32 сол пеш аз ин. Баҳси операву балет дар “Адабиёт ва санъат”

операву балетИн суҳбати муфассал бо номи “Опера ва балет лозиманд ё не” атрофи  27 августи соли 1992 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд. Дар муқаддима омадааст: “Дер боз дар ҷомеа перомуни мусиқии муосири тоҷик, бахусус операву балет, ораторияву симфония ва жанрҳои дигар баҳсу мунозира давом дорад. Ташкил ёфтани Созмони ромишгарони ҷумҳурӣ ва бахусус баромади телевизионии раиси он оҳангсоз Зайниддин Зулфиқоров ин масъаларо шиддат бахшид.

Ҷамъомаде, ки дар Иттиҳоди оҳангсозон доир гардид, ба баррасии масъалаҳои мусиқии касбӣ ва вазифаҳои имрӯзаи соҳибкасбон бахшида шуда буд.  Мо суҳбатро айнан, бетарафгирии касе манзури ҳамагон мегардонем ва умед дорем, ки оҳангсозон, ромишгарон, аҳли адабу ҳунар ва ҳар касе, ки нисбати санъати мардумии хеш бепарво нест, перомуни масоили дар суҳбат зикршуда, ибрози ақида мекунанд”.

Азбаски ин як суҳбати тӯлонист ва рӯи чоп овардани он заҳматталаб аст, мо интихобан, ҷо-ҷо аз суханронии ҳар кадом ширкаткунандагон иқтибос овардем. Ҳамзамон ба хонандагон ва мутахассисон тавсия медиҳем, ки матни комили онро дар шумораи ёдшудаи “Адабиёт ва санъат” мутолиа кунанд.

 *****     *****     *****

Саъдулло Рўзиматов,­-мусиқишинос: Тавре ки фаҳмидем боиси гуфтугузорҳои ногувор дар атрофи мусиқии касбӣ, созмони навташкили ромишгарон шудааст. Мехостем бидонем, ки он чихел созмон аст, чи ҳадафҳо дорад ва киҳо аъзояш ҳастанд.

Аслиддин Низомов- мусиқишинос: Бар зидди операву балет солҳои 20 -ум ҳам гап мезаданд, солҳои сию чилу ҳафтоду ҳаштод ва ба гумонам солҳои 2000-ум ҳам ин гапҳо хотима намеёбанд. Вазъи сиёсию иқтисодӣ бисёр ҳам тезутунд шудааст. Ҳизбу созмоне нест кардани операю балетро ҳадафи барномавии хеш қарор надодааст. Агар созмони ромишгарон чунин мақсад дошта бошад, гапи дигар. Банда низ аз таъсиси он бехабар, намедонам, ки чӣ барнома дорад, киҳо аъзояш ҳастанд, чӣ мехоҳанд.

Мо наметавонем созмони ромишгаронро муҳокима кунем. Фақат хоҳиш кардан мумкин, ки барномаи онро бароямон баён кунанд ё чоп карда дастраси рафиқон созанд, то аз мақсаду мароми он огаҳ шавем. Албатта, боз сад созмони дигар сохтан мумкин, торнавозон ҳам ин корро карда метавонанду дуторчиҳо ҳам, қўшнайчиву сурнайчиҳо ҳам. Лекин, дар чунин вазъи тезутунд дар шароите, ки ҳеҷ наметавонем дастҳои парокандаи ҳамдигарро бифишорем, ин кори дуруст нест. Ин боз як ҷудоандозист…

Чанд сол пеш, аз боло ҳукм шуд, ҷамъияти мусиқӣ ташкил ёфт, вале аз кору бораш дарак нест. Бинобар ин дар ҷумҳурии хурдакаки мо агар як иттифоқ мебуду ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд, оҳанг эҷод кунанд, дар он муттаҳид мешуданд, хуб мешуд.

Дар масъалаи жанрҳои мусиқӣ, танҳо шартан ба жанрҳо тақсим мешаванд. Аслан ду жанр аст: мусиқии хуб ва бад.

Ман ҳам тарафдори он ки ба тариқи ошноӣ, на муҳокима аз мақсаду мароми созмони ромишгарон огаҳ шавем.

Дамир Дустмуҳаммадов: Дар чанд ҷо аз ман пурсиданд, ки шумо муносибатро бо Зайниддин Зулфиқоров дуруст кардед ё не? Ман ҳайрон мешавам, ки кадом муносибат бошад? Мегўянд, ки дар ҳаққи шумо бисёр гапҳо мезананд. Иттифоқи оҳангсозонро инкор мекунанд. Ман рости гап танҳо баъди намоиши телевизионие бо иштироки ин рафиқон аз асли гап бохабар шудам. Дар он намоиш бар ҳаққи Иттифоқи мо таҳқирҳо ҳам садо дод.

