Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми апрел

Як-рузи-таърих-05-04-2023Соли 1588 дар Семюр-ан-Осуа адабиётшинос ва нависанда Клод де Сомез ба дунё омад.

Соли 1765 дар Уэлин, Хартфордшир дар синни 81-солагӣ шоири англис Эдуард Юнг вафот кард. Вай яке аз шоирони даврони эҳсосотгароӣ (сентиментализм) буд.

Эдуард Юнг бо достони динӣ-дидактикии иборат аз ҳафт китоб бо номи “Шикоят ва ё мулоҳизаҳои шабона дар бораи ҳаёт,  марг ва абадият” (The Complaint, or Night Thoughts on Life, Death, and Immortality, 1742—1745) машҳур шуд. Достонро ӯ аз таассуроташ аз марги  ҳамсараш навишт.

Пьер-де-БомаршеСоли 1772 параламони Порис иҷозат надод, ки намоишноманавис Пеер Бомарше пулҳои васияткардаи ҳамкораш Пари-Дювернро азхуд кунад. Бормаше намоишноманавис ва мақоланависи машҳури Фаронса мебошад, ки солҳои 1732 – 1799 зиндагонӣ кардааст. Ӯ бештар бо мазҳакаҳои “Сартароши Севил” ва “Зангирии Фигаро” машҳур аст.

Номи Пеер Бормаше барои ҳаводорони санъати театрии тоҷик низ ошност. Намошномаи “Зангирии Фигаро” дар театрҳои кишвари мо низ ба намоиш гузошта шуда буд.

“Евгения”, “Ду дӯст”, “Модар гунаҳгор ва ё Тартюфи дуюм” аз ҷумлаи асарҳои дигар  ӯ мебошанд.

Соли 1793 шоир ва намоишноманвиси аҳли Фаронса  Казимир Делавин ба олам омад. Вай муаллифи суруди миллии пешини Фаронса La Parisienne буд.

ФоҷеаҳоиПария”, “Бачаҳои Эдуард”, “Дон Жуани Австрия маҳсули қалами ӯ мебошанд.

Алджернон-Чарлз-СуинбернСоли 1837 нависанда, намоишноманавис ва шоири англис Алджернон Чарлз Суинберн таваллуд шуд. Вай дар навиштани ёздаҳумин шумораи “Донишномаи Бритонико”, ки хеле маъруф ҳам будааст, ширкат кардааст. Солҳои 1903, 1907 ва 1909 номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт ҳам будааст.

Суинберн гирифтори шаробхориву алголагния (Algolagnia) буд. Соли 1879 дар синни 42-солагӣ ҳолати рӯҳиву равонии адиб хеле бад шуд ва хатари марг таҳдид мекард. Дӯсташ Теодор Уоттс нигоҳубини ӯро шахсан ба уҳда гирифт. Оҳиста-оҳиста феъли зуд ба ғазаб омадану оташин шудан ва даст ба ҳар гуна балвоҳо задан фурӯ нишаст.

Вай 10–уми апрели соли 1909 дар Лондон аз зуком даргузашт. Он замон 72 сол дошт.

Соли 1896 шоир ва инқилобчии литвонӣ Юлюс Янонис ба дунё омад. Ӯро поягузори назми инқилобии Литва меноманд.

Соли 1920 нависандаи нависандаи англиси муқими Канада ва муаллифи пурхонандатарин романҳо Артур Хейлӣ ба дунё омад. Тӯли умр вай 11 роман навиштааст. “Меҳмонхона”, Фурӯдгоҳ”, “Чархҳо”, “Доруҳои таъсирнок”, “Навгониҳои шомгоҳӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сол-Беллоу

Соли 2005 дар Бруклайн, иёлати Массачусетс дар синни 89-солагӣ нависандаи амрикоии канадиёитабор Сол Беллоу аз олам рафт. Ӯ ба хотири дастовардҳо ва осори адабии хубаш барандаи ҷоизаи Нобели ададбиёт ва нишони миллии ҳунари Амрико шуда буд. Ӯ танҳо нависандае аст, ки се маротиба барандаи ҷоизаи Китоби миллӣ барои достон шудааст.

Номгӯи баъзе романҳо в адостонҳои кутоҳи ӯ: “Марди муаллақ”, “Қурбонӣ”, “Имрӯзро дарёб”, “Ҳендерсон-шоҳи борон”, “Сайёраи ҷаноби Заммлер”, “Ҳадя аз Ҳумболт”, “Ҳерсог”, “Моҷароҳои Оги Морч”, “Ӯ бо пояш дар даҳони ӯ”, “Чизе барои ба хотир доштан” ва ғайра.

Гулчеҳра-СулаймонӣСоли 2003 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз машҳуртарин адиби кӯдакнависи кишвар Гулчеҳра Сулаймонӣ тарки олам кард. Вай 75 сол дошт.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Чил кокул» (1972), «Себи хубонӣ» (1974), «Тори марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Тирукамон» (1979), «Вақте ки лолаҳо мешукуфанд» (1982), «Сичароғ» (1988), «Куртаи чакан» (1989) ва ғ. мебошад.

МУФАССАЛТАР: Бибиҷони рафтаи бачаҳо…

Таҳияи Б.Шафеъ