Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми апрел
Соли 1770 дар Кокермаут шоири англис, намояндаи мактаби Лейк Уилям Вордсворт ба дунё омадааст.Пас аз марги волидайн ӯро тағояш ба воя расонидааст. Вордсворт ба адабиёт шавқу рағбати зиёд дошт, ӯ асарҳои бузургони замони худ Шекспир, Чосер ва Милтонро мутолиа мекард. Ў соли 1790 ба Фаронса сафар карда, ғояҳои озодӣ, баробарӣ ва бародариро қабул карда, ҳаёти худро ба адабиёт мебахшад. Аз шаҳр дур шуда, табиати зебо дар ў илҳоми шеърнависиро бедор мекунад.
Аз соли 1795 сар карда, Вордсворт беҳтарин шеърҳо ва инчунин достонҳои бузургро навиштааст. Соли 1807 ду ҷилди ашъори ў аз чоп баромад. Мавзӯи ашъораш ҳаёти ботинӣ ва ноаёнии табиат буда, ҳатто одитарин падидаҳоро мушоҳида карда, онҳоро ҳамчун зуҳури зебоии олӣ тавсиф кардааст. Дар давоми умри ў ду маҷмуаи мукаммали осораш аз чоп баромад.
Уилям мактаби нави шоириро таъсис дод, ки онро «мактаби кӯл» меномиданд. Хусусияти хоси он муроқиба ва хаёлпарастӣ буд. Ҳарчанд дар ин мактаб истеъдодҳои бузурге набуд, аммо он ба тамоми шеърҳои баъдинаи Англия таъсири бузурге дошт. Муосирон ба онҳо душманӣ доштанд ва онҳоро масхара мекарданд. Бо гузашти айём мунаққидон Вордсвортро қадр карданд ва ӯ ҳоло дар таърихи адабиёти Англия ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Уилям Вордсворт 23 апрели соли 1850 дар синни 80-солагӣ дар Райдел Маунт (Камберленд, Англия) даргузашт.
Соли 1836 дар Лондон Вилям Годвин, файласуфи сиёсӣ, рӯзноманигор, нависанда ва намоишноманависи англис, яке аз асосгузорони фалсафаи сиёсии озодандешӣ ва анархизм (анархизм – ҷараёни ҷамъиятчиёни майдабуржуазии зидди марксизм) дар синни 80-солагӣ даргузашт. Ў шавҳари нависандаи феминист Мэри Воллстоункрафт ва падари нависанда Мэри Шелли буд.
Соли 1793 китоби Годвин «Таҳқиқи адолати сиёсӣ» ва соли 1794 романи машҳури «Ашёҳо тавре ки ҳастанд ё Калеб Вилямс» нашр шуд, ки дар он Годвин андешаҳои китоби «Таҳқиқи адолати сиёсӣ»-ро таблиғ кардааст.
Моҳи июли соли 1796 Годвин бо мақоланависи машҳури онзамонаи Англия, муаллифи китоби «Муҳофизати ҳуқуқи занон» Мэри Воллстоункрафт никоҳи шаҳрвандӣ мебандад. Вақте ки дар моҳи декабр маълум шуд, ки Мэри ҳомиладор аст, онҳо тасмим гирифтанд, ки никоҳашонро қонунӣ кунанд. 30 август, Мэри Воллстоункрафт духтарча таваллуд кард ва пас аз 12 рӯз бар асари табларзаи ҳомиладорӣ вафот кард. Годвин тарҷумаи ҳоли завҷаашро зери унвони «Зиндагиномаи муаллифи китоби муҳофизати ҳуқуқи занон» нашр кардааст. Дар ҳамон сол ӯ китоби «Таҳқиқ: Мулоҳизаҳо дар бораи маориф, ахлоқ ва адабиёт»-ро ба итмом расонд, ки Малтусро водор сохт «Очерк оид ба қонуни аҳолӣ» нависад.
