Маҳфили “Дар суҳбати адиб” дар ҳошияи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Дар суҳбати адиб

Дар ҳошияи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо ширкати адиби маъруфи кӯдакнависи кишвар Ҷӯра Ҳошимӣ маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” доир шуд.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ сардори шуъбаи чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ Абдуғаюр Саломов  оғоз намуда, таъкид кард, ки Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон  як чорабинии анъанавист, ки солҳо роҳандозӣ мешавад ва он бидуни шак метавонад барои ҷалби наврасон ба китобу китобхона муфид бошад.

Ҷӯра Ҳошимӣ ҳозиронро ба муносибати ин Фестивал муборакбод кард, аз замони кӯдакии худ қиссаҳои ҷолиб нақл кард. Аз он гуфт, ки кай ва чаро ба шеърнависӣ рӯ овард. Баъдан аз ашъораш намунаҳо хонд.

Ҷӯра Ҳошимӣ дар идомаи суханони худ иброз дошт, ки таърихи қариб 80-сола доштани “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ва таҷлил гардидани он  дар  аксари кишварҳои тараққикардаи дунё дарак аз он медиҳад, ки ҳар халқу миллате, ки китобдӯст аст, метавонад ба  пешравиҳои назаррас ноил гардад. Дар Тоҷикистони мо низ ин санаро  васеъ таҷлил мекунанд.

Дар-суҳбати-адиб

Дар поёни маҳфил миёни адиби маъруф ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт ва ҳаводорони ашъораш ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Гуфтанист, ки Ҷӯра Ҳошимӣ аз ҷумлаи маъруфтарин адабибонест, ки барои бачаҳо менависад. Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст.

Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А.Баҳорӣ,  1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд.

Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст.

Барои дастовардҳои эҷодӣ ва фаъолияти густардаи фарҳангӣ сазовори нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009), Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Медали тиллои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998), медали «Хидмати шоиста» (2003) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.

Наргис НАЗАРЗОДА
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.