Ҳатто дар аввали кор созмони нав Иттифоқи оҳангсозон ном дошт. Ман ба Зайниддин гуфтам, ки охир, иттифоқи оҳангсозон ҳаст-ку. Ин кас ҷавоб доданд, ки «Чӣ дигарон оҳангсоз нестанд?» Мебояд ин масъаларо рўшан кунем.

Талаб Саттор, – оҳангсоз: Мақсади мо муҳокимаи созмони нав не, муайян кардани баъзе масъалаҳо аст, ки бо таъсиси он ба миён омадаанд. Гумон мекунам, ки масъала ҷиддист, вале шумо онро нарму ҳамвор карда истодаед. Асли гапро бояд гуфт.

Зайниддин Зулфиқоров, тавассути намоиши телевизионӣ Иттифоқи оҳангсозонро сахт таҳқир карданд. Ба ғайр аз ин дар дигар ҷойҳо оҳангсозонро сиёҳ мекарданд. Аз қабили «Он ки инҳо оҳангсоз нестанд, инҳоро нест кардан даркор,иттифоқро барҳам додан лозим» ва ғайраву ҳоказо.

Мехостам мавқею маромашонро рўбарўи ҳамкасбон кушоду равшан гўянд.

Амон Ҳамдамов,- оҳангсоз: Айбҳое, ки имрўз ба гардани ину он кас мезананд, аслан айби замон аст. Пайи ҳам алифбо тағйир меёфту истеъмолу истифодаи забонамон танг мешуд. Ва оқибат ба ин рўз расидем…

Адабиёт ва санъатМиратулло Атоев: Ман чун муовини раиси Иттифоқи оҳангсозон ва ҷонишини аввали раиси ҷамъияти мусиқӣ аз бунёди Созмони ромишгарон хуб огоҳам. Аввалан онҳо мақсаду нияти хуб доштанд. Мутаасифона, имрўз мақсади аслӣ рўи об баромад. Зулфиқоров дар омўзишгоҳи мусиқӣ изҳор кардааст, ки мақсади асосиаш барҳам додани Иттифоқи оҳангсозон аст!

Дар баромади телевизиониаш, аз ҷумла гуфт, ки мусиқии миллии мо акнун қадами аввалин гузошт. Пас он ҳама заҳмату хизмати оҳангсозон чӣ шуд?

Ҳамин ҷудоҳои сиёсӣ бас нест, ки боз байни ҳунармандон ҷудоӣ меандозем?

Шарофиддин Сайфиддиннов: 50-сол дар назди таърих вақти зиёде нест, вале дар ҳамин муддати кўтоҳ оҳангсозони мо опера сохтанд, балет сохтанд, ба ҳама жанрҳои мураккаби мусиқӣ даст заданд.

Албатта, на ҳама асарҳои мо нағз аст. Кори эҷодӣ пасту баландӣ, барору нобарориҳо дорад. Дар бораи сифати асар гуфтан мумкин, лекин жанри асарро инкор кардан намешавад. Операву балет, ораторияю симфония, ба гумони ман, ҳоло ҳам барои мо намудҳои наванд ва онҳоро ба халқ расонидан даркор. Албатта, беҳтаринҳояшонро. Вале, қаблан халқро барои дарки онҳо тайёр бояд кард. «Ин даркор не, он даркор не» гуфтан осон, лекин онро даркорӣ кардан мушкилтар аст ва вақти зиёд мехоҳад.

«Шашмақом» нағз, мусиқии халқӣ ҳам, инро касе рад намекунад, вале ҳар замон дар ҳар соҳа нақши худро мегузорад ва оянда ҳар замонро аз рўи нақше, ки ҳунармандонаш дар ин ё он соҳа гузоштааст, мешиносад. Бинобар ин, пайдоиши шаклу намудҳои нави мусиқӣ ногузир буд ва акнун вазифа он аст, ки ҳангоми эҷодӣ онҳо аз халқ дур намешавем.

Муҳимтарин вазифаи имрўзаи мо тарғибу ташвиқ аст. Мусиқии ҳозираро дар байни мардум тарғиб кардан даркор аст. Худамон ҳам бояд дар ин кор саҳм бигирем. Ба наздики ду мақолаи нағзи Талаб Сатторро хондам, афсус, ки дигарон наменависанд…

Аз ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 27 августи соли 1992 таҳияи Мавҷуда Абдуллоева, муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.