Соли 1805 нашриёти «Китобхонаи ҷавонон»-ро таъсис дод, ки тўли бист сол роҳбарии онро ба уҳда дошт.
Соли 1876 нависанда, рӯзноманигор ва ношир Александр Павлович Башутский аз дунё гузашт.
Соли 1884 насрнавис, шоир ва омўзгор Иван Г.Кулжинский вафот кард.
Вай дар гимназияи илмҳои олии Нижин омўзгори забони лотинӣ буд ва он ҷо ба Гогол ва Куколник таълим додааст. Солҳои 1829-1932 дар Донишгоҳи Харков аз адабиёти рус таълим медод. Кулжинский муддати қариб 60 сол эҷод кардааст. Вай аз соли 1825, ки ба нашри мақолаю шеърҳои таърихӣ шуруъ карда, асарҳои бадеӣ, драмавӣ, таърихӣ, публитсистиаш дар маҷаллаҳо чоп шудаанд. Асарҳои «Деҳаи хурди рус» (М., 1827), «Гуфтор дар бораи фарқи назми классикӣ ва романтикӣ» (Харков, 1830), «Федюша Мотавилский, романи украинӣ» (М., 1934) мансуби ўянд.
Соли 1889 дар Викуня шоира Габриела Мистрал, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1945 таваллуд шудааст.
Габриела аз 16-солагӣ ба ҳайси омўзгор фаъолият кардааст. Вай аввалин шеърҳои худро дар соли 1903 нашр кардааст. Баъди бадбахтие, ки аз сари Мистрал гузашт ў «Сонетҳои фоҷиавии марг»-ро (1914) эҷод кард (сонет –шеъри чордаҳмисра, ки аз ду рубоӣ ва ду мусаллас иборат аст).
Китоби ашъори «Ноумедӣ» (1922) эҳсосоти маҳрамонаи шоираро ифода кардааст. Маҷмуаи дуюми ашъори Мистрал — «Тала» (1938) аз васеъ шудани доираи ашъори ў гувоҳӣ медиҳад: эътирофи рўҳи ноором ҳиссиёти миллионҳо одамони одии Амрикои Лотиниро фаро мегирад. Мистрал яке аз аввалинҳо шуда, дар қитъа ҷаҳонбинии ҳиндуҳоро ба моликияти назм табдил дода, анъанаҳои шеъри испаниро бо тасвири тару тозаи ибтидоии анимистӣ пайвастааст. Маҷмӯаи охирини ӯ «Чорхиштхона» (1954) мебошад.
Дар соли 1945 вай ҷоизаи Нобел дар адабиётро «барои шеъри эҳсосоти ҳақиқӣ» сазовор гашт, ки номи ӯро рамзи орзуҳои идеалистӣ барои тамоми Амрикои Лотинӣ гардонд.
Шоираи чилӣ тахаллусашро ба шарафи Фредерик Мистрал (шоири окситонӣ) гирифтааст, ки ӯ низ барандаи ҷоизаи Нобел (1904) буд.
Соли 1890 дар Буэнос-Айрес нависанда, ходими ҷамъиятӣ ва ношири аргентинӣ Виктория Окампо, аввалин зане, ки узви Академияи адабиёти Аргентина гардида буд, ба дунё омадааст.
Окампо муаллифи очеркҳои сершумор, аз ҷумла дар бораи Данте («Аз Франческа то Беатрис», 1924), Бах, Э.Бронте, Лоуренси А, В.Вулф, Р.Тагор мебошад.
Аз осори ў «Муколамаҳо бо Борхес» (1969), ёддоштҳои «Далел» (иборат аз 10 ҷилд, солҳои 1935-1977) ва «Тарҷумаи ҳол» (6 ҷилд, нашри 1979-1984) миёни хонандагон машҳуранд.
Соли 1908 дар Тамбов шоири рус Алексей Жемчужников, яке аз иштирокчиёни лоиҳаи Козма Прутков дар синни 87-солагӣ вафот кард.
