитин зода шуд ва 16 (28) октябри соли 1861 дар синни 37-солагӣ вафот кард. Никитин муаллифи шеърҳои зиёд ва чанд достон, аз ҷумла достони “Кулак” мебошад, ки дар замонаш ба ӯ шуҳрат оварда буд.
Соли 1867 дар работи «Глазниеки» дар хонаводаи деҳқон шоири латиш Эдуард Вейденбаум зода шуд. Падараш бо вуҷуди он ки як марди кишоварз буд, вале шахси таҳсилдидаву китобхон ба шумор мерафт. Талошҳо ва майлу рағбати китобхонии падарро Эдуарди ҷавон ба мерос гирифт.
Моҳи декабри соли 1871 вақте ба меҳмонии бародараш мерафт, сармо хӯрд ва бемор шуд. Як сармохӯрдагии одии зимистонӣ батариҷ ба бемории муолиҷанашавандаи сил табдил шуд. Ҳамагӣ баъди ним соли ин сафари нофарҷомаш бар асари хуруҷи сил аз олам рафт. Ҳамагӣ 25 сол умр дид.
Солҳои 1953 ва 1961 маҷмуаи ашъораш ба забони русӣ ҳам траҷума ва нашр шуд. Соли 1958 дар работи “Калачи”, ки солҳои охири умри шоир он ҷо гузашта буд, хона-осорхонаи ӯ ифтитоҳ шуд. Соли 1994 як кӯчаи марказии шаҳри Рига ба исми ӯ номгузорӣ шуд.
Соли 1873 дар шаҳри Москав дар оилаи диндори патриарх нависандаи рус Иван Сергеевич Шмелев ба дунё омад Падараш пудратчии номдор буд ва аз тамоми гўшаю канори Русия сохтмончиён ба хонаи Шмелевҳо меомаданд. Нависандаи оянда аввал гимназия, баъд факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскавро хатм кардааст (1898).
Аввалин повести Шмелев «Дар назди осиёб» соли 1895 дар маҷаллаи «Русский обзор» чоп шуда буд. Соли 1897 дар Маскав китоби очеркҳои ӯ “Дар сахраҳои Валаам” ба табъ расид, ки таҳти сензураи зиёд қарор гирифт ва муваффақ нашуд. Насрнавис давоми даҳ сол чизе эҷод накард. Танҳо соли 1905 зери таъсири воқеаҳои инқилобӣ ба эҷодиёт баргашт.
Асари барҷастаи ин давра повести «Шаҳрванд Уклейкин» (1908) мебошад. Шмелев бо повести «Одам аз тарабхона» (1911) машҳур гардид. Нависанда дар давраи Инқилоби Октябри соли 1917, ки онро қабул надошт ва ҷангро ҳамчун бемории оммавию рўҳии одамони солим маҳкум кард. Соли 1922 баъди он, ки дар Феодосия писари ягонааш — афсари собиқро бе муҳокима ба қатл расониданд, нависанда тарки ватан кард. Шмелев аввал ба Берлин ва баъдан ба Порис рафт. Ӯ тамоми умр ҳукумати навро барои марги писараш набахшид, ҳарчанд орзу дошт ба Русия баргардад, ҳатто баъд аз марг ҳам.
Дар муҳоҷират асарҳое эҷод шуданд, ки ба қуллаи баланди эҷодиёти Шмелев табдил ёфтанд. Дар онҳо манзара ва табиати Русияи куҳан, таассуроти равшани замони бачагӣ, хотираҳои Москваи маҳбуб тасвир шудааст. Асарҳои «Ватан» (1931), «Зиёрат», «Тобистони ҳукмрон» (1948) асарҳоеанд, ки дар адабиёти рус то Шмелев монанди онҳо вуҷуд надошт. Ин асарҳо бо таъби баланд, нури маънавӣ, забони зебову зиндаи мардумии худ аҷибу шавқоваранд.
Иван Сергеевич Шмелев 24 июни соли 1950 дар шаҳри Порис аз олам гузашт.
Соли 1889 рӯзноманигор ва фаъоли сулҳталаби олмонӣ Карл фон Осеткий зода шуд. Вай барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1935 буд. Ҷоизаи сулҳи Нобелро барои ифшои бозсозии таслиҳоти махфиёнаи давлати Олмон соҳиб шуд.
