Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми апрел
Соли 1774 нависанда, намоишноманавис ва шоири англис Оливер Голдсмит аз олам рафт. Машҳуртарин асари ӯ “Шаҳрванди ҷаҳонӣ ё номаҳои як файласуфи ҷинӣ” ном дорад. Романи “Роҳиб Векфилд” низ аз машҳуртарин асарҳои ӯст, ки борҳо коргардонҳои гуногун аз рӯи он филм бардоштаанд.
Соли 1785 дар Франкфурт шоираи олмонӣ Беттина фон Арним ба дунё омад. Вай аз машҳуртарин шахсиятҳои адабии ҷунбиши романтикии Олмон ба шумор меравад. Вай духтари Максимилиан фон Ларош ва ҳамсари нависанда ва намоишноманавис Ахим фон Арним буд. Ва ҳарду ҳам аз шахсиятҳои муҳим ва барҷастаи асри романтики Олмон буданд. Дар омода ва чопи асарҳои ҳамсараш, ки бармаҳал аз олам гузашт, саҳм дорад.
20 январи соли 1859 дар шаҳри Берлин дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Соли 1806 дар Венетсия дар синни 85 – солагӣ нависанда, намоишноманависи итолёвӣ Карло Готси тарки олам кард. Вай бародари адиби маъруф Гаспаро Готси буд.
“Муҳаббат ба се афлесун”, “Зан-мор”, “Зобеида”, “Муъҷизаи сабз”, “Шоҳ-гавазн” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1818 дар Баллирони нависандаи англис Майн Рид ба дунё омад. Вай муаллифи беҳтарин асарҳои саргузаштӣ барои бачаҳо ва калонсолон аст ва баъзан то тахаллуси Капитан Майн Рид ҳам навиштааст.
Машҳуртарин асарҳои ӯ “Савораи бесар”, “Отсеола-доҳии семинолҳо” мебошанд.
Романи “Савораи бесар” ба тоҷикӣ ҳам тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1823 нависандаи рус Александра Николаевна Бахметева таваллуд шуд.
Соли 1849 дар шаҳри Порис дар синни 39-солагӣ аз бемории сил шоир, дипломат ва намоишноманвиси арманитабори аҳли Лаҳистон Юлиюш Сломатский дида аз олам барбаст. Вай бо Одам Митскевич ва Зигмунт Красинский аз шинохтатарин адибони давраи Романтизм ба шумор мераванд.
“Мария Стюарт”, “Лилла Венеда”, “Мазепа” аз ҷумлаи машҳуртарин намошномаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1910 дар Рига нависанда, филмноманавис ва намоишноманависи Шӯравӣ Юрий Герман дида ба олам кушод. “Русияи ҷавон”, “Коре, ки дар хидмати онӣ”, “Шахси маҳбуби ман” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.
Юрий Герман барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи 2 буд.
16 январи соли 1967 дар шаҳри Ленинград тарки олам кардааст.
Соли 1934 ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигор, аввалин сардабири маҷаллаи “Новое время” Кронид Аркадевич Любарский таваллуд шуд. “Очеркҳо оид ба астробиология” номи яке аз китобҳои ӯ мебошад.
Дар синни 62-солагӣ 23 майи соли 1996 ҳангоми истироҳат дар ҷазираи Бали дар оби баҳр ғарқ шуд ва ба таври фоҷеавӣ бо ҳаёт падруд гуфт.
Аз мухолифони сарсахти ҷанги Русия дар Чеченистон буд.
Соли 1934 шоир, насрнавис ва намоишноманависи машҳури итолёвӣ Салваторе Ди Джакомо аз олам рафт. Аз сарояндагони дарду ғами фақирону нотавонҳои ҷомеа буд.
Салваторе Ди Джакомо аввал бо хоҳиши падараш тиб омӯхт, вале ба зудӣ аз он даст кашид ва рӯ ба шоирӣ овард. Бунёдгузори маҷаллаи “Фантазия” буд.
Бештар намоишнома ва сурудҳо барои намоишномаҳо навиштааст. “Дар зиндони Сан-Франчиско”, “Моҳи Мария”, “Ассунта Спина” номгӯи чанд намоишномаи машҳури ӯ мебошанд.
Соли 1942 рӯзноманигор ва нависандаи аҳли Русия Михаил Ефимович Колсов аз олам гузашт. Вай бунёдгузори машҳуртарин маҷаллаҳои замони Шӯравӣ “Огонёк”, “Крокодил” ва “За рубежом” ва мудири шуъбаи хориҷии Иттиҳоди нависандагони СССР буд.
