Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми октябр
Соли 1609 нависанда ва духтури олмонӣ Паул Флеминг зода шуд. Вай аз машҳуртарин намояндагони олмонии равияи барокко (барокко – услубе дар санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт ва пайкарасозӣ) дар Олмон буд.
Шеъри Флеминг бештар зери таъсири адабиёти шубонии қадима эҷод шудааст, вале дар руҳияи шоди зиндагӣ. Адабиёти шубонӣ ва ё пасторал (фр. pastorale) дар суннати фарҳангӣ ва адабии Мағрибзамин сабки ҳунарии маъруф аст, ки мазмуни аслии он аз оромиш ва сафои зиндагии содаи рустоӣ дар дили табиат мебошад.
Як қисми шеърҳои ӯ ба Ҷанги сисола бахшида шудаанд ва чун ҳамаи дигар шуарои ин давр Флеминг низ орзуи зудтар ба анҷом расидани ин ҷанг мекунад.
Паул Флеминг 2 апрели соли 1640 дар синни 30-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1713 дар Лангр нависанда, файласуфи равшангаро ва намоишноманависи фаронсавӣ Дени Дидро таваллуд шуд. Вай асосгузори “Донишномаи илм, санъат ва ҳунар” буд. Ҳамроҳ бо файласуф Волтер, Жан Жак Руссо, Шарл Монтеске, Д’Аламбер ва дигар донишноманависони замонаш ғояҳои бунёдии Асри маърифатро, ки баъдан ба мағзи мутафаккири Инқилоби бузурги Фаронса табдил ёфт, асос гузошт.
Падараш дар тиҷорат як марди фавқулода буд. Се нафар аз 5 тан бародарону хоҳарони вай: Дениз Дидро, Пйфер-Дидйе Дидро ва Анжелика Дидро ба синни балоғат расиданд. Артур Маккэндлес Уилсон шаҳодат додааст, ки Дидро аз хоҳараш Дениз ифтихор мекардааст ва аз он ки хеле донишманду закӣ буд, “Сократ”-и ҷинси латиф меномид.
Соли 1757 аввалин намоишномаи ӯ бо номи “Писари ғайриникоҳӣ” рӯи кор омад ва соле баъд аз анҷоми пйесаи дигараш бо номи “Падари хонадон” хабар дод. Дар ин ду намоишнома дар бораи муносибатҳои оилаву таълиму тарбия дар хонадон сухан меравад.
Дидро дар навиштани повестҳо ҳам муваффақ шуд. “Жак Фаталист”, “Ҷияни Рамо”, романи “Роҳибзан”, ки дар бораи ахлоқи бонувони хидматгузор дар калисоҳо нақл мекунад, аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Дени Дидро 31-уми июли соли 1784 дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Порис аз олам чашм пӯшид.
Соли 1860 файласуф, шоир, наққош, илоҳиётшинос ва мақоланависи рус Алексей Степанович Хомяков аз дунё рафт. Вай 13 майи соли 1804 дар шаҳри Москав зода шуд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Петербург буд.
Соли 1862 Граф Лев Николаевич Толстой бо Софя Андреевна Берс издивоҷ кард.
Соли 1900 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан), дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860-1945) шоир ва тарҷумони тоҷик Суҳайлӣ Ҷавҳаризода таваллуд шуд.
Соли 1933 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Таронаи зафар», соли 1935 достонҳои «Камбағал» ва «Зафар», баъдан маҷмӯаҳои шеърии «Фатҳнома» (1936), «Тӯҳфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Бӯстон» (1940)-аш ба табъ расидаанд. Драмаи «Пионер Содиқ» соли 1939 чоп шудааст. Солҳои ҶБВ маҷмӯаи шеърҳои «Тӯҳфа ба қаҳрамонони Ватан» (1944) ва достони «Қувваи дӯстӣ» (1944)-ро пешниҳоди хонандагон намудааст.