Соли 1933 дар Олмон Адолф Ҳитлер бо ҳизби миллигарои худ ба қудрат расид. Баъди оташ задани Рейхстаг таъқиби равшанфикрон ва сотсиалистону демократҳову коммунистон оғоз гардид. Ҳарчанд хатарро эҳсос мекард, Осетский аз кишвар хориҷ нашуд ва субҳои рӯзе баъди оташ задани Рейхстаг гестапо ӯро ҳам боздошт кард. Аввал дар зиндони Берлин ва баъдан ба конслагери Зонненбург ва Эстервеген-Папенбург нигоҳ дошта мешуд. Шароити бади зиндонҳо ва муносибати дағалонаву латукӯбҳои беохир билохира ба саломатии ӯ низ бетаъсир намонд. Лигаи мубориза бо ҳуқуқи инсон ва созмони ҷаҳонии нависандагон бо ҷамъоварии 43 ҳазор имзо аз ҳукумати Олмон хост то Осетскийро озод кунад.
Соли 1936, вақте Ҷоизаи сулҳи Нобел ба ӯ дода мешуд, дар бемористони маҳбас мехобид. Аввал ҳукумати Олмон талаб кард, ки ихтиёрӣ аз ҷоиза даст кашад, вале ӯ ин корро накард ва ҳарчанд медонист, ки зери шиканҷа хоҳад монд. Вай барои ҷоиза натавонист ба Осло равад, чун ҳукумат ҳарчанд эълон крада буд, ки ӯ озод аст ва ҳар вақт хоҳад меравад Осло, вале дар асл шиносномаи хориҷӣ надода буданд.
4 майи соли 1938 дар бемористон Берлин бар асари касалии сил дар синни 48-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1895 дар деҳаи Константиновои губернияи Рязон шоир ва яке аз шинохтатарин шахсиятҳои асри нуқра Сергей Есенин ба дунё омад.
Сергей Есенин соли 1916 баъди нашри аввалин маҷмуааш бо номи «Радунитса», ҳамчун шоири асилу тасвиргаро шинохта шуд. Худи ӯ навишта буд: «Шеърҳои ман ба мардум таассуроти калон бахшиданд. Маҷаллаҳои беҳтарини он замон эҷодиёти маро нашр карданд ва тирамоҳ китоби аввалини ман «Радунитса» пайдо шуд, дар бораи вай бисёр навишта шудааст. Ҳама якдилона гуфтанд, ки ман боистеъдод ҳастам. Ман инро аз дигарон беҳтар дарк мекардам.”
Шеърҳои Сергей Есенин хеле зиёд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Як маҷмуа бо номи “Гулафшон” низ аз бо тарҷумаи хеле хуби устодони шеър Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир таҳия ва чоп шуда буд.
Сергей Есенин 28 декабри соли 1925 дар ҳоле ки башиддат мавриди душманӣ бо болшевикҳо қарор дошт, даст ба худкушӣ зад. Вақте дар утоқеро, ки Есенини ҷонбохта мехобид, боз карданд, як бесарусомониеро диданд, ки ба тасвир намеомад. Вай ҳатто мисраҳои охирин дар зиндагии худро, ки як шеъри шояд нотамоми хайрбодӣ буд, бо хуни худ навишта буд ва шикоят мекард, ки чун дар ин утоқ на қаламеву на рагнге охирин мисраҳояшро бо хуни худ менависад.
Бидруд дӯсти ман,
Бе он ки дастҳоро бифишорем ва ҳарфе бизанем
Ғамгин мабош
Хам ба абрӯ наёвар
Дар ин зиндагӣ мурдан чандон тозагӣ надорад,
Ва зистан низ дигар чизи тозае нест…
Қазияи марги Сергей Есенин як муаммои таърихӣ дар адабиёти рус буду монд. То кунун мақолоти зиёде нашр шуда ва пажӯҳишҳои бисёре ҳам анҷом шуда. Вале ҳамоно сабаби аслии марги шоир чун гиреҳи баста кушода нашудааст.
Соли 1897 шоир, насрнавис ва узви Академияи Гонкур Луи Арагон ба да дунё омад. Вай аз ҷумлаи фаъолони ҳизби коммунист дар Фаронса, барандаи Ҷоизаи байналмилаплии Ленин ”Барои таҳкими сулҳ” ва шавҳари нависанда ва тарҷумони шинохта Элза Триоле буд.
