Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми ноябр

Ҷонибеки АкобирСоли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) адиби маъруф Ҷонибеки Акобир ба дунё омадааст.  Муаллифи китобҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), қиссаи «Бозии тақдир» ва ҳикояҳои наваш дар китоби «Пазмонӣ» (1990), «Оҳанги дареғ» (2003) ва «Қаламҳои кӯҳистонӣ» (2012) мебошад. Асарҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, олмонӣ, ветнамӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Тарҷумаи қиссаи И.Тургенев «Фауст», ҳикояҳои алоҳидаи А.Шукшин, новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И.Андрич, қиссаи нависандаи румин И.Биэшу «Майор ва марг», романи П.Проскурин «Решаҳои урён» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1990), Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2005) ва Ҷоизаи байналмилалии адибони форсизабон «Ялдо» (2004) мебошад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

25 июли соли 2014 аз олам даргузашт.

Соли 1889 нависандаи рус Александр Ефремович Новосёлов дар деҳаи Железинский, Павлодар вилояти Семипалатинск дар оилаи афсар ба дунё омад. Охири соли 1917 дар ҳукумати муваққатии Сибир  вазири корҳои дохилӣ буд.

Ин нависанда шаби 21 сентябри соли 1918 бо фармони сардори гарнизони Омск Вячеслав Волков ба ҳабс гирифта шуда, 23 сентябри соли 1918 аз дасти афсарон Семенченко ва Методиев кушта шуд. А. Е. Новосёловро дар Омск дар қабристони казакҳо ба хок супурданд.

Соли 1913 нависанда, шоир, драматург, ҳаҷвнигор, сенариянависи Шӯравии рус, Владимир Александрович Лифшитс дар шаҳри Харков ба дунё омадааст. Писари духтур Александр Владимирович дотсенти кафедраи физиологияи Академияи харбии тиббӣ мебошад. Қариб 30 китоби ашъорашро чоп кардааст. Муаллифи бисёр филмхои машҳури советӣ, аз чумла «Духтаре, ки суроға надорад», «Шаби карнавал”,  «Қиссаи гумшудагон» ва ғайра мебошад.

9 октябри соли 1978 вафот кардааст.

Соли 1937  Болеслав Станислав Лесман шоири лаҳистонӣ дар синни 60 – солагӣ вафот кард. Ӯ 22 январи соли 1877 дар шаҳри Варшава ба дунё омада, дар Украина ба воя расидааст.

Соли 1943 шоир, нависанда, дромнавис, сиёсатмадор, тарҷумон, рӯзноманигор Аспазия (Иоганн Эмилия Лизете Розенберга) дар сини 78 солагӣ дар деҳаи Дубулти (Юрмала) даргузашт. Марҳум аз соли 1933 дар ҳамин русто зиндагонӣ мекардааст.

Соли 1963 Яир Лапид рӯзноманигор, нависанда, драматург, ходими давлатии Исроил дар шаҳри Тель-Авив ба дунё омадааст.

Соли 1977 нависанда, коргардон, ҳунарманд, продюсери фаронсавӣ Рене Госинни дар синни 51-солагӣ аз сактаи дил вафот кардааст. Ў муассиси ҳафтаномаи кӯдаконаи “Пилот” мебошад, ки аз соли 1959 чоп мешуд. Рене Госинни 14 августи соли 1926 дар Порис ба дунё омадааст.

Соли 2005  нависандаи англис Джон Роберт Фаулз дар Лайме Регис, Британияи Кабир дар синни 79-солагиаш аз сактаи дил вафот кардааст. Вай 31-уми марти соли 1926 дар Ли-он-Си, графнишини Эссекс дар хонаводаи бозаргони муваффақ ба дунё омада, аз бузургтарин намояндагони адабиёти постмодернизм ба шумор меравад.

Таҳияи Мадина Ҳамидова