Солҳои баъд зиёда аз бист маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ расидаанд, ки «Баҳори Ватан» (1951), «Баҳори дӯстӣ» (1956), «Қисмати Карим» (1958) «Ҷӯянда-ёбанда» (1963), «Оинаи хандаҳо» (1965) ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Чанд китобаш дар Маскав (ба русӣ) чоп шудааст. Шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковский, А. Барторо ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
11 июли соли 1964 аз олам даргузашт.
Соли 1923 дар ИМА дуюмин китоби Эрнест Хеменгуэй “Дар замони мо”, ки аз ҳикояҳои нахустини адиби мураттаб шуда буд, рӯи чоп омад.
Нависандаи амрикоӣ, рўзноманигор, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1954) Эрнест Хеменгуэй 21 июли соли 1899 дар Оук Парк, Иллинойси ИМА чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Эрнест Миллер Ҳемингуэй дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Ҳангоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, ҷавонро ба сафи артиш қабул накарданд, чунки бар асари зарби сахт хӯрдан, як чашмаш аслан намедид. Бо вуҷуди ин, дар соли 1918 Хемингуэй ҳамчун ихтиёрии Салиби Сурх ба ҷабҳаи Италия рафт. Баъди се моҳ нависандаи оянда сахт захмӣ шуд. Пас аз таркиши мина дар бадани ӯ 237 пораи тири тўп дармондааст.
Соли 1920, Ҳемингуэй аз ҷанг баргашта, бо Ҳелли Ричардсон издивоҷ кард. Ҳаёти оилавии онҳо ҳамагӣ чор сол давом кард.
Ҳемингуэй зери таъсири муошират бо аъзоёни доираҳои адабӣ ба навиштан шуруъ намудааст. Хусусияти кори Ҳемингуэй ҳақиқатнигории мушаххас бо тобиши қавии экзистенсиалистӣ буд. Нависанда кўшиш мекард, ки дар асарҳояш «ба моҳияти ҳодисаҳо роҳ ёбад» ва «ҳақиқатро гўяд».
Аввалин китоби Ҳемингуэй — «Се ҳикоя ва даҳ шеър» соли 1923 нашр шуд. Соли 1925 маҷмуаи «Дар замони мо», соли 1926 — романҳои «Обҳои баҳор», «Офтоб тулуъ мекунад», соли 1927 — маҷмуаи ҳикояҳои «Мардон бидуни занон” аз чоп баромаданд.
Дар ин давра нависанда аллакай хеле машҳур гардида буд. Вай бо нашриёти Чарлз Скрибнер ба ҳамкории самарабахш шурӯъ мекунад. Дар соли 1927 Ҳемингуэй бори дуюм ба рӯзноманигори олмонӣ Полин Пфайфер издивоҷ кард. Тахминан дар ҳамин вақт романи «Видоъ бо аслиҳа” пайдо шуд, ки муаллифро дар ҳақиқат машҳур гардонд. Баъдан асарҳои «Марг дар нисфирӯзӣ» (1932), «Пуштаҳои сабзи Африқо» (1935) ва ғайра рўйи чоп омаданд.
Нависанда бисёр сафар мекард. Таассуроти сафарҳояшро дар асарҳои «Марг дар нисфирузӣ» ва «Барфҳои Килиманчаро» тасвир кардааст.
Ҳангоми иштирок дар муҳориба ба хотири Испания, романи «Доштан ва надоштан» (1937), пйесаи «Колоннаи панҷум» (1938), филмномаи «Хоки Испания» (1938), романи «Зангўла барои кӣ занг мезанад?»-ро (1940) эҷод кардааст.
Инчунин дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳемингуэй дар ташвиқоти зиддифашистӣ фаъолона иштирок кардааст.
Соли 1952 бошад, повести «Пирамард ва баҳр» аз чоп баромад. Соли 1954 барои ин повест нависанда Ҷоизаи Нобели адабиётро сазовор шуд.