Луи Арагон писари ғайриникоҳии Маргарита Тука буд, ки чун писархонди модар ва падарандараш номнавис карда буд.
Соли 1916 ба Донишкади пизишкӣ дохил шуд, вале се сол баъд ба сарбозӣ фаро хонда шуд.
Соли 1924 ҳамроҳ бо Андре Бретон ва Филип Супо ҷунбиши сюрреалистонро поягузорӣ кард. Соли 1927 ба ҳизби коммунисти Фаронса пайваст. Моҳи августи соли 1932 ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кард, аз Урал, Магнитогорск, Челябинск дидан кард ва бо сохтмонҳои зарбдори коммунистӣ ва бунёди заводу фабрикаҳои нав аз наздик ошно шуд. Баъди бозгашт аз сафар таассуроти худро дар силсилаи шеърҳои “Урал, Урал” баён кард.
27 февраи соли 1928 бо Элза Триоле – нависанда, тарҷумони фаронсавии яҳудиасл, барандаи ҷоизаи Гонкур издивоҷ кард.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи ширкаткунандагони ҷунбиши Муқовимат (як созмони зиддифашистӣ) буд.
Аз мубаллиғони адабиёти Шӯравӣ ба шумор мерафт.
Соли 1962 Луи Арагон ва Андре Моруа дар як вақт ду таърихнома навиштанд. Арагон таърихи Иттиҳоди Шӯравиро навишт ва Моруа таърихи ИМА-ро.
Луи Арагонро ҳамзамон метавон аз тарғибгарони адабиёти тоҷик дар Фаронса номид. Дар бобе аз асари худ «Адабиёти советӣ» (Порис, 1955) Луи Арагон оид ба адабиёти тоҷик, эҷодиёти классикон, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон, мулоқотҳояш бо А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил суханронӣ кардааст. Ба ақидаи ӯ С. Айнӣ «бунёдгузори адабиёти реалистии тоҷик» буд. Баъди мутолиаи «Марги судхӯр» вай С. Айниро бо намояндагони бузурги адабиёти ҷаҳон — Шекспир, Гёте, Балзак дар як радиф гузоштааст.
Шеърҳои Луи Арагон «Қиссаи сурудхонии марде дар қатлгоҳ», «Далер», «Соли даъвати 1917» ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Луи Арагон 24 декабри соли 1982 дар синни 85-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1900 дар Ашвилл нависанда, намоишноманави ва эссенависи амрикоӣ Томас Вулф зода шуд. Ӯро намояндаи ба истилоҳ “насли гумшуда” меноманд. Насли гумшуда чун истилоҳ ба насле гуфта шудааст, ки тӯли Ҷанги ҷаҳонии аввал ба балоғат расиданд. Ин ибораро бори нахуст Эрнст Хеменгуей дар романи “Хуршед ҳамчунон медурахшид” – и худ истифода кард ва маҳбубият ёфт.
Вақте Вулф чун нависанда шуҳрат ёфт, бештар сафари хориҷӣ анҷом дод ва аз ҳама зиёд ба Аврупо мерафт ва бештар аз ҳама Олмон барояш писанд буд. Дар Олмон зиёд зист, дӯстони нав пайдо кард. Вале чун ҳодисаҳои бархӯрди хушунатбор бо яҳудиёнро мушоҳида кард, дилмонда шуд.
Чун ба Амрико баргашт, ҳикояе навишт бо номи “Ман ба шумо бояд чизеро бигӯям” ва он дар маҷаллаи The New Republic чоп шуд. Баъди ин чоп ва таблиғу фурӯши асарҳои Томас Вулф дар Олмон манъ шуд ва худи ӯ мамнуъвуруд гардид.
Соли 1938 ба Ғарби ИМА сафар кард ва ҳангоми будубош дар Сиэтл ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуд. Ҳарчанд беш аз як ҳафта табобат кард, аммо саломатиаш беҳ нашуд. Оқибат духтурон касалии ӯро сили мағзӣ ташхис карданд ва моҳи сентябри соли 1938 ба Бемористон Ҷонз Ҳопкинз фиристоданд. Амали ҷарроҳӣ нишон дод, ки муолиҷаи адиб дер шудааст, чун беморӣ кулли қисмати рости мағзи сари ӯро фаро гирифтааст.