Сарнавишти талх дорад. 27 сентябри соли 1938 зери унвони “Комилан махфӣ” комиссари халқии умури дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ Н.Ежов ва Лаврентий Берия ба Сталин нома ирсол карданд ва ӯро чун “душмани халқ” муаррифӣ намуданд.
13 декабри соли 1938 дар идораи рӯзномаи “Правда” бе ягон ҳуҷҷати тайидкунандаи боздошт, дастгир шуд (ордери боздоштро баъдан 14 декабр навиштанд). Ба пайравӣ аз Тротский ва таблиғоти зиддишӯравӣ муттаҳам шуд. Барои таҳқиқи парвандаи сохта бештар аз 70 нафарро зери фишору таъқибу зарбу лат мавриди пурсиш қарор доданд ва аксари ин 70 нафар ҳам баъдан, бо баҳонаҳои дигар боздошт ва ба қатл расонда шуданд.
16 январи соли 1940 ба рӯйхати касоне шомил шуд, ки бояд бо фармони Сталин парронда мешуданд. Сталин пешниҳоди қатлро имзо кард ва 1 феврали соли 1940 Додгоҳи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукмро содир намуд. 2 феврал билохира, баъди шиканҷаҳои зиёд эъдом гардид.
18 декабри соли 1954, баъди марги Сталин сафед шуд.
Соли 1972 роҳбарияти КПСС додани раводид ба намояндагони Шведсия, ки мехостанд ҷоизаи Нобели адабиётро ба Александр Солженитсин супоранд, рад кард.
Соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳозира Шӯрообод) шоири маъруф Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов) таваллуд ёфтааст. Соли 1978 донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1983 соҳиби диплом гардидааст. Сипас, то соли 1993, дар мактаби миёнаи № 40 ноҳияи Кӯлоб омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, баъдан, то соли 1999, инспектори калони Маркази иттилоотии Раёсати гумруки вилояти Хатлон будааст.
Соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, вазифаи директории онро бар уҳда доштааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Бунёдгузори ва гардонандаи маъруфтарин маҳфили адабӣ бо номи “Ҳамешабаҳор” аст, ки дар ибтидо маҳфили адабии Хайрандеш номида мешуд.
Бо дастгирии Ҳукумати вилояти Хатлон моҳномаи адабии «Гулбарг»-ро таъсис додааст, ки то имрӯз минбари асосии қаламкашони вилоят мебошад.
Муаллифи асари «Хайробод» мебошад, ки китоби якумаш соли 2005 дар Эрон, китоби дувумаш соли 2004 дар Тоҷикистон интишор ёфтааст.
Инчунин, муаллифи маҷмӯаҳои «Зиёратнома» (1993), «Сад қатра ашк» (1994), «Замзама» (1996), «Хайробод» (2004), «Тоҷикнома» (2006), «Чархофалак» (китобҳои 1-4; 2006-2007), «Ғазалпайванд» (китобҳои 1,2; 2007) ва «Куллиёт» (ҷ.1, 2010) мебошад.
Куллиёти ашъорашро бо номи “Ҳамешабаҳор” интишор додааст.
Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
МАТЛАБИ БЕШТАР ДАР БОРАИ ХАЙРАНДЕШ ИН ҶОСТ:
«Пайдо»-т муборак бод!!! ё чанд сухан дар шинохти шоири соҳибмактаб, устод Хайрандеш
Соли 2012 шоири тоҷик Тӯлқин Хоҷа аз олам гузашт. Вай 17 сентябри соли 1956 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омада буд. Маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1973 шомили ҳунаристони киномеханикҳо шудааст. Пас аз итмоми он муддате дар идораи кинонамоишдиҳӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, ҳамзамон, то хатми он, дар заводҳои хишту семент ва мактаби №59 пойтахт коргариву омӯзгорӣ кардааст.
Солҳои 1979-2000 дар макотиби гуногуни ноҳияи Данғара аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабарнигор будааст.
Аз овони кӯдакӣ шеър мегуфт. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Шамолдара» соли 1989 чоп шудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Озар» (2000), «Ниёиш» (2002), «Захми нигоҳ» (2004) ва «Хоки баланд» (2014) аст.
Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Б.Шафеъ