Нахустин асари маҳзакавии ў «Шаби аҷиб» соли 1850 дар маҷаллаи «Современник» (№ 2) чоп шудааст. Жемчужников ғайр аз маҷаллаи «Современник» боз дар маҷаллаҳои «Отечественные записки», «Искра» ва ғайра низ асарҳояшро чоп кардааст. Вай бо бародаронаш Владимир ва Александр ва амакбачааш Алексей Толстой тахаллуси адабии Козма Прутковро офариданд.
Аввалин китоби ашъори Жемчужников танҳо соли 1892 (дар 2 ҷилд, бо портрети муаллиф ва очерки тарҷумаиҳолӣ) нашр шуда, соли 1893 бо ҷоизаи ҳавасмандгардонии Пушкин сарфароз гардид. Соли 1900 ба муносибати 50-солагии фаъолияти адабӣ маҷмуаи нави Жемчужников «Сурудҳои пирӣ» аз чоп баромад. Дар худи ҳамон сол вай яке аз аввалинҳо шуда (ҳамроҳи Толстой, Чехов, Кони ва дигарон) академики фахрии Академияи илмҳои Петербург интихоб гардид.
Моҳи октябри соли 1871 ҳангоми дар Олмон буданаш шеъри «Турнаҳои тирамоҳӣ» («Ин ҷо, зери осмони бегона»)-ро ба завҷаи азизи худ, ки аз бемории сил азият мекашид, бахшидааст.
Соли 1915 дар Лос-Анҷелес нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҳенри Каттнер ба дунё омадааст.
Аввалин ҳикояи «Каламӯшҳои қабристон» соли 1936 дар маҷаллаи «Wird Tales» нашр шудааст. Ин достон мисли чанд асари аввали ӯ (Рӯҳхурон ва ғ.) ба жанри «достонҳои тарснок» тааллуқ дорад, ки бо услуби готикӣ навишта шудааст. Аввалин ҳикояи пурраи илмӣ-тахайюлии «Баҳодурони роҳҳои кайҳонӣ» аз ҷониби муаллиф дар соли 1937 нашр шудааст.
Тақрибан дар ҳамон вақт, ӯ бо завҷаи ояндаи худ, нависанда Кэтрин Люсил Мур вомехӯрад. Ҳардуи онҳо аъзои Circle Lovecraft, як гурӯҳи нависандагон буданд, ки бо Ҳовард Лавкрафт мукотиба доштанд. Дар давоми солҳои 1940 ва 1950, Каттнер ва Мур тақрибан ҳамеша якҷоя менавиштанд, зеро ба Каттнер барои ҳар як саҳифа бештар пул медоданд. Кори муштараки онҳо чунон монанд буд, ки аксар вақт дар хотир надоштанд, ки кадом қисми матнро кӣ навиштааст. Аксари корҳои Каттнер бо тахаллусҳои Лоуренс О’Доннелл, Кейт Ҳаммонд, Люис Пагет ва Вилл Гарт нашр мешуданд.
Каттнер бисёр шухтабиат ва ҳамсўҳбати беҳтарин буд, барои пешравии дигарон кўмаки худро дареғ намедошт.
Ба эҷодиёти нависанда истифодаи оҳангҳои сюжетии классикии тахайюлӣ (саёҳати вақт, парвозҳои кайҳонӣ, роботҳо, телепатия) ва таҳаввулоти аслии адабии онҳо хос аст.
Ҳенри Каттнер 4 феврали соли 1958, ду моҳ пеш аз синни 43-солагӣ ногаҳон аз сактаи қалб даргузашт.
Соли 1934 дар Ростов-на-Дону адабиётшиноси шӯравӣ ва рус, нависанда, мақоланавис Лев Аннинский, узви доварони ҷоизаи адабии ба номи Ясная Поляна, ба дунё омадааст.