21 июни соли 1961 Ҳемингуэй худро парронд. Сабабаш рўҳафтодагии шадиде буд, ки муддати тӯлонӣ ӯро азоб медод.
Соли 1930 дар шаҳри Москав дар синни 39-солагӣ бар асари бемории сил нависанда, шарқшинос ва тарҷумон Владимир Шилейко вафот кард. Вай узви Ҷомеаи фаластинии императорӣ ва шавҳари дуюми шоираи маъруфи рус Анна Ахматова буд.
Соли 1936 дар шаҳри Прага нависанда, намоишноманавис, ходими сиёсӣ Ватслав Ҳавел зода шуд. Ватслав Ҳавел (чехӣ: Václav Havel) арбоби сиёсӣ ва ҷамъиятии чех, мунаққиди режими коммунистӣ, намоишноманавис ва очеркнавис. Ӯ нуҳумин ва охирин президенти Чехословакия (1989—1992) ва аввалин президенти Ҷумҳурии Чех (1993—2003) буд.
Намоишномаҳои “Рафтан”, “Пазироӣ”, “Ид дар боғ”, “Хабар” ва повестҳои “Мутаваҷҷеҳ шудан мушкил аст”, “Суоли ғоибона”, “Қувваи заъифон”, филмномаи “Парасторӣ” аз ӯ мебошанд.
Соли 1937 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик Ҳабиб Имодӣ (Имоддинов Ҳабибулло) таваллуд шуд.
Соли 1957 донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, донишгоҳро соли 1967 бомуваффақият хатм карда, ҳамон сол ба ҳайси муҳаррир ба шуъбаи таъриху географияи нашриёти «Маориф» ба кор даромадааст.
Фаъолияти эҷодияш аз ҳамон давра оғоз ёфтааст. Нахустин ҳикояаш «Тутпаз» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расидааст. Сипас силсилаи ҳикояҳояш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи Машъал» чоп шуда, дар ҳамин замина муҳаррири рӯзномаву маҷаллаи мазкур шоира Мавҷуда Ҳакимова ба кор даъваташ кардааст. Соли 1970 бо даъвати раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Аминҷон Шукӯҳӣ ба шуъбаи ҷавонони радио гузашта, пешбурди радиомаҷаллаи «Субҳи пионерӣ»-ро бар уҳда гирифтааст.
Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Як даста садбарг» соли 1974 аз чоп баромадааст. Сипас, дар чанд шумораи маҷаллаи «Машъал», нахустин повесташ «Деҳқонзодагон» дарҷ гардида, соли 1980 таҳти унвони «Ҷасорат» чоп шудааст. Силсилаи дигари ҳикояҳояш соли 1986 ба табъ расидааст.
Баъдан, ду сол, дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1985-1987) тарҷумонӣ кардааст.
Соли 2004 китоби наваш «Бачаи каждум» ба табъ расидааст. Тарҷумаи асари К. Паустовский «Қиссаи шимол» (1984) ва романи А. Дюма «Муаллими шамшербозӣ» (1988) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ҳабиб Имодӣ 31 июли соли 2023 аз дунё чашм пӯшид.
Соли 1950 дар деҳаи Чолтоши ноҳияи Восеи вилояти Хатлон адиб, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Ҷӯрақул Аҷиб зода шуд. Аз соли 1990 бо матбуот сарукор дошта, дар рӯзномаҳои «Кулябская правда», «Элчӣ» ва «Дӯстлик» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз апрели 1999 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», ҳамчунин, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Нафосат» аст.
Муаллифи китобҳои «Таваллуди муҳаббат» (1990), «Хиёнат» (1992), «Ҷорӯбкӯл – зодгоҳи паҳлавонон» (1997), «Нафаси давр» (1999), «Фарзанди ҷасорат» (2000), «Таҳамтан» (2001), «Занҷири тилло» (2002), «Симои нексиришт» (2002), «Тоҷикистон – кишвари обҳои зулол» (2002), «Марди дарёдил» (2004), «Садои ҷовидон» (2005), «Оинаи дил» (2007), «Ошёни ишқ» (2010), «Лаҳзае, ки Офтоб сиёҳ шуда буд…» (2011), «Як қадами тақдирсоз» (2012), «Қисмати кишвари кӯҳсор» (2014) ва ғайра мебошад.