15 сентябри соли 1938, замоне, ки 18 рӯз ба 38-солагиаш монда буд, аз олам гузашт.
Соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Масчоҳ шоир, нависанда, публистист, рӯзноманигор ва омӯзгори тоҷик Абдуллоҳи Фазил ба дунё омад. Пас аз муҳоҷирати мардуми болооби Зарафшон ба водии Дилварзин, соли 1969, мактаби миёнаи №8 ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияро хатм карда, пас аз як сол ба хидмати ҳарбӣ рафтааст. Соли 1973 донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соли 1978 ба итмом расондааст.
Солҳои зиёде дар мактабҳои навоҳии Масчоҳи наву куҳна вазифаҳои роҳбарикунандаро бар зимма дошта, ҳамзамон, аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Соли 1999 ба соҳаи матбуот гузашта, ҳоло сармуҳарририи нашрияи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ – «Паёми Кӯҳистон»-ро бар уҳда дорад.
Ба шеър гуфтан аз солҳои донишҷӯйӣ пардохта, таровишҳои илҳому қаламаш аз соли 1980 дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳойи адабӣ нашр мешаванд.
Маҷмӯаи нахустини шеърҳои ӯ «Пайки умед» соли 1992 мунташир гардидааст. Соли 2006 нашриёти «Ношир» (Хуҷанд) маҷмӯаи нисбатан мукаммали ашъори ӯро бо номи «Кафсанг» интишор додааст.
Осори мансури адиб «Умре бо халқ», «Аз ёдҳо, бунёдҳо», «Шикасти армон», «Ҷумъа Одина» ва «Санги зӯр» дар давоми даҳ соли охир ба дасти хонандагон расидаанд, ки аз маҳорати хуби нигорандагӣ ва соҳибпешагии муаллиф дар жанри очерку публитсистика гувоҳӣ медиҳанд.
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2007).
Соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда буд.
Абдуллоҳи Фозил 5 майи соли 2022 аз олам даргузашт.
Соли 2020 нависанда, рӯзноманигор, мақоланавис, филмноманавис, тарҷумон, омӯзгори русзабони Тоҷикистон Леонид Чигрин тарки олам кард. Вай 20 майи соли 1942 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Баъд аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ) соли 1965 ба ҳайси муҳаррири Радиои Тоҷикистон, мухбири ТАСС дар Тоҷикистон, сармуҳаррири қисми хроники киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият намудааст. Устоди калони шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон будааст.
Дар тӯли сӣ сол ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони русӣ машғул будааст. Асарҳои тарҷумакардааш дар Тоҷикистон ва дар нашриёти «Советский писатель»-и Маскав ба табъ расидаанд.
Ҳамчун барномасоз ва муаллифи матнҳои наттоқӣ дар зиёда аз сад филми ҳуҷчатӣ ва илмию амалӣ иштирок кардааст. Аз рӯи асарҳояш ду филми бадеӣ ба навор гирифта шудааст. Якумӣ киномазҳака дар бораи Хоҷа Насриддин – «Гляди веселей!» (Хушҳолона нигар!»), дуюмӣ филми дастҷамъӣ оид ба Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, мазҳакаи хурде ҳам бо номи «Ищите женщину!» (Занро ҷустуҷӯ намоед!») эҷод кардааст, ки ҳар се дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.
Муаллифи маҷмуъаи қиссаҳои «Қасос”, мунтахаби шеърҳои «Булбулон бе талаб мехонанд» ва «Рапсодияи арманӣ» (2014) мебошад.
Дар ҳаммуалифӣ бо Ато Хамдам бист романи таърихӣ таълиф кардааст, ки «Спитамен» (доир ба ҳаракати Искандари Мақдунӣ ба Осиё) «Ҳаёти Чян Сян ё Роҳи бузурги абрешим», «Венетсиягии дӯстдори Помир оид ба саргузашти Марко Поло дар Помир, «Озар аз Истаравшан ё шамшери Спартак» (дар бораи устои аслиҳасози суғдӣ нақл мекунад, ки дар Руми Қадим ғулом буда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудааст) аз қабили онҳо мебошанд. Ҳамчунин дар ҳаммуалифӣ даҳҳо қиссаи таърихию муосир ва асарҳои драматургӣ эҷод кардааст.
Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2019).
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