Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми июл
Соли 1803 дар Норфолк (графнишине дар Англия) нависанда, сайёҳ ва яке аз донандагони хуби фарҳанги лӯлиён дар замони худ Ҷорҷ Борроу ба дунё омад. Дар замони наврасӣ оворагардӣ мекард ва муддатҳо бо лӯлиён ҳамнишин буд. Забонашонро хуб омӯхт ва бо фарҳангашон аз наздик ошно гашт.
Баъдан дар донишгоҳи Эдинбург забон ва адабиёт омӯхт ва соли 1835 чун гумоштаи Ҷомеаи ҷуғрофии подшоҳӣ ба сафар баромад, ҳамаи кишварҳои Аврупоро гашт, ба Африқо ҳам рафт ва то имкон дошт забони халқҳои мухталифро омӯхт, фарҳангашонро донист.
Солҳои 1833-1835 бо супориши Ҷомеаи Инҷили Русия ин китоби муқаддасро ба забони манҷурӣ тарҷума намуд.
Китобаш “Инҷил дар Испания” барояш шуҳрат овард.
Борроу 26 июли соли 1881 дар 78-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1899 дар Варенн нависанда, эссенавис, мунаққиди адабӣ ва рӯзноманиори аҳли Фаронса Марсел Арлан таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Гонкуров (1929), сардабири маҷаллаи “Nouvelle Revue Francaise” (NRF) буд.
Ҷоизаи адабии Гонкуровро Марсел барои романи тарбиявии L’Ordre соҳиб шуд. Баъди ин вай билкул кори муаллимиро қатъ кард ва худро ба маҷаллае, ки Жан Полан омода мекард, бахшид.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вақте маҷаллаи NRF ва Пйер Дриё ла Рошел (нависандаи фаронсавӣ) бо Олмони фашистӣ ҳамкорӣ кард, Арлан зидди маҷалла ва хати сиёсии он баромад. Баъди ҷанг то соли 1953 чопи маҷалла манъ шуда буд ва баъди ҳамин сол Полан онро барқарор намуд ва Арланро ҷонишини худ қабул кард. Соли 1968 Полан вафот кард ва Аллан то соли 1977 садабири он буд.
Соли 1944 дар деҳаи Ҷирабулоқи ноҳияи Восеъ пажӯҳишгари тоҷик Шоҳвалӣ Сайидҷаъфар таваллуд шудааст. Солҳои 1962-1963 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №4 шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1963-1964 дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Фархор сарпешоҳанг, ҳамзамон, устоди таълими меҳнат будааст.
Моҳи августи соли 1964 шомили факултаи филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко шуда, солҳои 1964-1965 дар шаҳри Краснояр адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1969 донишкадаро бо дипломи аъло ба итмом расонда, солҳои 1969-1971 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Энсиклопедияи советии тоҷик дар вазифаҳои лаборант ва муҳаррир кор кардааст.
Солҳои 1971-1974 вориди аспирантура шуда, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти сухангустари охирҳои асри XVII-и форсизабони Ҳиндустон тадқиқот бурдааст. Соли 1978 дар Шӯрои илми Институти шарқшиносии АН СССР рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Аз моҳи августи соли 1974 то охири ҳаёташ дар Донишкадаи давлатии омӯзгори Кӯлоб омӯзгорӣ мекард.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
4 январи соли 2007 аз олам даргузашт.
Соли 2008 дар Чита дар синни 62-солагӣ шоири Шӯравии рус Михаил Вишняков вафот кард.
Соли 2009 дар маркази шаҳри Вилнюс ба нависанда, бастакор, мунаққид, мақоланавис, шоир, тарҷумони Литва Винсас Кудирка пайкара гузоштанд.
Кудирка 31 декабри соли 1858 ба дунё омад ва 16 ноябри соли 1899 дар синни 40-солагӣ тарки олам кард. Вай муаллифи “Суруди миллӣ”-и Литва буд.
Аввалин навиштаи ӯ, ки дар рӯзномаи “Аушра” (нахустин нашрияи ҷамъиятиву адабии Литва) чоп шуд “Чаро яҳудиён гӯшти хук намехӯранд?” ном дошт.
Кудирка муаллифи даҳҳо шеърҳои хуб ва тарҷумаҳост. Ду маҷмуаи сурудаҳои мардумиро низ интишор додааст. Байрон, Адам Митскевич, Юлиуш Словатский ва Шиллерро ба литвонӣ тарҷума кардааст.
Соли 2012 дар меҳмонхонаи Onze Lieve Vrouwe Gasthuis воқеъ дар Амстердам дар синни 68-солагӣ баъди як бемории кутоҳмуддат шоир, нависанда, мунаққиди адабӣ ва намоишноманависи аҳли Нидерландия Геррит Комрей вафот кард.
Таҳияи Б.Шафеъ