Соли 1959 дар Боку Нависандаи халқии Озарбойҷон (2005) Чингиз Абдуллоев, таваллуд шудааст.
Чингиз Абдуллоевро дар кишварҳои пасошӯравӣ хуб мешиносанд. Аз рўи бисёр асарҳои Абдуллоев филм ба навор гирифта шудааст ва ситораҳои синамои Русия дар филмҳои детективии Чингиз Акифович нақш бозидаанд.
Аввалин романи «Фариштаи кабуд»-ро Абдуллоев соли 1985 навишт, аммо он 3 сол дар рафи Кумитаи амният зери чангу хок мехобид, зеро аъзои кумита дар он ифшои маълумоти махфиро диданд. Теъдоди асарҳои нависанда дар солҳои 90-ум босуръат меафзояд. Мухлисони жанри детектив ҳар сол аз 3 то 10 асари нави Чингиз Абдуллоевро бо шавқ мехонанд.
Достонҳои детективии Чингиз Абдуллоев дар Амрико, Фаронса, Италия ва даҳҳо кишвари дигар нашр мешаванд, ки хонандагон ба эҷодиёти нависанда таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Аз соли 1989 адиб котиби Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон буд ва клуби ПЕН-и кишварро раҳбарӣ мекунад.
Романҳои пурҷўшу хурўши Абдуллоев барои филмофарон ганҷинае мебошанд.
Дар Озарбойҷон аз рўи романҳои Абдуллоев филмҳои «Биҳишти маҳкумшудагон» ва «Дунёи чаппагардон» ба навор гирифта шудаанд.
Соли 1962 дар Саратов нависанда, ҳаҷвнигор, адабиётшиноси рус Роман-Арбитман таваллуд шудааст. Ў барандаи ҷоизаҳои «Interpresscon», «Странник» ва «Бронзовая улитка» ба шумор меравад.
Асарҳои «Мо танҳо ду бор зиндагӣ мекунем», «Ҷанги каламуш бо орзу: дар бораи китобҳо, одамон ва ғайра», «Президентро бояд кушт» мансуби ўянд.
Соли 1975 нависанда, рӯзноманигор ва намоишноманависи тоҷик Самад Ғанӣ аз олам гузашт. Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушод. Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (ҳамроҳи А.Исмоилов, 1935), «Ватандӯстон» (ҳамроҳи Ф.Ниёзӣ, 1937), «Тӯй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С.М.Мителман, 1958) ва ғайра мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.
Асарҳои драмавии муаллифони дигарро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А.Чехов, М.Иброҳимов, В.Пистоленко, Н.Вирта ва дигарон ҳастанд.
Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғайра мебошад.
Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.
Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст.
Бо 5 орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2005 нависандаи олмонӣ Макс фон дер Грюн, яке аз асосгузорони «Гурӯҳи 61» Дортмунд даргузашт.
Соли 1963 романи бомуваффақияташ «Шабчароғҳо ва алангаҳо»-ро нашр кард, ки ба ӯ маъруфият овард ва он ба беш аз 20 забон тарҷума шуд.
Муаллифи очеркҳои иҷтимоӣ, ҳикояҳо, китобҳои ҳуҷҷатии таърихӣ, ёддоштҳо (“Чӣ тавре ки ҳақиқатан буд”, 1979) ва романи машҳур барои кӯдакон “Тимсоҳҳои канори шаҳр” (1976) мебошад.
Асарҳои «Истгоҳ дар роҳ» (1965), «Стенограмма» (1972), «Мардон дар шаби дукарата» (1962), «Ду мактуб ба Поспишел» (маҷмуаи ҳикояҳои зиддифашистӣ «Звей Брифе ва Поспишел», 1968), «Ях дар баъзе ҷойҳо» (1973), «Лахча зери хокистар» (1979) ва «Тарма» (1986) низ мансуби ўянд.
Таҳияи
Сафаргул ҲУСЕЙНОВА