Корманди китобхонаи миллӣ сазовори ҷои аввал гардид!

Насиба ДанияроваОзмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022»  дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун Насиба Даниярова, муовини сардори шуъбаи  илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ дар номинои «Китобдори сол» соҳиби «Ҷоиза» ва «Диплом» барои «Ҷойи аввал» гардид.

Ҳамчунин аз Китобхонаи миллӣ ду нафари дигар низ дар ин озмун, ки аз рўӣ се номино: «Китобхонаи сол», «Китобдори сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» баргузор гардид, ширкат ва соҳиби «Диплом» шуданд.

Иштироккунандагони озмунро ҳакамон тавассути ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда  муайян намуда, ғолибонро бо «Диплом», тўҳфаҳои хтиравӣ ва «Гран-прӣ»  қадрдонӣ намуданд.

«Шоҳҷоиза» насиби директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода гашт.

Китобдорону китобхонаҳое, ки дар номиноҳои озмун иштирок намуданд, бо «Диплом»-и иштирокчии озмун сарфароз гардиданд. Ҳадафи озмун баланд бардоштани мақоми китоб ва дилгарм сохтани китобдорону тарғиби соҳаи китобдорӣ унвон шуд.

Ҳамаи ширкаткунандагон ва ғолибони ин озмунро самимона муборакбод мекунем!

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои
фарҳангӣ.