Моро дар “Telegram” ҳам пайгирӣ намоед. Китобҳои дархостиро метавонед он ҷо дастрас кунед

Telegram

Дӯстони азиз! Сомонаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Telegram” саҳифаи расмии худро фаъол намудааст, ки вобаста ба фаъолияти Муассиса ва дарёфти маълумотҳои ҷолиб вобаста ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ пешниҳоди хонанда мегардад.

Ҳамзамон, Муассисаи мо омодааст барои ҳаводорон ва хонандагони хеш ҷиҳати дарёфти китобҳои электронӣ аз сомонаи Китобхонаи миллии электронӣ роҳҳои содаи дарёфти ин навъи адабиётро пешниҳод намояд.

Китобхонаи электронии мо айни замон дорои бештар аз 400 ҳазор китоби электронӣ  аст. Ва аз Шумо даъват мекунем,  ин хазинаи бебаҳоро  истифода баред.

Омодаем ҷиҳати дарёфти китоби мавриди ниёзатон ба воситаи телеканал дар суроғаи https://t.me/kmt_tj  кумак намоем.