Асарҳои чанде аз адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ шоир, рӯзноманигор, тарҷумони тоҷик Махсум Олимӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба шеъргӯӣ соли 1973 сар карда, соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ кор кардааст.
Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омадааст. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста чоп мешуданд.
Соли 1984 Институти адабиёти СССР бо номи А. М. Горкийро дар шаҳри Маскав бо муваффақият ба охир расонид. Дар ин муддат шеъру навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Бадахшони советӣ», «Коммунисти Исфара», «Коммунист», «Роҳи коммунизм», «Роҳи ленинӣ», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Помир» бо мазмунҳои тоза ба тоза нашр мешуданд. Баъди хатми Институти адабии шаҳри Маскав ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои хуб дошт.
Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор кору фаъолият кардааст. Махсусан солҳои 1987-1989 ҳангоми дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигори шуъбаи маориф ва фарҳанг кор карданаш ӯ бештар ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, забон ва адабиёт рӯ оварда, як силсила мақолаҳои ҷолиб навиштааст.
Китоби нахустини шоир бо номи «Бӯи умед» соли 1985 дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.
Махсум Олимӣ дар баробари фаъолияти шоирию рӯзноманигорӣ, инчунин ба тарҷумаи осори халқҳои шӯравӣ низ машғул шуда, шеърҳои шоирон Тоҳир Тохис (Озорбойҷон), Мӯсо Низом (Озорбойҷон), Арбен Кардашов, Райсат Саидова (Доғистон), Рашад (Озорбойҷон), Оразгул Оннаева (Туркманистон), Олег Хлебников (РС ФСР), Анатолий Сафронов, Албертина Иванова, Виктор Авотиниш (Латвия), Лорина Бэлтияну (Молдавия), Морис Посхишвили ва Надежда Емеляноваро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар матбуоти даврӣ ба нашр расонидааст.
Бештари ашъори Махсум Олимӣ ба забони русӣ ва қисме аз шеърҳои ӯ ба забонҳои украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лагзӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
24-уми моҳи октябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар як ҳодисаи мудҳише аз тарафи нафарони номаълум кушта мешавад.
Мақбараи Махсум Олимӣ дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ гузаргоҳи аҳли назар шудааст.
Соли 1972 дар синни 64-солагӣ нависандаи тахайюлнависи шӯравӣ, дериншинос (палеонтолог) Иван Ефремов тарки олам кард. вай барандаи Ҷоизаи дараҷаи дуюми Сталин дар соли 1952 буд. Се даҳсола рушди палеонтологияи Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Ефремов вобаста буд.
Соли 1993 дар рӯзномаи “Известия” “Номаи чиҳилу ду” чоп шуд, ки онро машҳуртарин эҷодкорони он замон Булат Окуджава, Григорий Бакланов, Васил Биков, Римма Казакова, Анатолий Приставкин, Лев Разгон, Юрий Давидов, Виктор Астафьев, Мариэтта Чудакова, Даниил Гранин ва дигарон имзо карда буданд. Онҳо бо маҳкум кардани “сиёсати ҷинояткоронаи Шӯрои Олӣ” хостори мунҳал кардани парлумон ва роҳандозии интихоботи нав шуданд.
15 сентябр гурӯҳе аз ин дастаи 42-нафараро Борис Елтсин ба ҳузур пазируфт. Онҳо дар суҳбат ҳамчунин талаб карданд, ки ҳукумат амали ҳар гуна ҳизбҳои коммунистӣ ва миллигароро боздорад, барои таблиғи ғояҳои фашистӣ, бадбинии ирқиву авлодӣ ва ғайра муҷозоти шадид ҷорӣ кунад.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